Дар чанд ҷумла
Аз Покистон хостанд, як беморро ба дор накашад
Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Покистон хостанд, як зиндонии гирифтори бемори равониро ба дор накашад. Соро Билол, раиси созмони Тарҳи Адолат дар Покистон рӯзи 16-уми июн гуфт, ҳукумат бояд иҷрои ҳукми қатли Ғулом Аббосро, ки қарор аст, рӯзи 18-уми июн ба дор овехта шавад, то замони арзёбиҳои иловагӣ ба таъхир андозад. Созмони мазкур мехоҳад, дар Покистон ҳукми қатлро аз байн баранд.
Соро Билол аз қавли Малик Мубашир, табиби шинохтаи бемориҳои равонӣ дар Покистон гуфт, ки Ғулом Аббос аломатҳои возеҳи бемори равониро дорад, дар зиндон доруҳои сахттаъсири зидди ҷунун гирифтааст ва дар хонаводааш ҳам гирифторони чунин беморӣ будаанд. Ғулом Аббоси 36-соларо баъди қатли ҳамсояааш бо корд дар соли 2004 ба қатл маҳкум карданд. Покистон узви Паймони Ҳуқуқи Афроди Маълул аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ба Сеул мераванд
Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 11-уми сентябр хабар дод, ки аввалин нишасти раҳбарони ин кишвар ва Осиёи Марказӣ ҳафтаи оянда ва рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул баргузор мегардад.
Расонаҳои ин кишвар хабар додаанд, ки раисиҷумҳур Ли Ҷэ Мён пеш аз оғози ин нишасти шашҷониба, силсилаи мулоқотҳои дуҷонибаро бо раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон анҷом хоҳад дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, ин аввалин нишасти раҳбарони минтақа ва Сеул мешавад. Муколама миёни ду тараф аз соли 2007 дар қолаби Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирон ҷараён дошт ва акнун ин раванд ба сатҳи раҳбарони кишварҳо бардошта мешавад.
Дар назар аст, ки дар анҷоми нишаст, «Эъломияи Сеул» қабул шавад, ки чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддатро муайян мекунад. Рӯзи ҷумъа зимни мулоқот бо мушовиронаш Ли Ҷэ Мён ба имкониятҳои густурдаи панҷ кишвари минтақа таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст: «Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони энержӣ ва маъданҳои нодир ва имконоти бузург аст.»
Ба навиштаи расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, пеш аз оғози нишасти асосӣ, Ли Ҷэ Мён рӯзи душанбе бо раисиҷумҳури Ӯзбекистон ва рӯзи сешанбе бо раҳбарони Туркманистон ва Қазоқистон мулоқот мекунад. Рӯзи чоршанбе, пеш аз оғози нишасти шашҷониба дар нимаи дувуми рӯз, суҳбати ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Қирғизистон дар назар аст. Ба гуфтаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ, раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон бо сафари давлатӣ ва президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Сеул меоянд.
Пас аз хатми нишаст дар рӯзи чоршанбе, шаш раҳбар дар нишасти тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури 500 намояндаи ҳукуматӣ ва ширкатҳои хусусӣ ҳузур хоҳанд дошт. Тоҷикистон яке аз муштариёни таҷҳизоти электронӣ, ба мисли яхдону телевизион ва телефонҳои Самсунги Кореяи Ҷанубӣ аст, вале ба Корея асосан ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содир мекунад.
Чанде пеш мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Кореяи Ҷанубӣ барои омӯзиш ва таҳияи тарҳи нахустин метро дар шаҳри Душанбе 200 000 доллар ихтисос додааст. Дар Душанбе ҳамчунин Марказҳои омӯзиши забони кореягӣ амал мекунанд ва барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои ройгони таҳсил дар Корея дастрасанд. Байни ду тараф ҳамчунин дар мавриди муҳоҷирати кории тоҷикон ба Кореяи Ҷанубӣ мувофиқа ҳосил шудааст.
Русия ҳар рӯз 400 муҳоҷир ва ё хориҷиро аз қаламраваш рондааст
Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, ки дар ҳар рӯзи ним соли гузашта аз қаламрави ин кишвар тақрибан 400 хориҷӣ ва ё муҳоҷирони кориро берун кардаанд, ки бидуни шак дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик низ ҳастанд.
Ирина Волк, сухангӯи ин вазорат дар канали худ дар Телеграм навиштааст, ки дар нимаи аввали соли 2026 аз қаламрави Русия “72.6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро берун ва ё ихроҷ кардаанд ва ҳам ба мақомоти амниятӣ дастур додаанд, ки 7 ҳазору 700 нафарро ба қаламрави Русия роҳ надиҳанд.” Ба ибораи дигар, рӯзона аз Русия 400 муҳоҷир ва ё хориҷиро рондаанд.
Мақомоти худи Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2025 аз аламрави Русия 36 ҳазор муҳоҷири тоҷикро берун кардаанд.
Ҳар сол даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Бино ба гуфтаи созмонҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди кишвар сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст ва агарчӣ аз ин ҳисоб пешрафти зиёде кардаст, вале барои дарозмуддат ин тамоюли хубе нест.
Баъди ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гунаҳкор донист, мақомоти Русия назорат аз болои муҳоҷиронро сахтар карданд. Давоми ду соли ахир мақомоти Русия барои муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ ва зиндагии онҳоро сахт карданд.
Ҳусиҳои Яман як бандари муҳимро тасарруф карданд
Ҳукумати Яман, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст ва қароргоҳаш дар шаҳри Адан мебошад, гузориш дод, ки Ҳусиҳо (гурӯҳи "Ансоруллоҳ"), ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, пас аз тасарруфи бандари Ал-Махо, ба тарафи ҷазираҳои Ҳаниш дар Баҳри Сурх пешравӣ кардаанд.
Чаҳор манбаи низомии ҳукумати Яман дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" тасдиқ карданд, ки ҳусиҳо назорати шаҳри таърихии Ал-Махоро ба даст гирифтанд.
Ал-Махо дар ҳудуди 75-километрии шимоли тангаи Бобулмандаб қарор дорад ва ин пешравӣ метавонад нуфузи ин гурӯҳ бар ин тангаро, ки яке аз муҳимтарин масирҳои киштиронии ҷаҳон аст, афзоиш диҳад.
Ҳусиҳо бо оғози ҳамла ба ҷазираҳои Ҳаниш, нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидонашонро ба тарафи ҷануб ва ба сӯи шаҳри Зу Боб ақиб ронданд. Шаҳри Зу Боб дар ҳамсоягии тангаи Бобулмандаб ва дар муқобили ҷазираи Парем воқеъ шудааст.
Ин ҳамла бахше аз талошҳои ин гурӯҳ барои ба даст гирифтани назорати тамоми навори соҳили ғарбии Яман мебошад. Дар рӯзҳои ахир, даргириҳо миёни ҳусиҳо ва нерӯҳои вафодор ба ҳукумати Яман, ки мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ мебошад, авҷ гирифтааст. Садҳо нафар дар ин даргириҳо ба ҳалокат расиданд ва ҳазорон нафар хонаву дари худро тарк карданд.
Тангаи Бобулмандаб Баҳри Сурхро бо Халиҷи Адан пайваст мекунад ва як масири муҳим барои тиҷорати баҳрии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин танга маҷрое барои интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба Аврупо, Осиё ва дигар минтақаҳои ҷаҳон аст.
Аҳамияти ин оброҳа дар пайи пеш омадани мушкил дар киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз афзоиш ёфтааст. Арабистони Саудӣ дар ҳоли тағйири масири интиқоли рӯзонаи миллионҳо бушка нафт аз тариқи бандари Янбуъ дар Баҳри Сурх аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳусиҳо аз муҳосираи баҳрӣ алайҳи Арабистони Саудӣ хабар доданд. Пешравии ин гурӯҳ ба тарафи Бобулмандаб таҳдиди бештар барои содироти нафти Арабистони Саудӣ эҷод кардааст.
Дар ҳоле, ки ин даргириҳо боло гирифтааст, хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки Покистон ҳушдори Арабистони Саудиро ба Эрон интиқол дода ва аз Теҳрон хостааст, пеши роҳи ҳусиҳоро бигирад. Як мақоми баландпояи эронӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, посухи Эрон ин будааст, ки "Теҳрон контроле бар ҳусиҳо надорад".
Бо ин ҳол, ду манбаи эронӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, Теҳрон ҳафтаи гузашта ҳусиҳоро ба анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Арабистони Саудӣ ташвиқ карда ва ваъдаи кӯмаки молӣ ва аслиҳаи бештаре ба ин гурӯҳ додааст. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, чанд фармондеҳи Сипоҳи посдорон низ барои кӯмак ба ҳамоҳангии ҳамлаҳо ба Яман сафар кардаанд.
Ин иддаоҳо ба таври мустақил тасдиқ нашуда ва Эрон борҳо ҳусиҳоро гурӯҳи мустақил муаррифӣ кардааст. Исмоли Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 10 сентябр низ гуфт, ҳусиҳо "на аз касе дастур мепазиранд ва на намояндаи дигарон" ҳастанд.
Ҳусиҳо дар соли 2014 шаҳри Санъо, пойтахти Яманро тасарруф карданд. Дар соли 2015 Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз ҳукумати барасмиятшинохташуда дар сатҳи байналмилалӣ, раҳбарии як эътилофи низомиро бар ӯҳда гирифт. Оташбасе, ки дар соли 2022 бо миёнҷигарии СММ барқарор шуд, даргириҳоро ба таври чашмрас коҳиш дод, аммо боиси як тавофуқи сиёсӣ нашуд.
AI:Ҷалби хориҷиҳо аз сӯи Русия барои ҷанг "қочоқи инсон" аст
Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International эълон кард, Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷанги Украина, дар мавридҳое аз фиреб, зӯр ва ваъдаҳои дурӯғин истифода карда ва ин раванд дар бисёре аз ҳолатҳои "намунаи қочоқи инсон" аст.
Ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар гузорише, ки рӯзи 10 сентябр нашр шуд, эълон кард, бо беш аз 12 шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Колумбия, Куба, Миср, Сомали, Африқои Ҷанубӣ, ки дар ду урдугоҳи асирони ҷангӣ дар Украина нигаҳдорӣ мешуданд, мусоҳиба кардааст.
Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал, танҳо се нафар аз мусоҳибашудагон ҳангоми имзои қарордод медонистанд, ки қарор аст барои ҷангидан дар Украина фиристода шаванд.
Бархеи дигар гуфтаанд, бо ваъдаи маоши баланд, подош ва ҳатто имкони дарёфти шаҳрвандии Русия ҷалб шудаанд, аммо ин ваъдаҳо ба таври комил амалӣ нашудааст.
Асирони ҷангӣ аз Бразилия ва Шриланка низ гуфтаанд, пас аз имзои қарордод, гузарномаҳо ва телефонҳои ҳамроҳашон гирифта шуд ва қарордодҳо фақат ба забони русӣ будааст. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, пеш аз фиристодан ба ҷабҳаҳои ҷанг, танҳо ду ҳафта омӯзиши низомӣ дидаанд.
Агнес Калламард, дабири кулли созмони Афви Байналмилал гуфт, мизони "истисмор ва иҷбор" дар ин мавридҳо боис шудааст, ин созмон натиҷа бигирад, ки бисёре аз онҳо бар асоси санадҳои ин созмон, намуна ва гувоҳи қочоқи инсон аст.
Афви Байналмилал гуфтааст. бинобар мамнуъ шудани фаъолиятҳои ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия аз моҳи майи соли 2025, имкони анҷоми таҳқиқ дар дохили ин кишварро надоштааст.
Додгоҳ ҷазои Қамчибек Тошиевро сабуктар кардааст
Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми чанде аз мансабдорони собиқи Қирғизистон аз ҷумла ҳукми зиндони шартии Қамчибек Тошиев, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии ин кишварро сабуктар кардааст. Номи Қамчибек Тошиев барои тоҷикон ҳам бисёр ошност, зеро ӯро яке аз сабабгори асосии муноқишаи хунин байни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари марз медонанд.
Дар мурофиаи паси дарҳои баста дар рӯзи 10-уми сентябр додгоҳи шаҳрӣ ҳукми тамоми 8 муттаҳамон ба “омодагӣ барои ғасби ҳукумат”- ро тағйир дода ва онҳоро ба ду солии зиндони шартӣ маҳкум кардааст.
Дар ин парванда бар иловаи Қамчибек Тошиев, номи Қурмонбек Зулушев, додситони собиқи кулл, Нурланбек Турғунбекулу, раиси собиқи порлумон, Курсан Асанов, муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ, Олӣ Қарашев муовини собиқи нахуствазир ва номи сиёсатмадорони дигар Эмилбек Узакбоев, Бекболот Талгарбеков ва Қурмонбек Диканбоев низ ҳаст.
Ду моҳ пештар аз ин дар рӯзи 2-уми июл додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 8 мансабдори собиқро ба се соли зиндони шартӣ маҳкум карда буд. Қисме аз муттаҳамонро, ки ба сӯистифода аз мақом муттаҳам мешуданд, бегуноҳ эълон карданд.
Додгоҳи шаҳри Бишкек иттиҳоми “омодагӣ ба ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр”-ро беасос дониста, онҳоро ба “монеъ шудан истифода аз ҳаққи раъйдиҳӣ” гунаҳкор донистааст. Дар бораи тағйири ҳукм вакилони дифои муттаҳамон ба ҷиноят хабар доданд.
Ҷомарт Ашӯрбоев, вакили дифои Қурмонқул Зулушев, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳукм ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят мебаранд. Додситонии кулл рӯзи 3-уми август аз додгоҳ тақозо кардааст, ки ҳукми муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар ва онҳоро то 9 солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.
Вакилони дифоъ исрор меварзанд, ки зерҳимояҳои онҳо ҳеч гуноҳе накардаанд ва ҳукмҳо беэътибор карда шаванд. Ҳамаи ин афрод баъди он ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки бо имзои як муроҷиатнома ба раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов, хостанд интихоботи зудрас баргузор кунад. Баъди ин теъдоде аз онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо гузошта буданд, ба омодагӣ барои ғасби ҳукумат муттаҳам ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
Ҳаракати хокбориш ба самти Тоҷикистон ва ҳушдор аз он
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз ҳаракати хокбориш ба самти кишвар ва олудагии эҳтимолии ҳавои кишвар ҳушдор додааст.
Дар огаҳии расмие, ки ҳавошиносон дар вебсайти худ нашр кардаанд, омадааст, “Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр то 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бинобар хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво... дар назар аст.”
Ҳавошиносони тоҷик ба мардум ҳушдор додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти зиёд, бахусус дар маҳаллаҳои пур аз мошин худдорӣ кунанд ва дар хона бимонанд. Табибони тоҷик ҳам дар чунин рӯзҳо тавсия медиҳанд, ки кӯдакон, наврасон, пиронсолон, занони бордор, гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас бе зарурат аз хона набароянд.”
Дар Тоҷикистон хокбориш солҳои ахир зиёдтар шудааст ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ танҳо дар соли гузашта 216 рӯз давом кардааст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, соли 2025 дар кишвар 63 мавриди олудагии ҳаворо сабт кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2024 тақрибан як баробар бештар будааст.
Исроил консулгарии Бритониёро дар Байтулмуқаддас мебандад
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми исроилӣ гузориш дод, ки ин кишвар ба консулгарии Бритониё дар Байтулмуқаддас иттилоъ додааст, ки бояд тайи 30 рӯзи оянда баста шавад ва дипломатҳои бритониёӣ дар ин ниҳоди дипломатӣ эътиборномаи худро аз даст медиҳанд.
Ҳамчунин Исроил ба намояндагони Бритониё дар Ҳайати сулҳи Ғазза ба раҳбарии ИМА ва дипломатҳои бритониёии ҳозир дар Ромуллоҳ дастур додааст, давоми ҳафт рӯз онҷоро тарк кунанд.
Бритониё рӯзи 8 август бо интиқод аз афзоиши хушунати шаҳракнишинҳои яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ, аз манъи тиҷорати колоҳои тавлидшуда дар ин шаҳракҳо хабар дод ва эълон кард, ин иқдом бо ҳамоҳангии Фаронса ва Канада анҷом мешавад.
Ҳамзамон бо Бритониё, Фаронса ва Канада эълон карданд, ки воридоти коло аз шаҳракҳои исроилиро мамнуъ хоҳанд кард.
Вазири корҳои хориҷии Бритониё дар як суханронӣ дар порлумони ин кишвар бо интиқод аз хушунати шаҳракнишинҳо, аз ончӣ "поксозии қавмӣ" тавассути онҳо номид, интиқод кард.
Рӯзи 8 август, 12 кишвар, аз ҷумла, Бритониё, Дания, Финландия, Исландия, Ирландия, Норвегия, Лаҳистон, Португалия, Испания ва Шведсия эълон карданд, ки дар пайи афзоиши ҳамлаҳои шаҳракнишинони яҳудинишин ба деҳаҳои фаластинӣ, таҳримҳоеро алайҳи тиҷорат бо ин шаҳракҳо дар Каронаи Бохтарӣ ҷорӣ хоҳанд кард.
Фаронса ва Шведсия низ, ки аз иқдоми Бритониё ҳимоят кардаанд, дар Байтулмуқаддас консулгариҳо доранд, ки назди Ташкилоти худгардони Фаластин ба расмият шинохта шудаанд.
Фавти як ҷавон дар рӯзи ҷашн дар Суғд
Як корманди давлатӣ дар шаҳри Конибодом рӯзи ҳафтуми сентябр дар чорабинии бахшида ба Истиқлолият фавтидааст.
Аз ӯ Хушбахт Акрамов сокини 36 - солаи деҳаи Зарбеди ин шаҳр ном бурда мешавад. Вай тули чанд соли охир ба ҳайси котиби Ҷамоати Пӯлодон кор мекардааст. Дар ин бора чанд манбаъи Радиои Озодӣ хабар доданд.
Як масъули беморхонаи шаҳрӣ бидуни зикри номаш гуфт, ки "Пеш аз гашти низомӣ ҳангоми табрикоти раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бахшида ба 35 -солагии истиқлолияти давлатӣ ин корманди ҷамоати Пӯлодон аз ҳуш рафт ва зуд ба ёрии таъҷилӣ, ки онҷо истода буд, савор карданд. Дар роҳ бо вуҷуди кумаки аввалия наҷот дода нашуд. Хушбахт Акрамов тули ду моҳ дар омодагии гашти низомӣ фаъолона иштирок мекард. Вале он рӯз беҳол гардид".
Як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, ки у бемории саръ (эпилепсия) дошт ва он рӯз хуруҷ кард. Маҳз ин беморияш сабаби аз ҳуш рафтан ва сипас фавтиданаш гардид.
Хабари даргузашти ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навиштаанд. Вале сабаби маргаш дар онҷо зикр нашудааст. Аз ӯ ҳамчун ҷавони ватандӯсту хайрхоҳ ва кумакрасони одамон тавсиф кардаанд.
Кувайт дар Тоҷикистон сафорат боз кард
Давлати Кувайт сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард ва Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба унвони нахустин сафири худ ба Душанбе фиристод.
Кувайт севумин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аст, ки намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад. Аз ин қабл, Арабистони Саудӣ ва Қатар сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон боз карда буданд.
Сафорати навтаъсиси Давлати Кувайт дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, зимни таманниёти нек ба тоҷикистониён, аз омодагии Кувайт барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид кард.
"Ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти намояндагии дипломатии доимии Кувайт марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, аз талошҳои ду кишвар барои таҳкими робитаҳои мустақим ва тавсеаи самтҳои ҳамкории муштарак шаҳодат медиҳад",-омадааст дар ин баёния.
Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши иқтисод, фарҳанг ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳо доранд.
Дар моҳи ноябри соли 2024 пойтахти Кувайт мизбони конфронс оид ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм буд, ки аз ҷониби Кувайт, Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм (UNOCT) ба таври муштарак ташкил шуда буд.
Давлати Кувайт ҳамчунин аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардааст. Фонди кувайтии тараққиёти иқтисоди арабӣ дар моҳи декабри соли 2024, барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар қарз ҷудо кард.
Ҳамчунин дар моҳи июни соли ҷорӣ Бунёди кувайтӣ барои рушди иқтисоди арабӣ бо Вазорати молияи Тоҷикистон барои тарҳи рушди мактабҳо дар Тоҷикистон, ба маблағи 6 миллион динори кувайтӣ (тақрибан 19,2 млн доллари ИМА) созишномаи қарзӣ имзо намуд.
Аз ин пеш ин Бунёд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн динори кувайтӣ барои тарҳҳо дар бахшҳои роҳсозӣ, энержӣ ва обёрӣ, қарз дода буд.
Тоҷикистон ҳам сафорати худро дар Давлати Кувайт дорад. Он дар моҳи январи соли 2013 ифтитоҳ шуда буд.
Таҳқиқ: "$100 млрд" хароҷоти иловагии ҷанги Эрон барои амрикоиҳо
Бар асоси баровардаҳое, ки Донишгоҳи Бровн дар Амрико анҷом додааст, ҷанг бо Эрон барои амрикоиҳо 100 миллиард доллар хароҷоти иловагии энержӣ ба ҳамроҳ доштааст.
Ин маълумот, ки рӯзи 7 сентябр нашр шуд, мегӯяд, ин хароҷот ҳар ду дақиқа як миллион доллар афзоиш меёбад.
Пажӯҳиши "Пайгирии хароҷоти энержии ҷанги Эрон"-ро Маркази Ватсони Донишгоҳи Бровн дар умури байналмилалӣ ва сиёсати умумӣ анҷом додааст.
Ин ниҳод аз замони оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон дар 28 феврали соли ҷорӣ, қимати бензин ва гази моеъро дар Амрико дунболагирӣ кардааст.
Баровардаҳо нишон медиҳад, ки маҷмуи ин хароҷоти изофӣ тақрибан баробари ҳудуди 762 доллар барои ҳар хонавода мерасад, бар асоси тахмин, 131 миллион хонавода дар саросари Амрико.
Афзоиши қимати сӯзишворӣ дар натиҷаи ҷанг, боиси сар задани норизоятиҳое дар Амрико шудааст.
Ҳудуди 20 дарсад аз содироти нафт ва гази ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад. Оброҳае, ки Эрон мегӯяд, онро бастааст, вале ИМА таъкид дорад, ки боз аст.
Бонки миллӣ сиккаҳои тилоии 500 сомонӣ мефурӯшад
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ба муносибати 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, сиккаҳои ҷашни нуқрагин ва тилоиро ба муомила баровардааст.
Танга ва ё сиккаҳои хотиравӣ аз 50 то 500 сомонӣ арзиш доранд. Дар ин тангаҳо нишони давлатии Тоҷикистон ва арзиши он ифода шудааст.
Дар аксҳои ин сиккаҳо, ки Бонки миллӣ нашр кардааст, дар давродаври танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт шудааст ва ба гуфтаи бонк: «дар қисмати рости поёни доираи берунӣ иёри филиз Au 999 - тилло, Ag 925 - нуқра ва вазни танга нишон дода шудааст.”
Радиои Озодӣ бо саволи ин ки оё нархи тангаҳои ҷашнӣ чанд аст, ба Бонки миллӣ муроҷиат кард. Як корманди он шарҳ дод, ки нархи фурӯши ҳар танга вобаста аз вазни он таъйин мешавад.
Дар рӯи сиккаи тило ё нуқра вазни он навишта шудааст ва мутобиқ ба нархи ин филизот дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳамон рӯз, сиккаҳо ҳам бо ҳамон арзиш фурӯхта мешаванд. Сиккаҳои хотиравӣ бо тасвири «Маҷмааи Истиқлол», манзараҳои Тоҷикистон — кӯҳу пиряхҳо, табиат, роҳу нақб ва неругоҳ таҳия шудаанд.
"Азия Плюс" аз ин пас бо хатти форсӣ ҳам дастрас аст
"Азия-Плюс", яке аз расонаҳои камшумор ва мустақили Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, бахши форсӣ роҳандозӣ кард.
Ин расона, ки хабаргузорӣ ва нашрияву радио ва маҷаллаҳои дигар низ дорад, гуфтааст, ки ҳадафи асосии нашри матолиб бо хатти форсӣ, «дастрас кардани хабару иттилои муҳим дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба форсизабонони ҷаҳон аст.»
Умед Бобохонов, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" гуфтааст, ки яке аз ҳадафҳои бахши нав «эҷоди пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва ҷаҳони форсизабон аст.»
Дар баёнияи «Азия Плюс» омадааст, ин бахш «ба муаррифии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон, аз ҷумла иқтисод, ҷомеа, адабиёт, илм ва фарҳанг, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои гардишгарӣ ва мероси таърихию фарҳангии кишвар ба форсизабонҳо равона хоҳад шуд.»
"Азия-Плюс", ки дар ибтидо фақат бо забони русӣ хабару гузориш нашр мекард, ҳоло бо ду забон матлабу барномаҳояшро нашру пахш мекунад. “Азия Плюс” танҳо дар cаҳифаҳои худ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Фейсбук бештар аз 300 000 пайрав дорад.
Футболбозони ҷавони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо шикаст додани ҳамсолони худ аз Урдун, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.
Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 6 август дар даври ниҳомии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёи -2027, мунтахаби ҷавонони Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Голи ягонаи ин рӯёрӯиро Муҳаммадҷон Исҳоқов дар дақиқаи 55-и бозӣ вориди дарвозаи урдуниҳо кард.
Ҳамин тавр, шогирдони Рустам Хоҷаев бо шаш имтиёз ва садрнишинӣ дар гурӯҳи худ, ба марҳилаи ниҳомии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд.
Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои U-20, соли оянда дар Чин баргузор мешавад.
Дар Душанбе паради низомӣ доир шуд
Рӯзи 7 сентябр дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон парад ё гузашти низомӣ доир шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин парад, ки боз ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, ҳазорон низомӣ иштирок карданд.
Ба ин муносибат, субҳи 7 сентябр равуои нақлиёт дар бархе аз хиёбонҳои пойтахт маҳдуд шуд.
Дар назар аст ба муносибати ҷашни истиқлол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар парадҳои низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор шаванд.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ва баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти хешро расман эълон кард.
Созиши 5 кишвар барои интиқоли муҳоҷирони бесанад ба берун аз Аврупо
Олмон, Австрия, Юнон, Дания ва Ҳолланд эълон карданд, дар талошанд то поёни соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонидани муҳоҷироне, ки санади иқомати қонунӣ надоранд, ба созиш бирасанд.
Вазирони корҳои дохилии ин кишварҳо рӯзи 4 сентябр дар Копенгаген гуфтанд, дар бораи гомҳои мушаххас барои даст ёфтан ба чунин созише ба тавофуқ расиданд, аммо аз кишварҳои эҳтимолии мизбони ин марказҳо ном набурданд.
Александр Добринт, вазири корҳои дохилии Олмон гуфт, ҳадаф ин аст, ки созиш бо кишварҳои севум дар соли ҷорӣ ниҳоӣ шавад. Ин кишварҳо қарор аст дар поёни моҳи сентябр бори дигар дар Мюнхен ҷаласа баргузор кунанд.
Порлумони Аврупо дар моҳи июн ислоҳотеро дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳодия ворид кард, ки раванди ихроҷи муҳоҷиронро метезонад ва таъсиси марказҳои бозгардондан дар берун аз иттиҳодияро мумкин мекунад.
Шӯрои Аврупо ва чанд созмони пуштибони ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки чунин марказҳо метавонад ҳуқуқҳои асосии паноҳҷӯёнро нақз кунад. Шӯрои паноҳандагони Дания низ гуфтааст, ки ин тарҳ монеи истифодаи муҳоҷирон аз масирҳои хатарноктаре хоҳад шуд.
Ҳукумати Дания интизор дорад то поёни соли 2027 имкони интиқоли муҳоҷирон ба яке аз ин марказҳоро фароҳам кунад. Мақомҳои панҷ кишвар ҳамчунин гуфтаанд, дар бораи марҳилаҳои баъдӣ бо Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, гуфтугӯ хоҳад кард.