Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ва Кореяи Шимолӣ - рақибони Тоҷикистон


Рақибони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки рӯзҳои 7-18-уми июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби миллии кишвар дар ин мусобиқаи байналмилалӣ таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо тимҳои мунтахаби Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон, ки дар Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкат доштанд, рақобат мекунад.

Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки аз рӯи системи даврӣ сурат мегирад, аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рӯбарӯ мешаванд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Душанбе бо тими миллии Афғонистон ва 11-уми июн дар Гуанжоу бо дастаи мунтахаби Чин рақобат мекунанд.

Бозиҳои дӯстонаи моҳи июн ва ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябр оғоз меёбад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG