Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Брайн Ҳук дар бораи таниш миёни Амрико ва Эрон


Гуфтугӯи ихтисоии Радиои Фардо, бахшии эронии Радиои Озодӣ бо Брайн Ҳук, намояндаи хоси Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар умури Эрон.

Брайн Ҳук рӯзи 14 май дар суҳбати ихтисосӣ, нисбат ба амалӣ шудани INSTEX -- канали молӣ ё Созу кори вижаи аврупоиҳо барои дур кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳрон, ибрози шакку тардид намуд ва гуфт, Майк Помпео "бо паёми боздорандагии Эрон", ба Аврупо сафар карда буд. Ҳук дар ин мусоҳиба, ки дар Брюссел -- қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо анҷом шуд, таъкид кард, ҳамлаи Ҷумҳурии Исломӣ ба манфиатҳои Амрико дар минтақа иштибоҳи бузурге хоҳад буд.

Ӯ дар идома афзуд, сафари ахири Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ба Аврупо ҳам бо ин ҳадаф анҷом шуд, ки Эронро "аз чунин коре боздорем".

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Брайн Ҳук, ки дар ин сафар Помпеоро ҳамроҳӣ мекунад, ҷаласаи рӯзи душанбеи вазири умури хориҷии Амрико бо вазирони хориҷии Бритониё, Олмон, Фаронса ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупоро "бисёр хуб ва созанда" хонд.

Ҳук афзуд, ҳарчанд Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди созиши ҳастаӣ бо Эрон ихтилофи назар доранд, арзёбиҳои онҳо аз дараҷаи таҳдид аз сӯи Эрон, "бисёр монанд аст". Ӯ ҳамчун далел, ба "арзёбии монанди фарохонди сафирони аврупоӣ аз Эрон, ихроҷи дипломатҳои эронӣ аз Аврупо, маҳкум кардани партоби моҳвораҳои эронӣ аз сӯи Аврупо ва таҳрими вазорати амнияти Эрон ба хотири иқдомҳои террористӣ дар Аврупо", ишора кард.

Тардид нисбат ба амалӣ шудани INSTEX​

Оқои Ҳук ҳамчунин ибрози шакку тардид кард, ки INSTEX, яъне Созу кори вижа барои дур задани таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳрон, дар ниҳоят ба ҷое бирасад. Канали молӣ бо номи INSTEX қарор аст, иртиботи молии Эрон бо ҷаҳонро, ки бар асари таҳримҳои Амрико дар тангно қарор гирифтааст, то андозае осон кунад.

Брайн Ҳук.
Брайн Ҳук.

Аммо ба гуфтаи Брайн Ҳук, намояндаи вижаи вазорати хориҷии Амрико дар умури Эрон, INSTEX "ду тараф дорад" ва дар ин миён тарафи эронӣ шароитро барои амалӣ шудани INSTEX фароҳам накардааст. Ӯ афзуд, "эрониҳо низоми молии шаффоферо пиёда накардаанд, ки ба амалӣ шудани INSTEX кумак кунад. Бинобар ин, ба ростӣ аслан мутмаин нестам, ки амалӣ шавад".

Брайан Ҳук таъкид кард, ки INSTEX ширкатҳоро низ водор ба муомила бо Эрон намекунад ва "агар, масалан, ба мудири БМВ ин интихоб дода шавад, ки байни додуситад бо Эрон ва Амрико якеро интихоб кунад, "ӯ бозори Амрикоро интихоб хоҳад кард".

Масъалаи "харобкорӣ"-и киштиҳо дар наздикии Иморот

Рӯзи якшанбе Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард, чаҳор киштии тиҷоратӣ дар наздикии обҳои Бандари Фуҷайра ҳадафи "амалиёти тахрибкоронаи хатарнок" қарор гирифтаанд, ки албатта талафоти ҷонӣ бар ҷой нагузоштааст.

Як киштии нафткаши Арабистони Саудӣ, ки дар Бандари Фуҷайра мавриди ҳамла қарор гирифт.
Як киштии нафткаши Арабистони Саудӣ, ки дар Бандари Фуҷайра мавриди ҳамла қарор гирифт.

Брайн Ҳук дар посух ба ин пурсиши бахши эронии Радиои Озодӣ, ки "оё гумонбар ба он ҳастед, ки Эрон ё гурӯҳҳои тарафдори он масъули ин харобкориҳо бошанд", гуфт, "наметавонам ин масъаларо таъйид кунам. Ҳеҷ як киштӣ аз киштиҳои мо мавриди ҳамла қарор нагирифтанд. Ду то киштӣ аз Саудӣ буданд, яке аз Норвегия ва яке ҳам аз Иморот".

Ӯ афзуд, "иморотиҳо аз тимҳои таҳқиқоти низомии Амрико хостаанд, то дар маҳал ҳодисаро баррасӣ карда ва бубинанд, ки воқеан чӣ иттифоқе афтодааст".

Намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико дар мавриди Эрон изофа кард, ки "бисёр нигаронем ва ба назарам ҳақ дорем нигаронем бошем, зеро маълумоти зиёде дар мавриди вуҷуди таҳдид дарёфт кардаем -- арзёбиҳои бисёр дақиқ аз ин, ки режими Эрон ҳамлаҳоеро дар Ховари Миёна тарҳрезӣ кардааст. Бинобар ин, бояд бубинем, ки натиҷаи ин таҳқиқот чист. Аммо нисбат ба бесуботӣ дар Ховари Миёна бисёр нигаронем".

Оқои Ҳук дар посух ба ин суол, ки "агар мушаххас шавад, ки кори Эрон будааст, иқдоми Амрико чӣ хоҳад буд?, гуфт, "мо манбаъҳои низомии худро ҷобаҷо кардаем ва агар Амрико ҳадафи ҳамлаи режими Эрон қарор бигирад, мо бо нерӯҳои низомӣ посух хоҳем дод".

Брайк Ҳук афзуд, ки "ба дунболи ҷанг бо Эрон ё ҳар каси дигар нестем. Аммо медонем, ки ба нафъи ҷаҳон аст, ки Ховари Миёна ором бошад ва ин шомили дӯстони аврупоии мо ҳам мешавад, ки дирӯз дар инҷо бо онҳо дидор доштем".

Ин мақоми амрико идома дод, "ба ҳамин хотир, дар ҳоли гирифтани чораҳои дифоӣ ва иқдомоти эҳтиётӣ ҳастем, то дар сурате, ки ба мо ҳамла шавад, битавонем посух диҳем, таъкид мекунам, ки ("агар ба мо ҳамла шавад").

Қазияи баррасии тарҳи эъзоми "120 ҳазор" низомӣ ба минтақа

Таниш байни Амрико ва мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтаҳои ахир, ба вижа пас аз фиристода шудани як нови ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии F-52 ба Халиҷи Форс, боло гирифтааст.

Илова бар ин, рӯзномаи "Ню-Йорк таймс" рӯзи душанбеи 13-уми май навишт, тарҳе дар Кохи Сафед дар ҳоли баррасӣ аст, ки бар пояи он, агар Эрон ба нерӯҳои амрикоӣ ҳамла кунад ё фаъолиятҳои ҳастаии худро суръат бахшад, Амрико 120 ҳазор тани дигар аз низомиёни худро ба Ховари Миёна мефиристад.

Нови ҷангии Амрико дар роҳ ба сӯи Халиҷи Форс.
Нови ҷангии Амрико дар роҳ ба сӯи Халиҷи Форс.

"Ню-Йорк таймс" аз қавли мақомҳои давлатии Амрико, ки номашон фош нашудааст, навишт, ки ин тарҳро Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар нишасте бо ҳузури мақомҳои баландпояи низомии Амрико, ироа кардааст.

Брайн Ҳук дар посух ба ин пурсиши Радиои Фардо, ки оё вуҷуди чунин тарҳеро таъйид мекунад, гуфт, "мо ба сурати расмӣ дар хусуси баррасиҳое, ки байни ниҳодҳои давлатиамон анҷом мешавад, изҳори назар намекунем".

Вай аммо изофа кард, ки Амрико теъдоди зиёди низомӣ дар минтақа дорад ва ба таври ошкор дар ҳоли афзоиши ин теъдод аст, то барои посухдиҳӣ ба ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон, омода бошад. Брайн Ҳук дар поён низ гуфт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон "охирин режими инқилобӣ дар ҷаҳон аст ва аз терроризм ба унвони як шеваи ҳукуматӣ истифода мекунад".

Ӯ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон "40 сол аст, ки аз ин шева дар саросари ҷаҳон истифода кардааст" ва афзуд, ки "мехоҳем шоҳид бошем, ки Эрон бештар монанд ба кишвари оддӣ бошад ва камтар дар пайи рисолати инқилобӣ".

Брайн Ҳук ҳамчунин таъсири таҳримҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломиро мусбат хонд ва гуфт, ки ба хотири ин таҳримҳо, "Эрон маҷбур шуд 29 дарсади хароҷоти низомии худро дар будҷаи имсол коҳиш диҳад".

XS
SM
MD
LG