Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиматҳои "равғанӣ" дар бозорҳо дар остонаи Иди Фитр. ВИДЕО


Дар ҳоле, ки ширинифурӯшҳо мегӯянд дар се рӯз ба ҳаҷми се моҳ тиҷорат кардаанд, фурӯшандаҳои либос иддао доранд, ки ба эҳтимоли кампулӣ занҳои тоҷик дар муқоиса бо солҳои қаблӣ барои худ дар остонаи Иди Фитр либоси нав камтар харидорӣ мекунанд.

Ҳарчанд қассобҳо дар Душанбе бо дастури мақомот бар зарари худ як килограмм гӯштро ба 40 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд, аммо харидорон аз иловаи чарбуи зиёд ба хариди гӯшт шикоят мекунанд.

Бозори "касод"- и либос

То баргузории Иди Рамазон дар Тоҷикистон як рӯзи дигар боқӣ монда ва бештаре аз сокинон ба хотири таҳияи хони идона ба бозорҳо рехтаанд. Аммо дар муқоиса бо солҳои қаблӣ, бозори фурӯши либос, бахусус либоси занона имсол дар остонаи Иди Рамазон чандон гарм нест.

Саодат Валиева, фурӯшандаи либоси занона ва кӯдакон дар бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯзҳо сокинони зиёд барои харидории либоси вориди мағозааш мешаванд. Аммо, ба гуфтаи вай, ба далели камбуди маблағ занҳои тоҷик дар остонаи Иди Фитр имсол чандон ба харидории либоси нав майл надоранд.

Нархҳои баланд. Чизе, ки табъи идонаи Рамазонро хира мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Ба гуфтаи Саодат Валиева, харидорон зиёд меоянд, аммо асосан барои кӯдакон либос мехаранд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои гузашта дар ин шабу рӯз ҳар зан куртаи нав ё матое барои дӯхти куртаи занона харидорӣ мекард, аммо имсол мардум бо кампулӣ рӯбарӯ ҳастанд ва ба ин далел, талош мекунанд асосан барои кӯдаконашон либоси нав харидорӣ кунанд.

Бозори гарми ширинифурӯшӣ

Дар ҳоле, ки бозори либосфурӯшҳо дар остонаи ин иди мазҳабӣ чандон гарм нест, мардум бештар ба харидории маводи ғизоӣ рӯй овардаанд. Ҷамила Нуриддинова, фурӯшандаи шириниҳо дар бозори "Саховат" дар иҳотаи харидорон қарор дошт ва бо душворие барои сӯҳбат ба наздаш расидем. Вай мегӯяд, ки соли ҷорӣ сокинони пойтахти Тоҷикистон ба харидории шириниҳо тайёр бештар авлавият медиҳанд.

Ҷамила Нуриддинова мегӯяд, дар мағозаи онҳо тамоми маҳсулот барои таҳия кардани шириниҳо, назири торту қулчақандҳо фурӯхта мешаванд, аммо имрӯзҳо мардум асосан маҳсулоти тайёри ширкатҳои қаннодии кишварро харидорӣ мекунанд. "Зеро, мо ҳисоб кардем, ки харидории шириниҳои омодашуда арзонтар аз таҳияи онҳо дар хона аст. Дар ду рӯз мо дар ҳаҷми се моҳ тиҷорат кардем, ки барои мо судовар аст" - афзуд ин тоҷири бозори "Саховат".

Ҳамзамон дар бозорҳои Душанбе мушоҳида кардем, ки фурӯши сақич ва шириниҳо барои идгардаки кӯдакон дар авҷ аст. Ҳарчанд, мақомот дар бораи манъи идгардаки кӯдакон пайваста имрӯзҳо ҳушдор додаанд.

Аммо Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сафҳаи худ дар "Фейсбук" навиштааст, ки 5-уми июн тибқи қонунгузории кишвар дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ҳарчанд дар ду иди гузаштаи Фитр ва Қурбон мақомот рӯзҳои таҷлили ин идҳоро рӯзи корӣ эълон карда буданд.

Шикоят аз фурӯши иҷбории чарбу

Дар ҳамин ҳол дар ду ҳафтаи ахир болоравии нархи гӯшт дар Тоҷикистон то 47 ва 49 сомонӣ барои як килограм мояи нигаронии шаҳрвандон шудааст. Зеро, ҳам дар моҳи Рамазон ва ҳам дар рӯзи Иди Фитр гӯшт маҳсулотест, ки аз он бештаре аз ғизоҳои дастурхони идона омода мешавад.

Аммо дар чанд рӯзи ахир мушкили дигаре, аз ҷумла, бар иловаи гӯшт фурӯши иҷбории чарб низ сокинонро нигарон кардааст. Қассобони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ мегӯянд, ки ба ҳар як килограмм гӯшт танҳо 50-100 грамм чарб илова мекунанд. Аммо Саидикром Рауфов, сокини Душанбе мегӯяд, ки қассобҳо маҷбурӣ ба ҳар як килограмм гӯшт 200 грамм чарб илова мекунанд.

Вай афзуд: "Имрӯз хостам, барои хона 3 килограм гӯшт бихарам, аммо қассоб беш аз 600 грамм чарб ба он илова кард. Ман аз хариди чунин гӯшти чарбдор худдорӣ карда, ба хона бе гӯшт бармегардам. Бигузор чарбро алоҳида фурӯшанд ва ҳар касе, ки ба он ниёз дорад, онро харидорӣ кунад. Аммо, ба ман чарб лозим нест ва ман намехоҳам онро ҳатто маҷбурӣ харидорӣ кунам".

Иди Фитр ва Қурбон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз соли 1992, баъд аз касби истиқлолият рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ - Иди Фитр ва Иди Қурбон расман рӯзи истироҳат дониста мешаванд. Аммо, ҳамзамон дар чанд соли ахир мақомоти тоҷик, ба эътиқоди соҳибназарон, дар озодиҳои мазҳабии сокинони кишвар маҳдудиятҳое назири пӯшиши либоси мазҳабӣ ва иҷрои рукнҳои ислом, роҳандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG