Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон - мизбони Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ-2021


Пойтахти Қазоқистон.
Пойтахти Қазоқистон.

Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, мизбони Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ-2021 эълон шуд. Чунин тасмим дар Ассамблеяи кулли Созмони байналмилалии федератсияҳои варзишӣ (GAISF), ки дар шаҳри Голд-Кости Австралия доир гардид, гирифта шуд.

Ба созишнома дабири кулли Созмони ҳунарҳои размии Қазоқистон Фарҳат Амонқулов ва президенти GAISF Рафаэл Чиулли имзо гузоштанд. Нурсултон дар қатори чаҳор шаҳри муддаӣ ҷиҳати доир кардани ин бозиҳо ба шумор мерафт.

Ба гуфтаи Фарҳат Амонқулов Қазоқистон барои босифат гузаронидани Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ тамоми имкониятҳоро дорад.

"Қазоқистон таҷрибаи бойи гузаронидани мусобиқоти байналмилалиро дорад. Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ, Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии зимистона, ЭКСПО-2017 ва биёр мусобиқоти дигар захираи варзишии моро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд. Ҳамчунин, мо иншоотҳои беҳамтои варзишӣ дорем, ки ба тамоми талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Шуморо бовар мекунонам, ки мо мусобиқотро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор менамоем, – гуфтааст Фарҳат Амонқулов.

Чунонки хадамоти матбуотии GAISF хабар додааст, ба барномаи Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ, монанди айкидо, бокс, гуштии варзишӣ, каратэ, кендо, кикбоксинг, муайтай, самбо, сават, сумо, таэквондо, ушу, ҷиу-ҷитсу, шамшербозӣ ва ғайра дохиланд.

Бозиҳо аз 3-юм то 9-уми майи соли 2021 дар се иншооти асосии варзишии Нурсултон баргузор хоҳад шуд. Макони баргузории мусобиқот қасри яхини "Алау", Кохи ҳунарҳои размӣ, ки тобистони имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, инчунин велодроми "Сариарка" мегарданд.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ соли 2010 дар Пекини Чин доир шуда буд. Бозиҳои дуюм соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гаштааст. Бозиҳои сеюм соли 2019 бояд дар Тайбейи Чин доир мешуд, аммо соли гузашта бинобар дохил намудани ислоҳот дар шакли сабқатҳо бозиҳо боздошта шуд.

Ҳоло муқаррар шудааст, ки Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар чаҳор сол як маротиба доир мегардад. Мусобиқоти соли 2021 дар Нурсултон баъди ислоҳот аввалин бозиҳо маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG