Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: Бозии "Истиқлол" дар Бишкек, "Хуҷанд" - дар Ишқобод


Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019-ро дар гурӯҳи «D” 15-уми май дар сафар баргузор мекунанд.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар шаҳри Бишкек қарор дорад, рӯзи чоршанбе муқобили дастаи «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, бозӣ хоҳад кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозии Ҷоми AFC-2019 бо «Дордой»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Рустам Ятимов;

Ҳимоятгарон: Ҷалил Кимсанов (Узбекистон), Алексей Ларин (Украина), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров;

Нимҳимоятгарон: Михайло Сакич (Сербия), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов;

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов.

СармураббӣҲаким Фузайлов.

Дар бозии даври сеюми Ҷоми AFC -2019 дар гурӯҳи “D”, ки 1-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» тими "Дордой"-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода буд.

Бошгоҳи футболи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки феълан дар шаҳри Ишқобод аст, рӯзи чоршанбе бо дастаи «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон, рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и Ишқобод соати 18:30 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ин дастаҳо 30-юми апрел дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозии Ҷоми AFC-2019 бо «Алтин Асир»:

Дарвозабонҳо: Давид Купатадзе (Гурҷистон), Муъминҷон Гадойбоев;

Ҳимоятгарон: Торнике Ҷимшелеишвили (Гурҷистон), Асилҷон Бегимқулов (Узбекистон), Манучеҳр Аҳмадов, Давронҷон Эргашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов;

Нимҳимоятгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Дилшод Каримов, Бахтиёр Чориев, Комрони Мирзонажод, Ҳоҷибой Зиёев, Парвиз Алиев;

Ҳамлагарон: Турсуналӣ Рустамов (Қирғизистон), Дилшод Восиев, Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ - Виталий Левченко.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хуҷанд” бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Алтин Асир” бо 3 имтиёз ҷойи сеюм ва “Дордой” бо як имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардаанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).

Даври 3-юм

30 апрел (сешанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0

1 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) -4:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 – аз пеналтӣ (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 – аз пеналтӣ (2:0). Михайло Сакич, 49 (3:0). Мирлан Мурзаев, 50 (3:1). Шаҳром Самиев, 81 (4:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

2

1

0

8-2

7

2

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

3

1

1

1

3-4

4

4

«Алтин Асир» (Туркманистон)

3

0

3

0

2-2

3

3

«Дордой» (Қирғизистон)

3

0

1

2

3-8

1

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

XS
SM
MD
LG