Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон ба дарвозаи Тоҷикистон 4 гол зад. Тоҷикистон ҳам айни корро кард


Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи 4-уми июн дар Санкт-Петербург шуруъ шуд, 12 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2001 ширкат дорад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” шомил аст, ки рақибонаш дастаҳои Юнон, Қирғизистон ва Туркия мебошанд.

Футболбозони навраси тоҷик аввалин бозиро имрӯз, 5-уми июн, дар варзишгоҳи «Турбостроител» муқобили дастаи Юнон баргузор карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 10-ум нимҳимоятгари юнониҳо Константинос Тумианис боз кард. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 33-юм нимҳимоятгари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов зад.

Дар дақиқаи 42-юм ҳимоятгар Николаос Митчелис голи дуюмро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард. Баъди ду дақиқа ҳамлагар Панайотис Тимас, капитани даста, голи сеюми юнониҳоро ба самар расонид. Ҳамин тариқ, нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мунтахаби наврасони Юнон хотима ёфт.

Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 63-юм, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро тағйир дод. Баъди се дақиқа голи чаҳоруми юнониҳоро Юанис Тсакирис ба дарвозаи футболбозони навраси тоҷик ворид намуд. Баъдан ҳамлагарони мунтахаби Тоҷикистон Ислом Зоиров дар дақиқаи 67-ум ва Рустам Соиров дар дақиқаи 70-ум ду гол зада, ҳисобро баробар карданд – 4:4.

Бозии дигари даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи “В” имрӯз соати 21:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Турбостроител» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Туркия ва Қирғизистон шуруъ мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин 4-уми июн бо ду бозӣ дар гурӯҳи ”А” оғоз ёфт. Ҳарду бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Петровский»-и шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: Булғористон – Молдова – 0:0, Русия – Ҳиндустон – 3:0.

Ба гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби наврасони Аргентина, Арманистон, Русия-2 ва Эрон шомиланд. Бозии даври аввал имрӯз дар варзишгоҳи «Рошино Арена» миёни дастаҳои Аргентина ва Арманистон бо ҳисоби 2:0 ба нафъи аргентиниҳо ба анҷом расид. Бозии дигари ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Рошино Арена» имрӯз соати 21:00 ба вақти Душанбе миёни дастаҳои Русия-2 – Эрон шуруъ мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷойҳои дуюм ба нимфинал мебароянд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5-ум то 12-ум мубориза хоҳанд бурд.

Бозиҳои ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори 31-ум доир мегардад, дар се варзишгоҳ – «Петровский», «Рошино Арена» ва «Турбостроител» - баргузор шудаанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин дар Санкт-Петербург 7-уми июн бо дастаи Қирғизистон ва 10-уми июн бо мунтахаби Туркия рақобат мекунад.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин дар Санкт-Петербурги Русия барои мо як давраи муҳими омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки тирамоҳи имсол дар Бразилия доир мегардад.»

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин-2019:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Меҳробҷон Азимов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин-2019

Гурӯҳи «А»: Булғористон, Молдова, Русия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «В»: Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Юнон

Гурӯҳи «С»: Аргентина, Арманистон, Русия-2, Эрон

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

4 июн (сешанбе)

Булғористон – Молдова – 0:0. Варзишгоҳи «Петровский».

Русия – Ҳиндустон – 3:0. Варзишгоҳи «Петровский».

5 июн (чоршанбе)

Юнон – Тоҷикистон – 4:4. Варзишгоҳи «Турбостроител».

Аргентина – Арманистон – 2:0. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Туркия – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – Эрон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

6 июн (панҷшанбе)

14:00 – Молдова – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Русия – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

7 июн (ҷумъа)

14:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Арманистон– Эрон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Туркия – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – Аргентина. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

9 июн (якшанбе)

14:00 – Ҳиндустон – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

14:00 – Эрон – Аргентина. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

20:00 – Молдова – Русия. Варзишгоҳи «Петровский».

21:00 – Арманистон – Русия-2. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

10 июн (душанбе)

14:00 – Қирғизистон – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Тоҷикистон – Туркия. Варзишгоҳи «Турбостроител».

11 июн (сешанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

12 июн (чоршанбе)

14:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

13 июн (панҷшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

14 июн (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – ФИНАЛ. Варзишгоҳи «Петровский».

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG