Эълони Трамп дар нишасти якҷояи матбуотии ду раҳбар, пас аз он садо дод, ки тарафҳо эъломияи таҳкими муносибатҳои дифоиро имзо карданд. Дар ин ҳамоиши рӯзи чаҳоршанбе Дуда гуфт, пойгоҳи нави ҳарбии амрикоиро дар Полша "қалъаи Трамп" номгузорӣ хоҳад кард ва кишвараш бо назардошти таҷовузгариҳои гузаштаи Маскав ва ҳам тақвияти равобиташ бо Ғарб ба чунин иқдом ниёз дорад.
Трамп дар ин нишаст гуфт, ки афзоиши нирӯҳои амрикоӣ дар Полша шояд аз ҳисоби Олмон сурат гирад, ки ба гуфтаи ӯ барои НАТО камтар ва барои харидани гази Русия харҷи бештар мекунад.
Ӯ гуфт: “Онҳо дар бораи тахминан 2 ҳазор нерӯ сӯҳбат мекунанд, ки бояд дар хоки Полша мустақар шавад. Мо онҳоро аз Олмон ё ҷои дигар меорем. Ба Аврупо нирӯҳои иловагӣ ворид намешавад. Тавре огаҳ ҳастед, мо дар Олмон 52 ҳазор нирӯ дорем. Олмон кореро, ки бояд бо эҳтиром ба НАТО ва Полша анҷом диҳад, намекунад. Аз ин рӯ, бояд шуморо табрик кунам”.
Пентагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи захира, нирӯҳои низомӣ ва дигар ҷузъиёти ин созиш “ҳанӯз такмил нашудааст”.
Дар чанд соли гузашта баъди ишғол шудани Қрим ва ҳам пуштибонӣ дидани ҷудоиталабони украинӣ аз ҷониби Маскав, дар хоки Полша тахминан 4500 нирӯи амрикоӣ ҷойгир шуд.
НАТО ба таври ҷудогона соли 2017 дар хоки Полша 1200 сарбозро мустақар кард ва гуфт, ки ин тадбир ба хотири боздоштани Русия дар муқобили Аврупои шарқӣ карда мешавад ва ахиран 269 миллион долларро барои кумак ба нирӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар ихтисос дод.
Аҳдномаи соли 1997 имзошуда миёни Русия ва НАТО мегӯяд, ки эътилоф фаъолиятҳои дифоии худро “бе истиқрори нирӯҳои иловагӣ” ба роҳ мемонад. Бо ин вуҷуд, чунин ӯҳдадорӣ марбут ба “фазои ҷорӣ ва пешгӯишаванда” мебошад.
Рӯзи 12-уми июн дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, созишҳои миёни Амрико ва Полша “комилан мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии НАТО мебошад”. “Вақте ҷаҳон тағйир меёбад, мо бояд мутобиқ шавем, то ки тавони ҳимояти муттафиқони худро дошта бошем”, -- гуфт Столтенберг.
Полша соли гузашта барои мизбонии дивизияи доимии мусаллаҳи Амрико дар хоки кишвараш 2 миллиард доллар тақозо карда буд. Ин дивизия, ки аз 10-15 ҳазор нирӯ иборат аст, ба хотири тақвияти тавонмандиҳои дифоии Полша дар муқобили таҳдидҳои Русия ҳузур дорад.
Президенти Полша Анджей Дуда дар нишасти муштараки хабарӣ бо Трамп дар Вашингтон гуфт, Русия, ки замони шоҳ бахше аз қаламравҳои Полшаро ба хотири “намоиши чеҳраи султаҷӯёнаи худ” ишғол карда буд, ҳоло айни чунин корро бо Украина мекунад.
Бар асоси созиши ҳосилшуда дар Вашингтон, ҳарбиёни Амрико дар фурсати наздик ҳузури низомии худро дар Полша то ҳудудан 1 ҳазор нафар афзоиш медиҳанд. Полша хароҷоти афзояндаи сохторҳои низомии иловагӣ, аз ҷумла қароргоҳҳои дивизияҳои амрикоиро пардохт мекунад.
Як коршиноси низомӣ мегӯяд, ки баъди ин эҳтимол Русия дар фикри вокуниш шавад ва нерӯҳои худро дар ҳудуди Калининград ҷой диҳад. Фармондеҳи собиқи нирӯҳои амрикоӣ дар Аврупо генерал-лейтенант Бен Ҳоҷ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кремл метавонад ба Минск ҳам фишор орад, ки ин кишвар ба Русия дар истиқрори нирӯҳояш дар хоки Беларус иҷоза диҳад. Ҳам Калининград ва ҳам Беларус ҳамсарҳади Полша мебошанд.
Таҳлилгари дигар - Юҷин Чаусовский, муҳаққиқи масоили АвруОсиё дар пажӯҳишгоҳи Стратфор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар оянда имкон дорад, ки тақозо барои нирӯҳо дар Аврупои Шарқӣ зиёд шавад. “Ин ҳолатро мешавад як пирӯзии ҳукумати Полша арзёбӣ кард”, -- гуфт ӯ.
Трамп дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки Полша ҳудудан сӣ ҳавопаймои ҷангии F-35-ро харидорӣ мекунад ва арзиши он аз 2,5 миллиард доллар бештар аст ва ҳамчунин барои харидани гази моеъ 8 миллиард доллари дигар дарёфт мекунад. Полша талош дорад, ки аз вобастагии энержии Русия дур шавад. Дар давоми тахминан 70 сол Полша гази Русияро харидорӣ кардааст.
Анджей Дуда қарор аст дар ҷараёни сафари шашрӯзааш ба Амрико ҳамроҳ бо вазири энержии ин кишвар Рик Перри ба Ҳюстон барои мулоқот бо раҳбарони ширкатҳои энержӣ сафар кунад.
Вашингтон ва Варшава талош доранд, нақшаҳои Русия барои сохтани лӯлаи гази 11-миллиарддоллариро, ки Олмонро бо гази русӣ таъмин мекунад, барбод диҳанд. Трамп гуфтааст, ин лӯлаи газ Олмонро “гаравгони Русия” карда, иқтисоди Русияро беҳтар хоҳад кард.
Дар остонаи мулоқот бо Дуда, Трамп гуфт, “мо дар фикри ҳимояти Олмон аз Русия ҳастем ва Русия аз Олмон миллиардҳо доллар дарёфт мекунад”.
Ӯ таъкид кард, ки Олмон аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвараш танҳо 1 дарсадро ба ҳадафҳои дифоӣ масраф мекунад ва ин маблағ дар муқоиса бо 2 дарсади аъзоҳаққӣ, ки соли 2014 аз аз ҷониби аъзои НАТО муқаррар шуда буд, камтар аст.
Ҳоҷ гуфт, интиқоли нирӯҳо аз Олмон ба Полша аз ҷониби Берлин чун муҷозоти Олмон барои нодида гирифтани талаби афзоиши хароҷоти дифоии НАТО арзёбӣ хоҳад шуд. “Ва ин ҳам дар ҳолест, ки паст задани Берлин ба манфиати Вашингтон нест”, -- гуфт таҳлилгари низомӣ:
Ҳоҷ афзуд, “мо бояд нишон диҳем, ки Олмон як муттафиқи моҳими мо аст. Хароҷот як ҷузъи хурди ин робитаҳо мебошад.”