Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати даҳ даста дар лигаи занонаи футболи Тоҷикистон


Дар маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки рӯзи 21-уми май дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), доир гардид, намояндагони даҳ даста ширкат карданд.

Дар маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки рӯзи 21-уми май дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), доир гардид, намояндагони даҳ даста ширкат карданд.

Ба иттилои ФФТ, теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти имсола нисбат ба соли гузашта чаҳор адад зиёд аст. Ҳафт даста - «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Бешкент» (Носири Хусрав) - вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунанд.

Инчунин имсол дар лигаи занонаи Тоҷикистон якдастаӣ аз шаҳри Душанбе - «Зебонисо», аз вилояти Суғд - «Конибодом» (Конибодом) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки рӯзи якшанбеи 9-уми июн шуруъ мешавад, аз ду давра иборат аст. Ҳар даста 18 бозӣ мекунад (9 бозӣ дар майдони худ ва 9 бозӣ дар сафар).

Бар асоси қуръакашӣ дар нахустин даври мусобиқот «Хатлон» бо «Конибодом», «Регар-ТадАЗ» бо «Бешкент», «Барқ» бо «Равшан», «Зебонисо» бо «Чашма» ва «Ситора» бо «Зебо» рақобат мекунанд.

Барои ширкати дастаҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона ФФТ либоси варзишӣ (ду маҷмуъ), тӯб, бутси ё пойафзол харидорӣ кардааст. Ҳамчунин ФФТ ҳаққи хидмати доварон, хароҷоти роҳи дастаҳоро барои бозиҳо дар меҳмонӣ дар доираи барномаи “FIFA Forward” пардохт мекунад.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки соли гузашта барои аввалин бор баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ба анҷом расида буд. “Зебонисо”, ки дар даҳ бозӣ 28 имтиёз гирифт, бо медалҳои тилло мукофотонида шуд.

“Хатлон”-и Бохтар, ки 25 имтиёз ба даст овард, барои ҷойи дувум бо медаҳои нуқра сарфароз гашт. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бо 18 имтиёз севум шуд, медалҳои биринҷиро азони худ кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои занона

Даври 1-ум

9 июн (якшанбе)

«Хатлон» (Бохтар) – «Конибодом» (Конибодом)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Бешкент» (Носири Хусрав)

«Барқ» (Норак) – «Равшан» (Кӯлоб)

«Зебонисо» (Душанбе) – «Чашма» (Шаҳритус)

«Ситора» (Фархор) – «Зебо» (Дӯстӣ)

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG