Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста барои унвони қаҳрамони ҳоккейи ҷаҳон мубориза мебарад


Ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей, ки дар шаҳрҳои Братислава ва Кошитсеи Словакия ҷараён дорад, маълум шуданд.

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей 21-уми май ба поён расид. Чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “А” – Канада, Финляндия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “В” – Русия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Швейтсария - ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Дар чорякфинал, ки рӯзи панҷшанбеи 23-юми май баргузор мешавад, Русия бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада бо Швейтсария, Ҷумҳурии Чех бо Олмон ва Шветсия бо Финляндия рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 2012 бо ширкати 16 даста дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқоти имсола чаҳор дастаи гурӯҳи «А» - Словакия, Дания, Британияи Кабир, Фаронса ва чаҳор дастаи гурӯҳи «В» - Латвия, Норвегия, Италия ва Австрия – аз ҳаққи ширкат дар чорякфинал маҳрум шуданд.

Қаҳрамони нави ҳоккейи ҷаҳон дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 26-уми май барпо мегардад, маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG