Дар чанд ҷумла
Трамп гуфт, дар ҳамоиши Ҷопон бо Путин мулоқот хоҳад кард
Президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар нишасти сарони "Бистгонаи бузург" дар Ҷопон бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид хоҳад дошт. "Ман мехоҳам бо Русия забон ёбам", - изҳор дошт Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News.
Як рӯз пеш Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, аз нақшаи дидори эҳтимолии Путин ва Трамп дар Ҷопон хабар надорад. Вай афзуд, ки ҷадвали мулоқоти сарон дар ҳошияи нишаст дар ҳоли таҳяи шудан аст.
Путин дар нимаҳои моҳи май дар назди хабарнигорон дар Сочӣ ишора намуд, ки кишвараш умедвори беҳбуди равобит бо Вашингтон аст ва мулоқот бо Трампро дар ҳамоши сарон дар Ҷопон аз эҳтимол дур надонист.
Чунин дидор дар самити пешинаи "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес охири соли гузашта бо вуҷуди эълонҳои зиёди пешакӣ баргузор нагашт. Он гоҳ боздошт шудани 24 маллоҳи украинӣ аз тарафи марзбонони рус дар соҳилҳои Қрими ишғолшуда аз ҷониби Русия ба ин мулоқот халал расонд. Маллоҳон ҳамоно дар асорати Русия ба сар мебаранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Амрико барои кораш сипос гуфтааст
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе, аз саҳми ӯ дар таҳкими ҳамкориву муносибатҳои ду кишвар изҳори сипос кардааст.
Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, вазир Мануэл Микаллерро дар ҳамин рӯз ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст. Дар баёния омадааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин ба дипломати амрикоӣ “барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.”
Ду тараф зимни сӯҳбат ҳамчунин дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Амрико табодули афкор кардаанд. Мануел Микаллер аз охири соли 2022 ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе кор мекард. Забонҳои тоҷикӣ ва русиро ҳам медонад.
Садама дар Қубодиён ҷони падари ҷавону ду тифли хурдсолашро гирифт
Дар як садамаи фоҷиабор дар вилояти Хатлон падари ҷавоне бо ду тифли хурдсолаш ҷон бохта ва танҳо яке аз онҳо зинда мондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки садама шоми 9-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорат, Ҷурабек Сафарови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар мошин аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст ва дар натиҷа мошин ба канал ва ё наҳри назди хонаашон чаппа шудааст.
Дар ин фалокат, худи падар ва тифлони 4-сола ва 2-солааш Абдулло ва Яҳё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд ва писари бузургӣ Муҳаммад захм бардошта дар дар шифохона бистарӣ шудааст. Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Гоҳе дар ингуна садамаҳо хонаводаҳои комил аз байн мераванд.
Моҳи сентябри соли гузашта, бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо мошини борбар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Роҳи мушкилгузари Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки роҳи душворгузари "Айнӣ-Куҳистони Мастоҳ" пурра таъмир ё бозсозӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои вазорат, ширкати машваратии "NARCO Consultants"-и Кувайт якҷо бо "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” –и ПЛИН" лоиҳаи таъмири роҳи "Айнӣ –Кӯҳистони Мастчоҳ"-ро таҳия мекунанд.
Мақомот гуфтанд, ки тибқи лоиҳа роҳи мазкур дар ду қисмат ва бо дарозии умумии 162 километр сохта мешавад.
"Қисмати аввал аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ деҳаи Меҳрон бо дарозии 80 км ва қисмати дуюм аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ҳамин ноҳия бо дарозии 82 км тӯл хоҳад кашид. Дар тӯли роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар ба нақша гирифта шудааст," – омадааст дар хабари расмӣ.
Роҳи "Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ" яке аз роҳҳо душворгузари Тоҷикистон мебошад, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, ягон бор таъмири куллӣ нашудааст.
Ин роҳ яке аз масирҳои асосии интиқолии картошка ва ангишт ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Сокинони ин минтақа шикоят карданд, ки аз сабаби хароб будани роҳ, "60 километрро дар 5-6 соат убур мекунанд.
Трамп аз мардуми Эрон хост, эътирозро идома диҳанд
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 13-уми январ аз эрониён даъват кард, ки ба эътирозҳои худ идома диҳанд. Трамп дар паёмаш ба мардуми Эрон ваъда дод, ки "кумак дар роҳ аст", аммо ҷузъиёти бештар надод.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин хабар дод, ки ҳама вохӯриҳо бо мақомҳои эрониро "то замони қатъ шудани куштани эътирозгарон” лағв кардаст. Доналд Трамп даъват кард, ки номи “қотилон ва шиканҷагарон” бояд маълум шавад. “Онҳо баҳои сангине хоҳанд пардохт”, - гуфт президенти Амрико.
Ба гузориши расонаҳо, изҳороти Доналд Трамп нишон аз тағйири мавқеи ИМА дар рӯзҳои ахир аст.
Рӯзи душанбеи 12-уми январ Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, роҳҳои иртиботи дипломатӣ бо Теҳрон боз аст. Худи Доналд Трамп 11-уми январ ба хабарнигорон гуфт, роҳбарони Эрон мехоҳанд бо Вашингтон музокира кунанд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи 13-уми январ гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои ахир Эрон 2003 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Ройтерс ҳам дар такя ба манбааш дар мақомоти Эрон шумораи кушташудаҳоро қариб 2000 эълон кард.
Саодат Амиршоева, нахустин зан-генерали тоҷик даргузашт
Генерал Саодат Амиршоева, яке аз вакилони дар гузашта пуровозаи порлумони Тоҷикистон субҳи 14-уми январ дар 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора як дӯсти хонаводаи ӯ ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, Амиршоева чанд вақти ахир бемор буд. "Тақрибан як соли пеш писараш вафот карда буд ва Амиршоева баъди ин ҳодиса ба худ наомад".
Саодат Амиршоева, нахустин генерали тоҷик аз миёни занон аст. Вай чандин сол дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун, дар маснадҳои раҳбарӣ, аз ҷумла ба ҳайси сардори Раёсати адлия дар вилояти Хатлон кор кардааст. Замони фаъолияташ чун вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо чанд пешниҳодаш пурсару садо шуда буд.
Ӯ гуфта буд, духтарони тоҷик набояд шавҳари хориҷӣ кунанд ва санҷиши бакорати душизагон як таҳқир аст ва аммо муҳимтарин пешниҳодаш манъи издивоҷи хешу таборӣ буд. Порлумони Тоҷикистон онро пазируфт ва қонунӣ кард.
Саодат Амиршоева соли 1953 дар деҳаи Паранаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Дар назар аст маросими видоъ бо ҳуқуқшиноси тоҷик имрӯз 14-уми январ дар манзили зисташ, ҷамъати Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён баргузор шавад.
Дар Қазоқистон беш аз ду ҳазор зиндониро афв карданд
Дар Қазоқистон ба муносибати 30-солагии Конститутсия кишвар афви маҳбусон сурат гирифт. Ба иттилои Кумитаи ВКД Қазоқистон оид ба низоми маҳбасҳо, бар асоси қонуни нави афв, беш аз 2 ҳазор маҳбус муассисаҳои ислоҳии ин кишварро тарк карда, ба озодӣ баромаданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар умум додгоҳҳои кишвар аризаи 16 ҳазор зиндониро барои афв баррасӣ карда, дар натиҷа, барои 11 ҳазор маҳбус мӯҳлати зиндонро коҳиш додаанд. Дар идораи зиндонҳои Қазоқистон гуфтанд, ки дар навбати аввал афроди аз ҷиҳати иҷтимоӣ заъифи мисли ноболиғон, занони кӯдакдор, занони ҳомиладор, пиронсолону маъюбон мавриди афв қарор гирифтанд. Ҳамаи озодшудаҳо таҳти назорати ходимони полис хоҳанд буд.
Мақомот таъкид карданд, ки афв нисбати онҳое татбиқ шуд, ки ҷиноятҳои сабук содир карда, онҳое, ки аз рӯи парвандаҳои вобаста ба хушунатҳои сангин, коррупсия, терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои ахлоқӣ, шиканҷа ва ҷиноятҳои такрорӣ ҳабс шудаанд, афв намешаванд. Қонуни афвро президент Қосимҷомарт Тоқаев ҳанӯз тобистони соли 2025 имзо карда буд.
Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми Осиё-2026
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 12-уми январ ба шаҳри Дубай расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), наврасони тоҷик дар Дубай бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ (13-уми январ) ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (16-уми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ду дарвозабон, ҳашт ҳимоятгар, даҳ нимҳимоятгар ва се ҳамлагар даъват шудаанд, ки 18 нафар аз бошгоҳҳои футболи кишвар ва 5 кас аз дастаҳои Русия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ муқобили тимҳои Арабистони Саудӣ (13-уми январ) ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (16-уми январ):
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Алиҷони Баҳодурзода (ҳарду аз «Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Исломҷон Ҳоҷиев (Академияи «Криля Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол», Душанбе), Шуҳрат Нурматов, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳарсе аз Академияи ФФТ), Ёқубҷон Муродов, Озодбек Танҷихолов (ҳарду аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Назарбек Маҳатов, Мансурбек Раимбердиев (ҳарду аз СШОР №1 Белгород, Русия), Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ», Ҳисор), Олимҷон Олимов (КМВА, Душанбе), Бахтовар Арабов («Душанбе»), Азизҷон Шодиев, Муҳаммадҷон Қудратов (ҳарду аз Академияи ФФТ), Усмон Ширинов (МҶМОВ, Душанбе);
Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов (Академияи «Космос», Маскав, Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата», Хуҷанд), Аминҷон Асоев («Душанбе»).
Сармураббӣ – Далер Каёсов.
Омӯзгорро барои таҳқири пайғамбари Ислом ҷазо додаанд
Як омӯзгори 21-соларо дар вилояти Самарқанди Узбекистон бо иттиҳоми “барангехтани адовати диниву мазҳабӣ" ба мӯҳлати 12 шабонарӯз ҳабс карданд. Дар ин бора нашрияи Gazeta.uz бо такя ба қарори додгоҳ хабар додааст.
Омӯзгори ҷавонро баъди он ба ҷавобгарӣ кашиданд, ки рӯзи 30 декабр дар як канали Телеграм дар бораи Муҳаммад пайғамбари мусулмонон бад ва ё "кӯдакозор" гуфтааст. Корбароне, ки ин гуфтаҳоро дидаанд, аз мақомот хостаанд, ки ӯро ҷазо диҳанд.
Рӯзи 9-уми январ мақомоти умури дохилӣ телефони ин муаллимро санҷида маълум карданд, ки муаллифи ин ҳарфҳо ӯ будааст. Худи ҳамон рӯз мурофиаи додгоҳӣ барпо карда, ба ӯ амр додаанд, ки барои хароҷоти ҳабс 741,6 ҳазор сӯм ё 61 доллар пардохт кунад.
Идомаи саркӯбҳо дар Эрон ва вокуниши ҷаҳониён
Мавҷи вокунишҳо ба эътирозҳои ахир дар Эрон ва саркӯби норозиён аз сӯи мақомоти қудратӣ идома дорад. Нахуствазири Суид ё Швейсария рӯзи якшанбеи 11-уми январ дар шабакаи X (Твиттер) навишт, “гузориши даҳшатнок аз Эрон дар бораи кушта шудани эътирозгарон нашр шудааст. Мо ҳаргуна истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарони мусолиматомезро маҳкум мекунем”.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони милал ҳам эълом кард, ки аз гузоришҳо дар бораи “хушунат ва истифодаи зӯр тавассути мақомҳои эронӣ алайҳи эътирозгарон”, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар гардид, ваҳшатзада шудааст. Гуттериш хостори барқарор кардани хатти интернет дар Эрон ва дастрасӣ ба иттилоъ шуд.
Эътирозҳо дар Эрон, ки бо далели боло рафтани нархҳо ва паст шудани қурби миллӣ сар зад, беш аз ду ҳафта аст, ки идома дорад. Мақомоти Эрон интернетро дар кишвар қатъ карда, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба саркӯби бераҳмонаи норозиён идома медиҳанд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи 11-уми январ гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои 15- рӯзи охир 544 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи созмон, дастикам 10,061 нафар боздошт шудааанд. Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо ба далели қатъи дастрасӣ ба интернет дар Эрон ғайриимкон аст.
Дар Душанбе даҳ даста барои Ҷоми ФФТ- 2026 мубориза мебарад
Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2026 дар минтақаи Душанбе 12-уми январ доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ-2026 пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила - пешакӣ ва ниҳоӣ - баргузор мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – тақсим мешаванд.
Дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи лигаи олӣ - КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор), «Сардор» (Турсунзода) ва панҷ дастаи лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Душанбе» (Душанбе), «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) - иштирок мекунанд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»: «Рангон» (Рӯдакӣ), «Сардор» (Турсунзода), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор).
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор).
Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23-юми январ оғоз меёбад. Чаҳор дастаи беҳтарин аз ин минтақа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбад.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки 22-юми феврал дар бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард.
Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷойи сеюм бар тими “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат мегирад. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2025):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0
Эълони нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ барои соли 2026
Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ барои соли 2026-ро эълон кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол нархи сафари ҳаҷ барои ҳар зоир 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин маблағ назар ба соли гузашта 4 ҳазор сомонӣ камтар аст. Зоҳиран паст шудани қурби доллар дар баробари асъори милли сомонӣ боиси коҳиши нархи сафари ҳаҷ шудааст.
Дар Кумитаи дин гуфтанд, нархи сафари ҳаҷ моҳи декабри соли гузашта муқаррар шуда, довталабон аллакай маблағҳои худро супориданд. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 5-6 ҳазор кас барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Соли 2025 Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.
Дар назар аст, ки имсол зоирон тақрибан моҳи май ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ бидуни раводиди ҳаҷ ба Арабистон сафар накунанд, чун метавонанд боздошт шаванд.
Ҳаҷ яке аз панҷ рукни дини Ислом аст ва адои он барои мусалмонони доро ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи дин ҳақ дорад сокинонро ба ҳаҷҷи фарзӣ фиристад. Қаблан ин ниҳод ба сокинон ҳушдор дода буд, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд ва аз талоши вуруд ба Макка бо роҳҳои ғайриқонунӣ худдорӣ варзанд. Дар акси ҳол имкон дорад аз сӯйи кишвари мизбони ин маросим, яъне Арабистони Саудӣ то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима шаванд.
Назарҳо ба адои ҳаҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон нест. Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гуруҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷҳои такрорӣ бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард.
Ёддошти эътирозии Арманистон ба сафири Русия
Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба Сафири Русия дар Ереван ёддошти эътирозӣ ё нота супоридааст. Дар ин нота Арманистон аз “изҳороте, ки дар шабакаҳои давлатии Русия садо дод, нигаронӣ кардааст”.
Сухан дар бораи барномаи Владимир Соловев, мубаллиғи рус меравад, ки густариши “Амалиёти махсуси низомӣ”-ро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон аз эҳтимол дур намедонад. Русия ҷангаш дар Украинаро “Амалиёти махсуси низомӣ” медонад.
Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба Сафири Русия гуфтааст, ин ҳарфҳои Соловев “поймол кардани истиқлолияти Арманистон ва дағалона вайрон кардани муносибатҳои дӯстонаи Маскав ва Ереван аст”. Ахиран Владимир Соловев дар як барномаи телевизионӣ гуфт, “минтақаи нуфуз” аз ҳуқуқи байналхалқӣ боло меистад.
Ин ҳарфҳои Владимир Соловев, мубаллиғи рус, дар пасманзари ҳодисаҳои Венесуэла, амалиёти ИМА зидди Николас Мадуро ва вокуниши вазорати корҳои хориҷии Русия садо дод. Рӯзҳои охир мубаллиғони Кремл дар бораи ҳудуди нуфузи абарқудратҳо бештар ҳарф мезананд.
Нахуствазири собиқи Гурҷистонро ба зиндон маҳкум карданд
Нахуствазири пешини Гурҷистонро дар ватанаш бо гуноҳи қонунӣ кардани даромадҳои зиёди аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада ба 5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Иракли Гарибашвилӣ, ки раиси собиқи ҳизби ҳокими “Ормони Гурҷистон” буд, ҳамчунин бояд як миллион ларӣ ва ё тақрибан 370 ҳазор доллар ҷарима пардозад.
Айни замон бо амри додгоҳ бояд пулҳоеро, ки “дар натиҷаи фаъолиятҳои ҷиноӣ ба даст омадаанд ва дар хонаи истиқоматии ӯ ёфтаанд”, ба нафъи давлат мусодира шавад ва он ҳам 6.5 миллион доллар будааст.
Радиои "Эхо Кавказа", бо такя ба вакили дифои Иракли Гарибашвилӣ навиштааст, ки ӯро боздоштгоҳ бурдаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, Гарибашвилӣ, ки аз соли 2019 то соли 2024 дар мақомҳои вазири дифоъ ва нахуствазир кор кардааст, ҳақ надошт, ҳамчун корманди давлатӣ ба соҳибкорӣ машғул шавад, вале ин корро пинҳонӣ карда ва ғайриқонунӣ даромад гирифтааст.
Дар парванда омадааст, ки ӯ дар эъломияи даромадҳояш, иттилооти дурӯғ нишон дода, аз аъзои хонаводааш ҳадяҳои бузурге ба даст овардааст ва ҳамингуна хостааст, қисме аз онҳо дар ҳаҷми 301 ҳазор долларро қонунӣ кунад.
Эмомалӣ Раҳмон як додраси дигарро аз кор рондааст
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо имзои чандин амру қарор се муовини вазири корҳои хориҷиро дигар карда ва чандин додрасро ҳам аз мақомҳояшон озод ва ба ҷойи онҳо дигар касро таъйин кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми январ бо афроде, ки мансаб гирифтаанд, суҳбат карда ва аз онҳо хостааст, ки “софдилона ва бовиҷдони пок” хидмат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон 22 додрасро ба вазифаҳои нав таъйин карда, вале Саидхоҷа Шарифзода, як додраси додгоҳи Роғунро "барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад" аз мақомаш барканор кардааст. Аз ин пеш дар рӯзи 4-уми январ Мирзо Одиназода, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанберо аз мақомаш барканор кард. Дар гузашта додрасҳоеро, ки бо сабаб аз кор рондаанд, ба ришвахорӣ муттаҳам кардаву ҷазо ҳам додаанд.
Моҳи январ ва феврал маъмулан мавсими барканорӣ ва ба мансабҳои нав таъйин кардани мансабдорон дар ҳукумати Тоҷикистон аст. Мунтақидон мегӯянд, бештари афрод бо назардошти садоқати шахсӣ ба президент аз як вазифа ба вазифаи дигар мегузаранд.
Ангишти қирғизӣ дар Тоҷикистон камчин ва гарон шудааст
Тоҷирон ва сокинони вилояти Суғд мегӯянд, баръакси умедвориашон воридоти ангишти қирғизӣ назар ба солҳои пеш ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Чор соли охир бо вуҷуди баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин маводи сӯхт нисбатан дастрас буд. Бо кушодани шудани марз имсол нархаш боло рафт. Ин ҳолат дар пасманзари камбарқӣ сокинон ва ҳам худи тоҷиронро ба ташвиш овардааст.
Дадобой Юсуфов, ки 5 сол боз ба фурӯши ангишт машғул аст, мегӯяд, имсол дар кораш бебандубориҳо пеш омад. Он ҳам вобаста ба воридоти ангишт аз Қирғизистон. Тоҷири тоҷик, ки роҳу равиши ин корро то ҳадде омӯхта, тиҷораташро хуб ба роҳ мондаааст, гуфт, ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳоло ба ҷойи ангишти қирғизӣ ангишти Узбекистонро ба фурӯш гузоштаанд.
Ин ангишфурӯш мегӯяд, бештар маҳсулотро мувофиқ ба ҷайби мардум пешниҳод мекунад ва бо гарон шудани нархи ангишти қирғизӣ имсол аз фурӯши он даст кашидааст. “Яклухт 6 сомонӣ гиред мегӯянд, мо медонем, ки ин нарх хеле гарон аст, мо намехарем. Нархаш туғрӣ намегирад. Мо агар онро оварда фурӯшем ба мо гап мерасад. Гӯё мо онро махсусан қимат кардаем. Мо нархи онро баланд намекунем-ку. Беҳтараш онро намехарем ва намефрӯшем.”- гуфт, Дадобой Юсуфов
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон чор соли охир баста буд. Аксари фурушандагони ин навъи сӯзишворӣ мегӯянд, ки то боз шудани он баръакс ангишт барзиёд ва бемонеа ба Тоҷикистон меомаду нархаш ҳам дастрас буд. Аммо акнун вазъ дигар шудааст.
Мирзокамол Раҳматов, тоҷири дигар мегӯяд ангишти Қирғизистон ба воситаи Узбекистон ба Тоҷикистон ворид карда мешуд. “Имсол наомада истодааст. Аз ҳамин ҳисоб қимат аст. Талаботаш аз ҷониби худи халқаш зиёд шудааст ё чизи дигар ман намедонам. Инҷо ҳоло азони Узбекистон зиёд шуд, халқ ҳаминро гирифта одат кард. Сӯхта истодаанд, хуб аст”.
Қирғизистон ним сол пеш содироти ангишти худро манъ кард ва охири имсол ин мамнуият то шаш моҳи дигар дароз карда шуд.
Имсол дар вилояти Суғд аксаран ангишти Узбекистон ва қисман ангишти дохилии Тоҷикистонро фурӯхта истодаанд. Нархи он аз 2 то 4 сомонӣ барои ҳар як кило муайян шудааст. Мирзокамол Раҳматов, ангиштфурӯш гуфт: “Дар ҳар килояш то 3 сомон фарқ карда истодааст. Ангишти Узбекистон назар ба Қирғизистон хеле арзон аст”.
Абдукарим Ғафуров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки нонвойхона дорад мегӯяд, имсол маҷбур шудааст аз ангишти дохилӣ истифода барад. Вай барои истифода дар нонвойхонааш ва сандаливу бухории бобоӣ ба ангишти зиёд ниёз дорад. Гаронии нарх ба кораш таъсири амиқ расонидааст. “Мо ҳоло ангишти Исфараро истифода карда истодаем, сифаташ хеле паст аст. Нархаш ҳам гарон аст. Вай сол ангишти қирғиз 3,5 сомон буд, имсол ангишти Исфара 5 сомонӣ аст. Ангишти қирғиз имсол аз 6 то 7 сомонӣ аст, вале нест”. - афзуд, Абдукарим Ғафуров.
Дар пасманзари маҳдудияти нерӯи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон ва афзоиши нархи он, камбуди ангишти қирғизӣ низ мардумро нигарон кардааст. Ангиште, ки нисбатан хушсифат ва камзарар будааст.
Аз сифати ангишти Узбекистон ва Тоҷикистон сокинон розӣ нестанд ва мегӯянд, аз истифодаи ин навъи ангишт, ки бехатар нест ҳарос доранд. Аммо бо ин вуҷуд ноилоҷ аз он истифода мебаранд.
Гуфтугӯ