Дар чанд ҷумла
Бортников аз таҷаммӯи 5000 ҷангҷӯи ДИИШ дар Афғонистон гуфт
Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон ва наздик ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд.
Александр Бортников дар ин бора рӯзи 21-уми май дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ дар Душанбе изҳори назар кард. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад.
Александор Бортников гуфт, вай аз “интиқоли” тақрибан 5 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ ба минтақаҳои шимолии Афғонистон нигарон аст. Вай пешниҳод кард, ки назорати марзҳо сахттар карда шавад.
Вале коршиносони амниятӣ мегӯянд, Русия шумораи ситезаҷӯёнро барзиёд нишон медиҳад. Ба гуфтаи онҳо, Маскав аз як сӯ мехоҳад таблиғоти худро аз Толибон ҳақ шуморад. Ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи онҳо, ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки барои ҳимоят аз онҳо кумаки Русия зарур аст.
Бино ба ҳисоби низомиёни амрикоӣ, дар Афғонистон ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ қарор доранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Номи ҷавони тоҷикеро эълон карданд, ки ҳамсари собиқашро куштааст
Мақомоти интизомии Тоҷикистон номи мардеро эълон карданд, ки ба қатли бераҳмонаи ҳамсари собиқ ва модари ду фарзанди худ муттаҳам мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як барномаи телевизионии худ хабар дод, ки Наврӯзи Зафар ба он муттаҳам мешавад, ки дар заминаи хусумат ва рашк ҳамсари собиқи 27-солаи худро дар хонаи худи зан ва дар пеши чашми модараш 11 корд зада куштааст. Ба гуфтаи вазорат, ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рух додааст.
Дар ин барномаи телевизионӣ гуфта мешавад: “Наврӯзи Зафар ҳамсари собиқи худро дашномҳои қабеҳ дода ва бо ин қонеъ нашуда бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётии зан 11 корд мезанад, ки ӯ дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.” Назари худи муттаҳам ба ҷиноят ва ё вакили дифои ӯ ҳанӯз маълум нест. Ин ҷуфт як ҳафта пеш аз ҳодиса аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ба қавли мақомот, Наврӯзи Зафар пас аз қатли ҳамсари собиқаш аз ҷойи ҷиноят фирор кардааст, вале ӯро баъди чанде дар қаламрави ноҳия дастгир кардаанд. Додситонии ноҳияи Мӯъминобод ба таҳқиқи парвандаи ин сокини 29-солаи деҳаи Ғеш идома медиҳад. Барои одамкушӣ бо бераҳмии хос дар Тоҷикистон на камтар аз 15 соли зиндон таъйин карда шудааст.
Дар Тоҷикистон омори алоҳидае дар бораи занкушӣ нест. Ҷустуҷӯи кӯтоҳи Радиои Озодӣ фақат дар вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ нишон дод, ки соли 2024 ва дар даҳ моҳи соли 2025 зиёда аз даҳ мавриди занкушӣ сабт шудааст. Ин танҳо мавридҳоест, ки вазорат дар бораи онҳо расман хабар дода, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар баёнияҳо гуфта шудааст, ки занони тоҷикро ё шавҳаронашон, ё мардони хешованд ва ё ҳамсарони собиқашон куштаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки соли гузашта муҳоҷиронро камтар ронданд
Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки ихроҷи муҳоҷирони корӣ ва ё дар умум хориҷиён аз хоки ин кишвар дар соли 2025 тақрибан 25 ҳазор нафар камтар шудааст.
Хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба иттилои додгоҳҳои Русия навиштааст: “Дар 11 моҳи соли 2025 аз қаламрави Русия 54.4 ҳазор хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро берун рондаанд, вале ин рақам дар 11 моҳи соли 2024-ум 79 000 нафарро ташкил медод.
Ба навиштаи “Интерфакс” фармони раиси ҷумҳури Русия барои тамдид кардани мӯҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябр ба поён расид, сабаби коҳиши ихроҷ ва ё депортатсияи муҳоҷирон шудааст. Дар Русия бино ба оморҳои гуногун тақрибан як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.
Соли 2024 ба гуфтаи мақомоти расмӣ беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ карданд. Гузориш дар бораи рондани муҳоҷирони тоҷик, беҳуқуқӣ ва бадрафтории маъмурони интизомии Русия бо онҳо тақрибан ҳар рӯз дар расонаҳои русӣ нашр мешаванд.
Дар Тоҷикистон аз ин пас барои муроҷиат ба фолбин ҷазо медиҳанд
Дар Тоҷикистон сар аз имсол ҳар касе, ки барои “ҳалли мушкил” ба фолбин, ҷодугар ё соҳире муроҷиат мекунад, агар ба дасти мақомоти интизомӣ афтад, бештар аз 4500 сомонӣ ва ё тақрибанн 500 доллар ҷарима мешавад.
Матбуоти давлатии Тоҷикистон Қонун дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нашр кард, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, онро рӯзи 17-уми декабр ба имзо расонд. Ҳар қонун дар Тоҷикистон пас аз нашр дар расонаҳои давлатӣ ҳукми иҷро мегирад.
Дар ин санад омадааст: “Барои истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин, ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.” Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.
Маҳмадалӣ Ватанзода, узви Маҷлиси миллӣ ҳангоми баррасии ин қонун дар палатаи болоии порлумон гуфтааст ҳадаф аз қабули ин қонун "пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ" аст.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Аз он замон то кунун гунаҳкоронро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷаримаҳои бузург мебастанд ва ё аз 10 то 15 шабонарӯз паси панҷара ва ё ҳабси маъмурӣ мекарданд.
Дар сурати такрори қонуншиканӣ, ё фолбинӣ мумкин аст, гунаҳкорро то 2 сол ба зиндон маҳкум кунанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон як соли ахир пайваста аз боздошти фолбинону ҷодугарон ва ҷазо додани онҳо гузориш медиҳанд, ҳарчанд пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандонашон ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.
Даргузашти ҳунарманди тоҷик Фатҳулло Абдуллоев, маъруф ба Коно
Фатҳулло Абдуллоев ҳунарманди тоҷик маъруф бо тахаллуси саҳнавии Коно дар сини 67-солагӣ даргузашт.
Нарзулло Абдуллоев, бародари Фатҳулло Абдуллоев 4-уми январ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум аз ду рӯз қабл аз зиёрати Ҳаҷ баргашта буд.
"Дар вақти зиёрати ҳаҷ бемор шуда дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча (стент) гузоштанд ва ба ҳуш омаданд ва ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд", гуфт ӯ.
Фатҳулло Абдуллоев нахуст дар театрҳои "Ҷавонон", "Аҳорун" ва баъдан дар гуруҳи ҳаҷвии "Хандинкамон" фаъолият дошт.
Ӯ дар чандин филмҳо аз ҷумла "Хобҳои апрелӣ", "Ишқи ман –инқилоб", "Биҳишт фақат барои мурдагон", "Дарди ишқ" ва телеспектакли "Мактаби куҳна" нақш офаридааст.
Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшофариниаш дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо тахаллуси Коно мешиносанд.
Муҳсин Муҳаммадиевро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд
Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе ва сармураббии пешини тими миллии футболи Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супориданд. Маросими видоъ бо Муҳаммадиев 3-юми январ дар масҷиди марказии Душанбе баргузор шуд.
Муҳсин Муҳаммадиев рӯзи 1-уми январ пас аз бемории вазнин дар синни 60-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия аз олам даргузашт.
Ӯ дар оғози мавсими футболи соли 2025 ҳангоми сафар ба Туркия ба сактаи мағзӣ дучор шуд ва давоми қариб як соли ахир дар яке аз бемористони Маскав табобат мегирифт.
Муҳсин Муҳаммадиев, ки 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, ҳамлагари моҳир буд ва ҳаводоронашро бо ҳунари воло мафтун мекард.
Дар бораи корномаи Муҳсин Муҳаммадиев дар инҷо бештар бихонед:
Хоманаӣ баъди ҳафт рӯз ба эътирозҳо вокуниш кард
Алӣ Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба эътирозҳо дар ин кишвар гуфт, "бо ошӯбгарон бояд сахт бархӯрд шавад".
Хоманаӣ 3-юми январ дар дидор бо хонаводаи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудс эътирозро "ҳаққи мардум" донист, аммо болоравии қурби доллар дар баробари асъори милли Эронро кори "душманон" хонд.
"Мо бо эътирозгарон гап мезанем ва масъулин бояд бо эътирозгарон ҳарф зананд. Аммо бо ошӯбгарон ҳарф задан фоида надорад ва бояд ӯро ба ҷойи худаш нишонд", - таҳдид кард Хоманаӣ.
Эътирозҳо дар чанд шаҳри Эрон рӯзи ҳафтум аст, ки идома доранд. Ин норозигиҳо 31-уми декабр ба сабаби поин рафтани бесобиқаи арзиши пули миллӣ ва таварруми афзоянда оғоз шуданд.
Расонаҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз саркӯби эътирозгарон ва кушта шудани чанд нафари онҳо гузориш доданд.
Шумораи ҷонбохтагони сӯхтори клуб дар Швейтсария ба 40 расид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба сӯхтор ва ҳалокати даҳҳо нафар дар як маҳфили лижаронӣ дар Швейтсария ба ин кишвар ҳамдардӣ кардааст.
Ин ниҳод 2-юми январ дар изҳороте навишт, ба мардуми Швейтсария ҳамдардӣ ва “ба зарардидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”.
Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса дар як клуби серодам дар маҷмааи лижаронии Le Constellation рух додааст.
Тибқи иттилои ахир, дар пайи ин ҳодиса 40 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 115 нафар сахт захмӣ шудаанд. Мақомоти Швейтсария гуфтанд, шумораи қурбониён ва захмиёни метавонад бештар шавад.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Муфаттишон мегӯянд, ягон нишонаи ҳамлаи террористӣ ё қасдан оташ задани клуб феълан дар даст нест. Радиои Rhône ва Blick гузориш доданд, ки сабаби сӯхтор метавонад истифода аз маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) бошад.
Рӯзи 2-юми январ мақомоти Швейтсария эълон каданд, ки ба поси хотири ҷонбохтагони ин ҳодиса дар кишвар расман панҷ рӯз мотам эълон мешавад.
Узбекистон ва Тоҷикистон масири нави боркашонӣ боз мекунанд
Тоҷикистон ва Узбекистон интиқоли молу коло аз тариқи долон ё масири навро ба таври озмоишӣ ба роҳ мемонанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, долони нав "Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон –Туркия-Аврупо"-ро дарбар мегирад.
Қарор аст, ки дар навбати аввал корвони иборат аз 10 мошини пурбор аз Узбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ҷониби Чин роҳсипор шаванд.
Бар асоси созише, ки миёни вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон ҳосил шудааст, рухсатномаҳо барои интиқоли бор дар шакли электронӣ дода мешаванд.
Корвони аввали мошинҳо ба таври озмоишӣ дар масири нав ҳаракат мекунад ва маълум нест, ки ҳаракати доимии мошинҳои боркаш дар ин масир аз кай оғоз мешавад.
Нотаи Узбекистон ба Русия баъди ҳалокати муҳоҷири узбек
Мақомоти Узбекистон дар робита ба марги як шаҳрванди ин кишвар дар Шарқи Дур аз мақомоти Русия маълумот талаб кардаанд.
Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Владивосток бо ирсоли ёддошт ё нота аз додситонии минтақаи Хабаровск ва дигар мақомоти маҳаллӣ талаб кардааст, ки марги муҳоҷири узбек таҳқиқ шавад.
Тибқи гузоришҳо, рӯзи 12-уми декабр неруҳои вижаи пулис (ОМОН) барои гузарондани рейд вориди як қаҳвахона дар Хабаровск шуданд ва чанд шаҳрванди Узбекистонро онҷо латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо баъди шиканҷа ба ҳолати беҳушӣ (кома) афтида, ҳалок шудааст. Сабабҳои марги ин нафар расман эълон нашудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки қазия зери назорати консулгарии ин кишвар ва Оҷонсии муҳоҷират аст. Мақомоти Узбекистон ҳамчунин гуфтанд, бо наздикони муҳоҷири фавтида дар тамос буда, ҷасади ӯро ба ватан мефиристанд.
Аз рӯи қонунҳои Узбекистон, масъулияти пулию ташкилии интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа ба дӯши давлат мебошад.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон дар пайи рейдҳои пулис дар Русия кушта ё захмӣ мешаванд.
Шумори қурбониёни селобҳо дар Афғонистон ба 17 тан расид
Шумори қурбониёни селобҳо дар пайи борандагиҳо дар Афғонистон ба ҳабдаҳ тан расид. Дар миёни қурбониён панҷ узви як хонавода ҳастанд, ки рӯзи 1 январ дар натиҷаи фурӯ рехтани боми хонаашон дар вилояти Ҳирот ҷон бохтанд.
Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ ҳукумати Толибон рӯзи 1 январ дар як эъломия гуфтааст, ки дар баробари талафоти ҷонӣ, дар натиҷаи борандагиҳо ва селобҳо беш аз 270 хона ба таври комил ва наздик ба 1560 хона қисман вайрон шудаанд.
Дар чаҳор рӯзи гузашта гузоришҳое аз талаф шудани ҳудуди 1200 сар ҳайвон дар натиҷаи борандагиҳо дар Афғонистон нашр шудааст.
Ду узви баландпояи ҲНИТ аз ҳизб ва исломи сиёсӣ даст кашиданд
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ хуруҷи ду узви баландпояшро тасдиқ кард ва гуфт, дар пайи ислоҳоти фарогири ин созмон мебошад.
Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ эълон карданд, ки аз "исломи сиёсӣ канорагирӣ" мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, "исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад".
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, 9-уми декабри соли 2025 гуруҳи корие иборат аз 6 узви Раёсати олии ин ҳизбро созмон дод, то "тарҳи ислоҳоти роҳбурдӣ ва фикрии ҲНИТ"-ро дар муддати се моҳ омода кунанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ҳам узви ин гуруҳи корӣ будаанд, ки ба навиштаи Ҳизби наҳзати исломӣ мунтазири анҷоми тарҳи ислоҳот нашуда, "канор рафтани худ эълон намуданд". Аммо номбурдагон дар як мусоҳибаи катбӣ рӯзи 1 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раванди тасмимгирии онҳо хеле пештар аз талоши ислоҳот, "тақрибан ду сол пеш" сар шуда, "натиҷаи арзёбии тӯлонӣ мебошад."
Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас гуфтаанд, дар доираи ислоҳоти нав бояд "муносибати ҳаракат бо масоиле чун давлат, миллат, дин ва сиёсат" бознигарӣ шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, чӣ тағйиротеро дар кори худ роҳандозӣ мекунад, вале тарки сафҳои он кардани аъзои шинохтааш ва қаблан дар як ҷунбиши дигар муттаҳид шудани чанде аз аъзои саршиноси онро мунтақидон нишонаҳои буҳрони амиқ дар ин созмон номиданд. Бархе аз мубоҳисони ин воқеа, ба монанди Мавлавӣ Муҳиддин Аҳмадов истеъфои Файзраҳмонов ва Қаюмовро ба буҳрони мудирият аз ҷониби раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ нисбат медиҳанд. Вале ҳарду узви ҳамакнун собиқи раёсати ҳизб мегӯянд, тарки созмон кардани онҳо ба шахсиятҳо бастагӣ надорад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар даҳаи навадуми асри гузашта, замоне ки ҳанӯз дар синни наврасӣ қарор" доштанд, узи ҲНИТ шуданд ва сабаби тасмими ахири "душвор ва сарнавиштсоз"-и онҳо "тағйир ё адами тағйири равиш ва хати машйи Ҳизби наҳзати исломӣ нест, балки ба қаноат ва ҷамъбасти фикрии мо дар бораи худи исломи сиёсӣ бозмегардад."
Хадамоти махсуси ИМА: Украина ба қароргоҳи Путин ҳамла накардааст
Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хулосае расидааст, ки Украина кушиши ҳамла ба қарорҳои Владимир Путинро накардааст. Дар ин бора чанд расона, аз ҷумла CNN, Ню-Йорк Таймс ва The Wall Street Journal бо такя ба манобеашон гузориш додаанд.
Ба гузориши ин расонаҳо, Ҷон Рэтклифф, роҳбари Хадамоти иктишофии Амрико ё СРУ ба Доналд Трамп гузориш додааст, ки истихборот изҳороти мақомдорони Русия дар бораи ҳамла ба қароргоҳи Путинро боварбахш намеҳисобад.
Ба гуфтаи манобеи The Wall Street Journal, СРУ парвози бесарнишинҳои украинӣ ба вилояти Новгородро тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст ҳадафи ин паҳподҳо як маркази низомӣ буд, ки қаблан ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Мақомоти Русия, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ин кишвар мегӯянд, неруҳои Украина шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород ҳамла карданд. Аммо мақомоти Русия барои исботи гуфтаашон ягон далел наоварданд. Неруҳои Русия гуфтаанд, далелҳои худро ба Амрико ирсол мекунанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский талоши ҳамла ба қароргоҳи Путинро рад карда, онро "дуруғи навбатии Маскав" хонд.
Ду корманди БДА дар Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтанд
Ду корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар ноҳияи Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтаанд. Ҳодиса 1-уми январ рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба минтақаи Варзоб сафарбар шуда буданд ва дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ зери тарма монданд.
Як манбаъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷасади ду афсарро аз зери тарма бароварда, ба наздикон доданд.
Дар назар аст, ки 2-юми январ маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод баргузор шавад.
Намояндагони ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ ҳастанд, то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.
Давоми як ҳафтаи ахир ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир миёни пойтахт ва шимоли кишвар мушкил шудааст.
Ширкати IRS мегӯяд, боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошинҳои зиёде дар роҳ дармондаанд.
Масъулияти нигоҳбонии роҳи Душанбе-Чаноқ ба ӯҳдаи ширкати IRS аст ва ширкат барои ин кораш аз ронандагон маблағ мегирад. Молики ширкат маълум нест.
Тоҷикистону Узбекистон кори як гузаргоҳи асосиро васеътар мекунанд
Тоҷикистон ва Узбекистон ба созиш расидаанд, ки фаъолияти як гузаргоҳ дар марзи ду кишварро васеътар кунанд, то мошинҳо зиёд мунтазир намонанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, бар асоси созиш дар назди гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти зуди санадҳо гузаронад.
Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразм" дар минтақаи марзии шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва ноҳияи Ургути Узбекистон ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, ду тараф имкониятҳои зиёд кардани шумораи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли онҳоро ба шакли электронӣ баррасӣ доранд.
Пештар ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон шикоят доштанд, ки рухсатнома барои интиқоли молу колоро саривақт гирифта наметавонанд.
Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистону Узбекистон ба шумор мешавад. Қаблан ронандагони мошинҳои боркаш дар инҷо ва ҳам гузаргоҳи "Ойбек-Фотеҳобод" аз зиёд будани навбатпоӣ шикоят доштанд.
Даҳҳо кушта ва сад захмӣ дар сӯхторе дар Швейтсария
Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохта ва 100 нафар захмӣ шудаанд.
Ҳоли аксари маҷруҳон “вазнин” гуфта мешавад.
Хабаргузории Reuters гузориш дод, ки ҳодиса ҳангоми таҷлил аз Соли нав дар як клуби серодам соати 1:30-и шаб рӯй дод.
Ба иттилои Би-би-сӣ, ба ҷойи ҳодиса даҳ чархболу чиҳил мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода шуд.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.
Пулис дар аввал гуфта буд, ки таркиш рух додааст.
Мақомоти Швейтсария гуфтаанд, ҳодиса бештар ба як тасодуф монанд аст, на ба ҳамлаи барқасдона.