Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Афғонистон ва Чин


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Афғонистон ва Чин омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Афғонистон ва Чин омодагӣ мебинад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки 1-уми июн шуруъ шуда буд, 24 бозигар ширкат дорад: се дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар байни онҳо чаҳор нафарашон дар бошгоҳҳои футболи Булғористон, Индонезия, Қирғизистон ва Малайзия бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Афғонистон ва Чин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»).

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғориcтон), Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов (ҳарду аз «Истаравшан»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).

Ҳамчунин тими миллии футболи Афғонистон, ки рӯзи шанбеи 2-юми июн ба пойтахти Тоҷикистон омад, дар шаҳри Душанбе ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби мизбонон омодагӣ мебинад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи ҷумъаи 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Бозии дуюми дӯстонаро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11-уми июн дар шаҳри Гуанҷоу бо мунтахаби Чин, ки моҳи январи имсол дар Ҷоми Осиё дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба чаҳоряфинал роҳ пайдо карда буд, баргузор мекунад.

Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки рӯзҳои 7-18-уми июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, бо тимҳои мунтахаби Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон рақобат мекунад.

Бозиҳои дӯстонаи моҳи июн бо тимҳои миллии Афғонистон ва Чин ва ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябр оғоз меёбад.

Бозиҳои дӯстона

7 июн (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 19:00

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

11 июн (сешанбе)

Чин – Тоҷикистон

Гуанҷоу, Чин

XS
SM
MD
LG