Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси доғи ду ҳафта таҳсил дар тобистони гарми Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар ҳоле, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи тамдиди соли хонишро тадриси комили барномаҳои таълимӣ ба муҳассилин меномад, дар бархе аз макотиб ба сабаби анҷоми барномаҳои таълимӣ, хонандагон дарсҳои такрорӣ мехонанд. Дар баъзе дигар хонандагон ба мактаб намераванд.

Имсол бори нахуст, дар макотиби Тоҷикистон соли хониш то 14 июн тамдид шуд ва вокунишҳои мухталифро ба бор овард.

Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, директори Маркази таълимию методии вазорат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ сабаби тамдиди соли таҳсилро чунин шарҳ дод: “Дар баъзе мактабҳо дар се баст дарс мегузаранд. Бурдани корҳои берун аз синфӣ, маҳфилҳо ва дигару дигар мушкилот меофарад. Барои ҳамин мо фақат ду ҳафта имкон ёфтем, зиёд кунем. Агар мо мӯҳлати таҳсилро кам мекардем, шояд ҷои нигаронӣ дошт, ки барномаи таълимӣ пурра иҷро намешавад. Баръакс ин барои беҳтар шудани таълиму тарбия ва баланд бардоштани дониши хонандагон имконият фароҳам меорад.”

Дар гузашта соли хониш 25-уми май поён меёфт ва дар чанд соли ахир ба аввалҳои моҳи июн гузашт. Волидон ва бархе омӯзгорон тамдиди соли хонишро нозарур меҳисобанд.

Анастасия, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, беҳтар аст, низоми пешин роҳандозӣ шавад ва дарсҳо то 25-уми май анҷом ёбанд: “Кӯдакон монда мешаванд, хаста шуда, аз хоб дер мехезанд, хоҳиши рафтан надоранд, ба мактаб дер мекунанд. Дар бораи муаллимон аслан напурсед. Як мисол меорам, хонандагони синфи 11, ки дар мактабҳои миёна то 25-уми июн имтиҳони хатм доранд ва аз 2 июл имтиҳонҳои донишгоҳ шурӯъ мешавад, онҳо имкон надоранд, истироҳат кунанд. Чӣ гуна ба имтиҳонҳо омодагӣ мебинанд?”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Баҳси доғи ду ҳафта таҳсил дар тобистони гарми Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Мегӯяд, ягон чизи нав намеомӯзем

Гуландом Ёрмадова, модари як хонандаи мактаби миёна гуфт, бо вуҷуди пофишориҳои ӯ, фарзандаш дар рӯзҳои ахири соли хониш намехоҳад ба мактаб равад: “Мегӯяд, дарсҳоямон тамом шуд, дигар барои чӣ равам, мехоҳам дам гирам. Гуфтам охир то 14-уми июн гуфтед, идома меёбад. Ман ҷангаш кардам, ки сари вақт ҳозир шав дар дарсҳо. Ҷавоб дод, он дарсҳое, ки дар китобҳоямон буд, тамом кардаем ва ин рӯзҳо меравем, ягон чизи нав намеомӯзем”.

Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода мегӯяд, баръакс шеваи наве, ки солҳои ахир пеш гирифтаанд, имкон медиҳад, муҳассилин хаста нашаванд: “Солҳои пеш фақат як бор истироҳат медодем, ба бачаҳо ва ба хотири дурудароз давом накардани таҳсил чорякҳоро роҳандозӣ кардем ва ин ҷо хастагии хонандагону омӯгорон дида намешавад”. Имтиҳонҳои хонандагони мактабҳо барои аз синф ба синф гузаштан ва хатми мактаби миёна як рӯз пеш аз анҷоми соли хониш, яъне 15 июн пешбинӣ шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин баъзе хонандагон мегӯянд, беҳтар аст, соли хониш барвақттар анҷом ёбаду бо каме истироҳат намуда, ба имтиҳонҳо омодагӣ бубинанд.

Волидон мехоҳанд, вазорат масъаларо бинад

Ҳарчанд вазорати маориф тамдиди соли хонишро ба нафъи хонандагон меҳисобад, омӯзгорон мегӯянд, дар ин чанд рӯз бачаҳои зиёде ба дарс ҳозир намешудаанд. Мунира Сироҷова, омӯзгори мактаби рақами 80-и ноҳияи Рӯдакӣ, синфҳои ибтидоиро дарс медиҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “То 25-уми май мавзӯъҳоеро, ки дар барномаи таълимӣ пешбинӣ шудааст, ба анҷом расонидем, чун анҷоми соли хониш то 14-уми июн пешбинӣ шудааст, мавзӯҳоро такроран дарс дода истодаем”.

Ин омӯзгор, ки рӯзи 6 июн ба шогирдонаш такроран дарси “Моҳии заррин”-ро мегузашт” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ҳамин рӯз 10 шогирдаш ба дарс наомадаанд: “Волидони хонандагон ҳам пешниҳод доранд, ки ҳамин масъаларо вазорат дида барояд, зеро мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда истодааст, хонандагони синфҳои поёнӣ танқисӣ мекашанд ва ба касалиҳои гуногун ҳам метавонанд, гирифтор шаванд.”

Натиҷаҳои тамдид баррасӣ мешавад

Рӯзи 6-уми июн дар чанд мактаби Душанбе низ мушоҳида шуд, ки хонандагон дар дарсҳо пурра иштирок намекунанд, ё ба мактаб омада баъди як ё ду соати дарс берун мешаванд. Бо вуҷуди нигарониҳо, аз соли дарози таҳсил, бархе мутахассисон мегӯянд, агар дар мактабҳо дарсҳову барномаҳои таълимии ҷолиб роҳандозӣ гардад ва диққати хонандагонро ҷалб созад, то як ё ду ҳафта тамдиди вақти таҳсил наметавонад ба хонандагону омӯзгорон таъсири манфӣ расонад.

Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик мегӯяд, агар хонандагон ба дарсҳои ҷолиб ҷалб шаванд, дар ҳар мавсиме набошад, дониши худро сайқал медиҳанд. Муассама, хонандаи яке аз мактабҳои миёнаи Душанбе гуфт, дар чанд рӯзи ахир нисфи ҳамсинфонаш ба дарс намеоянд ва баъзеи дигар барои сӯҳбату мулоқот бо ҳамсинфон меоянд, на барои таҳсил.

Ҳоло гурӯҳи кории вазорати маориф натиҷаҳои тамдиди соли хонишро баррасӣ мекунад ва натиҷагирӣ мекунад, ки то куҷо он самара додааст. Ба гуфтаи намояндаи вазорат, бо назардошти натиҷаҳо дар оянда “ шояд боз дигаргунӣ шавад.”

XS
SM
MD
LG