Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Амонатов барои Ҷоми мири Мумбай мубориза мебарад


Фаррух Амонатов

​Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар 12-умин мусобиқаи байналмилалии дараҷаи "А" барои дарёфти Ҷоми мири шаҳри Мумбайи Ҳиндустон, ки рӯзҳои 9-16-уми июн баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ба иттилои сомонаи business-standard.com, дар ин мусобиқа ширкати 225 шатранҷбоз аз 23 кишвар – Ҳиндустон, Русия, Испания, Бразилия, Гурҷистон, Белгия, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Узбекистон, Украина, Шри-Ланка, Aрманистон, Aвстралия, Aфғонистон, Бангладеш, Чили, Эрон, Қазоқистон, Непал, Tоҷикистон, Венесуэла, Словакия ва Ветнам – дар назар аст.

Дар рӯйхати ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ гроссмейстери байналмилалӣ Бонелли Эдуардо аз Венесуэла, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ 2637 имтиёз дорад, дар сатри аввал аст.

Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Фаррух Амонатов (2624 имтиёз) ва Левон Пантсулия аз Гурҷистон (2614 имтиёз) дар ин рӯйхат дар сатрҳои дувуму севум номнавис шудаанд.

Бар асоси дастури мусобиқа шатранҷбозоне, ки дар Ҷоми мири Мумбай ҷойҳои аз 1-ум то 10-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд.

Фаррух Амонатов, ки соли гузашта дар 11-умин мусобиқаи байналмилалии дараҷаи "А" барои дарёфти Ҷоми мири шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ғолиб гардида буд, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 330 ҳазор рупия, муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида шудааст.

Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд.

Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро ба итмом расонидааст.

Амонатов дар байни шатранҷбозони Тоҷикистон ягона гроссмейстери байналмилалист. Ӯ ба ин унвони баланд соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мушарраф шудааст. Фаррух феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ӯ қаҳрамони Осиё миёни наврасон (соли 1992), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ "Маскав-Опен", "Владимир-Опен" ва ғайра мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 дар ҳафт Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ширкат варзидааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG