Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург ширкат меварзанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 18-19-уми май дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург ширкати беш аз 300 варзишгар (мардону занон) аз 24 кишвар дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахабиТоҷикистон даҳ гуштигир дохил аст, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд: Давлаталӣ Назаралиев (60 кг), Садр Боев, Хушвахт Идиев, Кароматулло Ҳакимов, Ҳақназар Назаров (ҳарчор дар вазни 81кг), Муҳаммад Муродов, Исроил Раҳимов, Муҳаммадуллоҳ Лоиқов, Аъзамшоҳ Расулов (ҳарчор дар вазни 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг).

Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки 12-13-уми май дар шаҳри Оренбург баргузор шуда буд, аз медалҳо бенасиб монданд. Аз байни нӯҳ гуштигири тоҷик ду нафар – Ёқубҷон Назиров (90 кг) ва Саидҷалол Саидов (100 кг) - натиҷаҳои нисбатан хубтар нишон дода, ҷойҳои панҷумро ишғол карданд.

Ёдовар мешавем, соли 2017 дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Оренбург паҳлавони тоҷик Сӯҳроб Боқиев медали нуқра ба даст оварда буд. Ӯ дар вазни то 60 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Арманистон, Ҳолланд ва Фаронса, дар даври ниманиҳоӣ Обид Ҷебови русиягиро шикаст дод. Сӯҳроб дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Яго Абуладзе (Русия) мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард. Вале ёздаҳ гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG