Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои "Азот" сармоягузор меҷӯяд


Тоҷикистон бори дигар барои ба кор андохтани корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар Леваканди Хатлон сармоягузор меҷӯяд, чун сармоягузори чинӣ дар мӯҳлати муайяншуда ин корхонаро фаъол накард.

Дар поёни соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон бо печи бузурги зардчатобе як мурвати корхонаи "Азот"-ро тоб дод ва ба таҷдиди корхонаи тавлиди нуриҳои минералии Тоҷикистону Чин оғоз бахшид. Вале ширкати "Хенан Чжун - Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин, ки тибқи шартнома қарор буд дар давоми 1,5 сол марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии амиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор андозад, ба ваъдааш вафо накард.

Эълони ҷустуҷӯи сармоягузор барои "Азот" (Санад, PDF)

Дар давоми се сол марҳилаи дувуми лоиҳа бояд анҷом меёфт ва тавлиди амик ба 300 ҳазор тонна ва карбамид ба 500 ҳазор тонна мерасид.

"Чиниҳо ба ваъдаашон вафо накарданд"

​Мувофиқи шартномае, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин моҳи ноябри соли 2016 имзо карда буд, даромади софе, ки аз тавлиди нуриҳои минералӣ ба даст меомад, давоми 6 сол 70 дарсад ба ҷайби ин ширкати чинӣ ва 30 дарсад ба Тоҷикистон тақсим мешуд.

​Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки дар ҷараёни гуфтугӯи ин ширкати Чин бо Тоҷикистон буд, мегӯяд, кӯтоҳии "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ" дар он буд, ки "бандҳои дар шартнома тасдиқшударо иҷро накард" ва дар мӯҳлати муайяшуда корхонаро ба кор надаровард.

Гулмаҳмад Давлатшозода, раиси собиқи вилояти Хатлон низ тобистони соли гузашта аз ваъдахилофии сармоягузорони чиниро интиқод кард ва гуфт, корхонаи "Нуриҳои Осиё" бояд баҳори 2018 ба кор медаромад, аммо чунин нашуд. Ваъдаи дар моҳи августи ҳамон сол ба кор даровардани ширкат ҳам амалӣ нагашт.

Ширкати "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин замоне барои таҷдиди "Азот" омад, ки Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ намефурӯхт ва қарор буд ин ширкат бо насби таҷҳизот аз ангишт газ истеҳсол карда, корхонаро ба кор андозад. Аммо ҳоло чунин зарурате нест, чун бо хуб шудани муносиботи Тоҷикистону Узбекистон, интиқоли гази табиӣ аз ин кишвар дубора мумкин шуд.

"Агар гази табиӣ расад..."

Аммо ҳоло Тоҷикистон аз Узбекистон гази табиӣ мегирад ва бекор хобидани корхонаи "Азот" танҳо ба фарсуда будани қубури газ аз Ёвон то Леваканд гиреҳ мехӯрад.

Як корманди масъули корхонаи "Азот", ки дар заминаи он ширкати муштараки тоҷикиву чинии "Нуриҳои Осиё" таъсис дода шудааст, мегӯяд, агар имрӯз гази табиӣ расад, баъд аз як моҳ корхона ба тавлиди нуриҳои минералӣ шурӯъ мекунад.

"Протсесҳои кимиёвие, ки дар корхона мегузаранд, вақт мегиранд ва агар имрӯз гази табиӣ то корхона расад, баъди як моҳ аллакай истеҳсоли амиаку карбамидро сар мекунем. Ҳама таҷҳизоту қисматҳои корхона коршояманд", -- гуфт ӯ.

Аммо ҳамсуҳбати мо гуфт, лӯлаи газ аз Ёвон то Леваканд, ки корхона он ҷо воқеъ аст, фарсуда шудааст ва "Тоҷиктрансгаз" бояд онро аз нав барқарор кунад ва барои анҷоми ин кор айни замон сармоягузор меҷӯяд.

Корхонаи азими "Азот" инак 11 сол боз фаъолият намекунад ва Тоҷикистон, ки аслан як пояи аслии иқтисодаш кишоварзист, нуриҳои минералиро бо нархи гароне аз хориҷа ворид мекунад. Бинобар ҳисобҳо, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан ба маблағи 70 миллион доллар аз Узбекистону Русия амиак ва карбомид мехарад.

"5 сол боз мунтазири маош ҳастам"

Бинобар бекорхобии корхона, ширкат аз музди маоши даҳҳо нафар кормандони ҳаминак собиқаш қарздор аст. Файзиддин Давлатов, корманди собиқадори корхонаи "Азот" мегӯяд, вақте ба корхонаи сармоягузорони чинӣ омаданд, гуфта шуд, ки масъулияти пардохти қарзи маоши моро давлат бар ӯҳда мегирад.

"Аммо то ба ҳол ҳамин масъала ҳалношуда монд. Чиниҳо мегӯянд, ки дар баробари коргарони пешин, ягон масъулият надорем, ширкати "Азот" қарзи маоши моро намедиҳад. Чандин бор ба ҳукумат муроҷиат кардем, аммо бефоида",-афзуд Файзиддин Давлатов

Файзиддин мегӯяд, дар маҷмӯъ "Азот" аз кормандон 3 миллион сомонӣ қарздор аст ва ӯ 30 ҳазор сомонӣ ҳаққи заҳмати худро инак 5 сол боз мунтазир мебошад.

"Азот"-и ҷанҷолӣ

Корхонаи "Азот" дар солҳои истиқолияти кишвар, дар маркази моҷароҳои мулкиву пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканди (Сарбанди) вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дар сади саҳмияҳояш азхуд кард. Фаъолияти баъдии ин корхона бо гази табии Узбакистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009, дубора аз кор монд.

Вале исми корхона дар солҳои 2014 ва баъд ба матбуот на ба ҳайси корхонаи дучори мушкил, балки ҷузве аз баҳсҳои додгоҳиву парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита бо соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов роҳ ёфт.

Қаблан корхонаи 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи саноатии "Азот" ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндони Зайд Саидов тааллуқ дошт. Аммо додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишномаро ғайриқонунӣ эълон карда, корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Пас аз давлатӣ шудан Ҳукумат ин корхонаро бо чиниҳо қисмат кард. Аммо бо омадани чиниҳо низ корхона фаъол нашуд. Ин аст, ки акнун Ҳукумат ба ҷустуҷӯи сармоягузори бовафое пардохтааст, ки омодааст дар таҷдиди ин корхона 350 миллион доллар маблағ гузорад.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG