Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири нав ва афзоиши воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон


Воридоти мошин ба Тоҷикистон 61 дарсад афзудааст. Дар чаҳор моҳи аввали имсол ба кишвар 5 ҳазору 822 ҳазор нақлиёти сабукрав овардаанд. Дар моҳҳои январ-апрели 2018 ба кишвар 3 ҳазору 621 мошин ворид шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки боҷ барои воридоти мошин аз моҳи марти имсол аз 5 то 10 дарсад боло рафтааст. Қабл аз ин, Тоҷикистон воридоти мошинҳои истеҳсолашон поин аз соли 2005-ро манъ кард.

Соҳибкороне, ки бо тиҷорати мошин машғул буданд, мегуфтанд, ҳарду иқдоми ҳукумат дар ниҳоят боис ба гарон шудани нархи мошинҳо сабаб шуда, мутаносибан фурӯши он кам мегардад. Аммо маълумоте, ки аз омори расмӣ бармеояд, баръакс, ба афзоиши талабот ба мошинҳо ва воридоти он далолат мекунад.

Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, дар се моҳи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон бо маблағи андаке беш аз 99 миллион доллар воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии онро ворид кардаанд.

Зуҳуриддин Кенҷаев, сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод, рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, воридоти мошин аз соли 2018 инҷониб дубора афзоиш ёфт. Вай ин вазъиятро ба имтиёзҳое рабт дод, ки ҳукумат барои воридоти мошинҳои нав дод.

"Мошинҳое, ки муҳлати истеҳсолашон на беш аз як сол ва масофаи тайкардаашон то 10 ҳазор километр аст, ҳангоми воридот аз имтиёз баҳравар мешаванд. Аз ин гуна мошинҳо нисфи боҷи гумрукӣ ва ними НДС (андоз аз арзиши иловашуда) ситонда мешавад. Ҳамин имтиёз мардумро ҳавасманд кард ва мошин бештар ворид шуд" - иброз дошт Кенҷаев.

Ин мақоми Вазорати рушди иқтисод афзуд, ба замми имтиёзҳо ду соли охир ширкатҳои зиёди хадамоти таксӣ дар пойхтахт ва шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ фаъол шудаанд, ки низ талабот ба мошинҳои навро ба вуҷуд оварданд.

Зуҳуриддин Кенҷаев
Зуҳуриддин Кенҷаев

Ӯ афзуд: "Ин ширкатҳо аксаран мошинҳои навро талаб мекунанд. Мардум ҳам барои он ки дар ин ширкатҳо ҷойи кор пайдо кунанд, мошинҳои нисбатан нав мехаранд."

Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Зуҳуриддинов, боис ба афзоиши талабот ва воридоти мошин ба Тоҷикистон шуданд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бисёре аз ин мошинҳо дубора аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар бурда шудаанд ва зоҳиран Душанбе нақши транзитро бозидааст.

Дар ҳамин ҳол, шарти Тоҷикистон дар робита ба манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 масири тиҷорати онро низ тағйир додааст. То соли 2018 аксаран мошинҳои дасти дувум аз кишварҳои Аврупо тавассути Литва ва Латвия ба Тоҷикистон меомаданд.

Аммо ҳоло бештар мошинҳои дасти дувум аз Амрико ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Исмоил Давлатов, як тоҷири тоҷик, ки ба таъмир ва тиҷорати мошинҳои дасти ду машғул аст, гуфт, мошинҳои навтар аз 2005-ум дар кишварҳои Аврупо гарон ҳастанд ва бо ин нарх дар Тоҷикистон ба фурӯш намераванд.

"Дар Амрико нархи мошинҳое, ки ба садамаи андак дучор шудаанд хеле арзон ҳастанд ва тавассути музоядаҳои интернетӣ фурӯхта мешаванд. Ҳоло бисёре аз тоҷирон ин гуна мошинҳоро тавассути се масир: кишварҳои назди баҳри Балтик, Гурҷистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон мефиристанд”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мусоҳибони мо аз шумори тоҷирони мошин мегӯянд, агар то кунун дар Тоҷикистон бештар мошинҳои тамғаи “Опел”-и Олмон харидори зиёд дошт, ҳоло бештар мошинҳои “Тойота” ба фурӯш мераванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG