Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Афғонистон -- 1:1


Акс аз бойгонӣ

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки шоми имрӯз, 7-уми июн, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳисобро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 72-юм, меҳмонон боз карданд. Умрон Ҳайдарӣ тӯбро аз назди хатти дарвоза бо пушти по зад. Голи ҷавобиро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 88-ум ба самар расонид. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.

Бозии дӯстона миёни футболобозони тоҷику афғон пуршиддату шавқовар сурат гирифт. Ҳарчанд бозӣ мақоми дӯстона дошт, ҳар як тим баҳри пирӯзӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дод.

Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошеви 53-солаи узбекистонӣ ва тими миллии Афғонистон бо сарварии сармураббӣ Анӯш Дастгири 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, ба майдон омаданд.

Дар ҳайати ҳарду даста бозигарони ҷадид бисёр буданд. 95 дар сади бозигарони мунтахаби Афғонистон дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар ин бозӣ се легионер - ҳимоятгарон Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия) ва Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғориcтон)- ҳунарнамоӣ карданд.

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҳарду даста як давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешуд, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад.

Зимнан, тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон ҳамагӣ ҳафт бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар шаш бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва як дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи 120-ум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи 149-ум қарор доранд.

Бозии дуюми дӯстонаро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11-уми июн дар шаҳри Гуанҷоу бо мунтахаби Чин, ки моҳи январи имсол дар Ҷоми Осиё дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба чаҳоряфинал роҳ пайдо карда буд, баргузор мекунад.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0

Голҳо: Нуъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67.

9 ноябри соли 2005, Душанбе

Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ

Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0

Голҳо: Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Давронҷон Тухтасунов, 39.

3 августи соли 2008 Ҳайдаробод, Ҳиндустон

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Фаррух Чориев, 33.

17 ноябри соли 2010 , Душанбе

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2

Голҳои Тоҷикистон: Фатҳулло Фатҳуллоев, 17, Хуршед Маҳмудов, 44, аз пеналтӣ, Соҳиб Саванқулов, 74.

4 июни соли 2013, Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар)

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Нуриддин Давронов, 2.

4 майи соли 2014 , Душанбе

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 74.

13 ноябри соли 2016, Душанбе

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:1

Гол: Умрон Ҳайдарӣ, 72 (0:1), Шаҳром Самиев, 88 (1:1).

7 июни соли 2019, Душанбе

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG