Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жарфтар дар қаъри замини Тоҷикистон. Чӣ гуна Чин конҳоро барои худ ҳифз мекунад?


Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон

Ширкатҳои чинӣ ҳамчунон ба истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Мақомоти давлатӣ, зоҳиран, инро намунаи хуби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои Чин медонанд, вале на ҳама ба ин ақида ҳамнавоянд.

Коршиносон ин вазъи тақрибан инҳисоркардаи Пекинро дар ин бахш ба ночорӣ ва набуди сармоягузорони дигар алоқаманд медонанд, вале дар баробари ин рискҳоеро, ки эҳтимол аст дар оянда иттифоқ биуфтанд, истисно намедонанд.

Сармоягузориҳои нав

Қарордоди сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати чинӣ дар мавриди истихроҷи кони нуқраи “Якҷилва” дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон рӯзи 14-уми июн дар арафаи форуми сармоягузорие, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, ба имзо расид. Онро раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ва раиси шӯрои мудирони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Каши Синюй Майнинг Инвестмент Лимитед” хонум Жоу Мин имзо карданд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ва шартҳои қарордоди кон мисли дигар ҳолатҳо барои ҷомеа дастрас нестанд.

Вале маълум аст, ки захираи нуқра дар ин кон тибқи маълумоти Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои Тоҷикистон беш аз 200 тоннаро ташкил медиҳад. Чанд сол қабл сардори пешинаи Саридораи геология ва ҳоло муовини сарвазир Азим Иброҳим гуфта буд, ки “Якҷилва” аз рӯйи ҳаҷми нуқра дар як тонна маъдан шояд чандин бор бештар аз додаҳои “Кони Мансури калон” бошад, ки бузургтарин кони нуқра дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Маълумот дар бораи ин кон ҳанӯз соли 1962 ба даст омадааст. Аз соли 2007 то 2013 ба корҳои иктишофии геологи дар ин ҷой ширкати қазоқии С.A.MINERALS. сару кор гирифт.

Мушкили асосии истихроҷи кон камбуд (набуд)-и қувваи барқ дар ноҳияи Мурғоб дониста мешавад. Корбурди барқе, ки аз ҳисоби маводи сӯхт тавлид шавад, метавонад арзиши нуқраро боло барад ва аз ин рӯ сармоягузорон ба ин тарҳ чандон таваҷҷуҳ накарданд.

Ба назар мерасад, ширкати чинӣ роҳи муносиб ва фоидаовари ҳузур дар онро пайдо кардааст.

“Ин нахустин дастёбӣ нест”

Соли аввал нест, ки дар бахши маъдани куҳии Тоҷикистон ширкатҳои чинӣ пешдастӣ мекунанд. Дар ин миён бузургтарини онҳо корхонаи муштараки чиниву тоҷикии “Зарафшон” аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он мансуб ба ширкати чинии Zijin Mining Group Co. Ltd мебошад.

“Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” ба истихроҷу коркарди маъданҳои сурбу руҳ дар конҳои Олтин-Топкан (ҳоло Зарнисор) ва Пай-Булоқ сару кор дорад. “Бартек Точикистон майнинг” кони Мушкистон дар ноҳияи Панҷакентро аз худ ва коркард мекунад. China Nonferrous Gold Limited. ба истихроҷи тило дар пурзахиратарин кони тило бо зарфияти 134 тонна дар шаҳри Ваҳдат мепардозад.

Дар оғози имсол Вазорати саноати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ширкати чинии ТВЕА ба истихроҷи ду кони тило “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ сару кор мегирад. Ширкат ба ин конҳо дар бадали бунёди МБГ “Душанбе - 2”, ки арзиши он 330 миллион доллар мебошад, даст ёфт. Бар асоси қарордод тило то замоне истихроҷ мешавад, ки маблағҳои масрафшуда барқарор нашаванд. Захираи умумии тило дар ин ду кон 52 тоннаро ташкил медиҳад.

"Сармоягузорӣ аз ночорӣ"

Маҳз нақшаи “сармоя дар бадали дастрасӣ ба захираҳо” барои ҷалби сармояҳои чинӣ ба хотири ободонии пойтахти Тоҷикистон истифода шуд. Ба гуфтаи коршиносон дар пасманзари муҳити номусоиди сармоягузорӣ, ин равиш метавонад ба ҳамон андозае, ки мувофиқ аст ба ҳамон андоза хатарнок бошад.

“Кишварҳои дигар бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва шароити дигар омода нестанд, бо мо ҳамкорӣ кунанд ва Чин инро бисёр моҳирона истифода мебарад”, -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён.

Коршинос эътироф мекунад, ки Чин зарфиятҳои бузург ва таҷрибаи муносиб дар бахши маъданҳои кӯҳӣ дорад, вале ҷалби сармоя дар шакли қарзҳо дар оянда хатарҳоро ба бор меоварад. “Хатар дар он аст, ки мо дар воқеъ имкони пардохти қарзҳоро надорем ва дар ояндаи наздик Чин аз нигоҳи ҳуқуқӣ метавонад тамоми конҳои моро соҳиб шавад”, -- пешгӯӣ мекунад Исмоилиён.

Вале коршиносони наздик ба ҳукумат Пекинро “шарики боэътимод” меҳисобанд. Масалан, соли 2017 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ Худойбердӣ Холиқназар гуфта буд, ки “Чин ҳамеша ба ваъдаҳояш пойбанд боқӣ мемонад. Ҳама қарордоде, ки миёни кишварҳо баста мешаванд, аз сӯйи Чин тамоми талошҳо барои иҷро кардани онҳо карда мешавад ва ба рушди кишвари мо мусоидат мекунанд”.

Чин саноати Тоҷикистонро рушд медиҳад?

Ба ҷуз аз ширкатҳои чинӣ дар бахши маъданҳои куҳии Тоҷикистон чандин сармоягузори дигари хориҷӣ низ амал мекунанд. Аз ҷумла , КМ “Анзоб”, ки 100 дарсад мутааллиқ ба ширкати амрикоии Comsap Ink. мебошад, “Апрелевка”, ки 49 дарсад мансуб ба ширкати канадагии Gulf UK ва дар гузашта Central Asian Minerals and Resources PLC (CAMAR) аст ва ҳамчунин Корхонаи маъдантозакунии Адрасмон, ки 100 дарсад моликияти ширкати қазоқии ҶС “Кони Мансур” аст.

Дар бештари ҳолатҳо ширкатҳои хориҷӣ ашёи хомро аз ин ҷо мебаранд ва маҳсулотро дар берун аз Тоҷикистон омода мекунанд. Бо ҳадафи аз байн бурдани ин падида ва рушди саноати Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон изҳор карда буд, ки иҷозатнома барои истихроҷи конҳои металҳои рангаро танҳо ширкатҳое ба даст меоваранд, ки омодаанд маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар истеҳсол кунанд. Вале ин чораҳои андешидашуда ба афзоиши заводҳои металлургӣ дар кишвар асаргузор нашуд.

“Дар кишвар татбиқи ҳадафи чаҳоруми стратегӣ -- саноатӣ кардан дар ҷараён аст, ки президент пеш гузошт ва аз ин рӯ ҷалби ҳар гуна сармоя аз ҳар ҷойе барои мо бисёр муҳим мебошад. Масъалаи дигар ин аст, ки фаъолияти ин ширкатҳо бояд шаффоф бошад ва аз ҷумла рӯзноманигорон бояд имкони инъикоси корҳои онҳоро дошта бошанд”, -- мегӯяд сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Дар маҷмуъ, ҳаҷми бахши маъданҳои кӯҳии саноати Тоҷикистон дар 18 соли ахир аз 1 дарсад соли 2000 то 24,8 дарсад дар соли 2018 боло рафтааст. Дар Барномаи рушди металлургии ранга ва сиёҳ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 ҷалби ҳудуди 300 миллион доллар ба ин бахш барои навсозӣ ширкатҳои бузурги мавҷуда, роҳандозии тавоноиҳои нав ва истихроҷи конҳои нав пешбинӣ шудааст. Ва умеди асосӣ барои Душанбе ҳамоно Чин боқӣ мемонад.

Дар миёни коршиносони мустақил вобаста ба ҳадафҳои саноатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи Пекин шубҳаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. “Бо ворез кардани маблағҳо дар ин ҷо нахуст онҳо вобастагиро боло мебаранд, дувум назорат ба захираҳои минералии маҳаллиро роҳандозӣ мекунанд ва сеюм онҳо ҳеч вақт дар ин ҷо ба рушди саноат мусоидат намекунанд, зеро агар ин кор сурат бигирад онҳо худ барои худ рақиб эҷод мекунанд”, -- бовар дорад сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, саноати ташкилшуда аллакай ниёз ба захираҳо барои худ дорад, ки наметавонад посухгӯи манфиатҳои Чин бошад.

Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва дар соли гузашта ҳаҷми гардиши тиҷорати берунӣ миёни ду кишвар аз марзи 1,5 млрд доллар гузашт. Қисми аъзами қарзи берунии Тоҷикистон ҳам марбути Чин аст. Ин кишвар шомили сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегиро барои Душанбе ба даст овардааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG