Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо. "Ливерпул" мебарад ё "Тоттенҳэм"? ВИДЕО


Ду бошгоҳи футболи Англия - “Тоттенҳэм Хотспур” ва “Ливерпул” дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки 1-уми июн дар Мадриди Испания баргузор мешавад, рақобат мекунад.

Таваҷҷуҳи алоқамандони футбол рӯзи 1-уми июн ба Мадрид равона мегардад. Дар варзишгоҳи "Метрополитано" дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои "Тоттенҳэм Хотспур" ва "Ливерпул" ғолиби имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА муайян хоҳад шуд. Бозӣ соати 21:00 ба вақти Мадрид (соати дувоздаҳи шаб ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ пайгирӣ мешавад ва мухлисони бешумори худро дорад. Назарҳои мухлисони футболи тоҷик дар мавриди бозии ин ду дастаи пурқудрати Англия дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро дар ин навор тамошо кунед:

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо. "Ливерпул" ё "Тоттенҳэм"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Бояд гуфт, ки дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шаш бор бозии ниҳоӣ миёни бошгоҳҳои футболи як кишвар сурат гирифтааст. Вале натиҷаҳои ин бозиҳо аз мавқеи дастаҳо дар мусобиқоти миллӣ бастагӣ надорад.

Дар се бозии ниҳоӣ дастае ғолиб шудааст, ки дар қаҳрамонии кишвар мақоми болоро ишғол намудааст. Дар се финали дигар баръакс дастае пирӯз гардидааст, ки мавқеаш дар мусобиқоти миллӣ аз рақибаш поён аст:

1999/00, "Реал" - "Валенсия" - 3:0

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Испания-1999/00: "Реал" - 5, "Валенсия" - 3

2002/03, "Милан" - "Ювентус" - 0:0 (пеналтӣ - 3:2)

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Италия-2002/03: "Ювентус" - 1, "Милан" - 3

2007/08, "Манчестер Юнайтед" - "Челси" - 1:1 (пеналтӣ - 6:5)

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Англия-2007/08: "МЮ" - 1, "Челси" - 2

2012/13, "Бавария" - "Боруссия" Дортмунд - 2:1

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Олмон-2012/13: "Бавария" - 1, "Боруссия" Д - 2

2013/14, "Реал" - "Атлетико" - 4:1 (замони изофа)

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Испания-2013/14: "Реал" - 2, "Атлетико" - 1

2015/16, "Реал" - "Атлетико" 1:1 (пеналтӣ - 5:3)

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии Испания-2015/16: "Реал" - 2, "Атлетико" - 3

Ёдовар мешавем, «Тоттенҳэм Хотспур», ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ “Аякс”-и Ҳолландро шикаст дод (0:1, 3:2), барои аввалин бор ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА роҳ пайдо кард.

“Ливерпул” бошад, аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 4:3 (0:3 ва 4:0) ғолиб омад, ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баромад. Зимнан, дар таърихи "Ливерпул" ин финали нӯҳум ба шумор меравад, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст.

Соли гузашта “Ливерпул”дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА аз «Реал»-и Испания бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд. «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид, ки дар муддати 42 сол ягон бошгоҳи дигар ба чунин натиҷа даст наёфта буд.

“Реал” пас аз пирӯзӣ бар “Ливерпул” боз як рекорд гузошт. 13 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG