Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нафти Саудӣ: "Ду киштии мо осеби ҷиддӣ дидаанд"


Холид Фолеҳ, вазири нафти Арабистони Саудӣ рӯзи душанбеи 13-уми май дар баёнияе, ки онро хабаргузории расмии он кишвар нашр кард, гуфт, ки ду киштии нафткаши Саудӣ дар "минтақаи тиҷоратии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ" ҳадафи "амалиёти харобкорона" қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи оқои Фолеҳ, ин "амалиёти харобкорона" дар наздикии соҳили Бандари Фуҷайра замоне рух дод, ки ду киштии нафткаш дар ҳоли убур аз минтақа ва вуруд ба Халиҷи Форс буданд.

Вазири нафти Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки қарор буд яке аз киштиҳо бор гирифта ва равонаи Амрико шавад. Вазири нафти Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки ин ҳодиса талафони ҷонӣ ва муҳитзистӣ надоштааст, "аммо зиёни ҷиддӣ ба сохтори ҳар ду киштӣ задааст".

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Эрон субҳи душанбеи 13-уми май бо ибрози таассуф аз ин ҳодиса, онро "дасисаи бадхоҳон барои барҳам задани субот ва амнияти минтақа" хонд ва аз таъсироти манфии ин ҳодиса ҳушдор дод.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи якшанбеи 12-уми май аз ҳадаф қарор гирифтани чаҳори киштии тиҷоратӣ дар наздикии Бандари Фуҷайра хабар дод ва гуфт, ки ин "амалиёти харобкоронаи хатарнок" талафоте дар пай надоштааст. Ин бандар дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз қарор дорад.

Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо интишори баёнияе эълом кард, ки "амалиёти харобкорона" алайҳи киштиҳои тиҷоратӣ ва таҳдид ба ҷони ҳайати сарнишини он, "таҳаввули хатарноке" ба шумор меравад.

Ин гузориш меафзояд, киштиҳое, ки ҳадаф қарор гирифтаанд, мутааллиқ ба хориҷиҳо буданд. Ин гузориш бидуни ишора ба навъи "харобкорӣ" мегӯяд, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳамкории "тарафҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ", таҳқиқ дар бораи ҳодисаро оғоз кардааст.

Бандари Фуҷайра яке аз бандарҳои бузурги гирифтани маводи сӯхти киштиҳо дар ҷаҳон аст.

"Амалиёти харобкорона" дар обҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду руз пас аз он сурат мегирад, ки Идораи баҳрнавардии Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи Эрон ва ё гурӯҳҳои тарафдори он дар Ховари Миёна ба кишварҳои тиҷоратӣ ва зерсохтҳои нафтӣ, ҳушдор дод.

Хабаргузориҳои Эрон субҳи якшанбе ба нақл аз шабакаи арабизабони "Ал-Маёдин", ки ба мақомоти Теҳрон наздик мебошад, хабар дода буданд, ки таркишҳои қавӣ бандари Ал-Фуҷайраро ларзонд. Ба навиштаи ин расонаҳо, шумораи киштиҳое, ки оташ гирифтанд, аз ҳафт то даҳ то будааст.

Хабаргузориҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд соат баъд, рух додани таркишҳо "дар дохили бандар"-ро рад карданд. Гузориши вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, "амалиёти харобкорона" берун аз бандар рух додааст.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико рӯ ба афзоиш аст. Амрико ахиран ҳушдор дод, ки "Эрон ва муттаҳидонаш" эҳтимолан барномаи ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ ва нафткаши Амрико дар Халиҷи Форс, Баҳри Сурх ва Боб Ал-Мандабро доранд.

Боб Ал-Мандаб дар наздикии обҳои Яман аст, ки дар назорати гурӯҳи Ҳусӣ аст ва Арабистони Саудӣ соли гузашта эълом кард, ки дар пайи ҳамлаҳои ҷангиёни ин гурӯҳ ба ду киштии нафткаш дар ин минтақа, интиқоли нафт аз Баҳри Сурхро муваққатан қатъ кардааст. Арабистони Саудӣ чанд ҳафта баъд интиқоли нафт аз ин масирро дубора оғоз кард.

Чанд соат пас аз интишори гузоришҳо дар бораи "амалиёти харобкоронаи хатарнок", Ҳашматуллоҳ Фалоҳатпеша, раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон, дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "таркишҳои Фуҷайра нишон дод, ки амнияти ҷануби Халиҷи Форс шикананда аст".

Оқои Фалоҳатпеша тавзеҳи бештаре дар ин бора надодааст, вале пеш аз ин мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон таҳдид карда буданд, ки дар сурати ҳамлаи Амрико, минтақа рӯи оромишро нахоҳад дид.

Дар ҳамин ҳол, Алӣ Мутаҳҳарӣ, муовини раиси порлумони Эрон ҳузури новҳои ҷангии Амрико дар минтақаро "ҷанги равонӣ" хонд ва гуфт, ки Амрико бо Ҷумҳурии исломӣ вориди ҷанг нахоҳад шуд, "зерро Исроил ҳадафи мо қарор хоҳад гирифт".

Амрико ҳамчунин як нови ҷангӣ ва чанд ҳавопаймои ҷангиро ба Халиҷи Форс фиристодааст. Интизор меравад, ки нови ҷангии Амрико тайи рӯзҳои оянда ба обҳои Халиҷи Форс бирасад.

XS
SM
MD
LG