Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар Бишкек ва "Хуҷанд" дар Ишқобод шикаст хӯрданд


Бозигарони "Истиқлол" ва "Хуҷанд". Акс аз бойгонӣ
Бозигарони "Истиқлол" ва "Хуҷанд". Акс аз бойгонӣ

​Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар гурӯҳи «D” шоми чоршанбеи 15-уми май дар сафар баргузор карда, мағлуб шуданд.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар шаҳри Бишкек аз дастаи «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов доир гардид. Тӯбро Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 29-ум аз назди дарвоза ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз кард. Дар нимаи дуюми дидор мизбонон ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Воҳид Оразсаҳедов дар дақиқаи 57-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи “Дордой”-ро Мирлан Мурзаев дар дақиқаи 77-ум ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 1-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» тими "Дордой"-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода буд.

Бошгоҳи футболи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар шаҳри Ишқобод аз дастаи «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и Ишқобод баргузор шуд. Тӯбро Мурод Яхшиев дар дақиқаи 32-юм аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Бозии аввали ин дастаҳо 30-юми апрел дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҷаҳор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Алтин Асир” бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Хуҷанд” ва “Дордой” бо 4-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол кардаанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).

Даври 3-юм

30 апрел (сешанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0

1 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) -4:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 – аз пеналтӣ (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 – аз пеналтӣ (2:0). Михайло Сакич, 49 (3:0). Мирлан Мурзаев, 50 (3:1). Шаҳром Самиев, 81 (4:1).

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) 2:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 29 (0:1), Воҳид Оразсаҳедов, 57 (1:1), Мирлан Мурзаев, 77 (2:1).

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) 1:0

Гол: Мурод Яхшиев, 32 (1:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

2

1

1

9-4

7

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

1

3

0

3-2

6

3

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

4

1

1

2

3-5

4

4

«Дордой» (Қирғизистон)

4

1

1

2

5-9

4

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG