Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Сомон Маҳмадбеков дар Гран-прии ҷудо дар Чин


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

​Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix Hohhot 2019), ки дар шаҳри Ҳуҳҳоти Чин ҷараён дорад, ба нокомӣ дучор шуд.

Сомон танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ кард. Ӯ имрӯз, 25-уми май, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар даври аввал аз Олег Бабгоеви русиягӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар рақобатҳо миёни мардон дар вазни зери 73 кило ҳамагӣ 31 гуштигир иштирок дошт. Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Виктор Сквортов аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ғолиб омад, соҳиби медали тилло гардид. Сквортов бо медали нуқра мукофотонида шуд. Артур Маргелидон (Канада) ва Игор Вандтке (Олмон) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии ҷудо дар Ҳуҳҳоти Чин, ки рӯзи якшанбеи 26-уми май ба поён мерасад, 298 варзишгар (157 мард, 141 зан) аз 43 кишвар иштирок дорад.

Варзишгарон ба ҷуз аз медалҳо дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон, инчунин бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида мешаванд: барои ҷойи аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм - 1000-долларӣ.

Ҳамчунин ширкаткунандагони мусобиқа имтиёзҳои олимпӣ мегиранд, аз он ҷумла барои медали тилло - 700 имтиёз, барои медали нуқра - 490 имтиёз ва барои медали биринҷӣ - 350 имтиёз.

Зимнан, Сомон Маҳмадбеков дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ миёни 329 гуштигири вазни зери 73 кило бо 622 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix Hohhot 2018), ки соли гузашта дар шаҳри Ҳуҳҳоти Чин баргузор шуда буд, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Саидҷалол Саидов - намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни зери 100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Л.А. Смит III аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG