Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико вазъи олудагии ҳавои Душанберо месанҷад.ВИДЕО


Дар Душанбе дастгоҳи санҷиши вазъи олудагии ҳаворо насб карданд. Ин таҷҳизот дар ҳудуди сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Бархе аз сокинони пойтахт шикоят доранд, ки солҳои ахир ҳаво каме олуда шудааст ва баъзан вақт хонаҳояшон пур аз чангу ғубор мешавад. Онҳо дар чунин вазъ бештар корхонаҳои хурди оҳангудозии чиниро муттаҳам мекунанд. Илова ба ин, Маркази барқу гармидҳии Душанбе, ки бо ангишт кор мекунад ва корхонаи тавлиди семент низ дар ҳудуди пойтахт ҷойгиранд. Вале мақомот пайваста гуфтаанд, ки дар фикри покизагии ҳаво ҳастанд.

Амрико вазъи олудагии ҳавои Душанберо месанҷад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми июн таҷизоти санҷиши вазъи олудагии ҳаворо дар ҳудуди сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карданд. Ҷон Поммершайм, сафири Амрико гуфт, натиҷаи ташхис ба таври онлайн ба ҳама дастрас хоҳад буд.

Вай афзуд, “ҳамасола дар Амрико 135 ҳазор нафар аз олудагии ҳаво мемиранд. Хисороти иқтисодӣ низ андак нест. Бонки Ҷаҳонӣ хабар медиҳад, ки соли 2016-ум аз сабаби олудагии ҳаво ва корношоямии сокинони Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар 64 миллион доллар зарар расидааст”.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон афзуд, Департаменти давлатӣ тасмим гирифтааст, дар ҳамаи сафоратҳои Иёлоти Муттаҳида дар хориҷа таҷҳизоти санҷиши олудагии ҳаворо насб кунад. То кунун чунин дастгоҳро дар пойтахти Туркманистону Қазоқистон васл кардаанд.

Ҷон Поммершайм ҳамчунин хабар дод, ки дар зудтарин фурсат коршиносони Оҷонси ҳифзи муҳити зисти Амрико вориди Душанбе шуда, бо мақомоти пойтахт ҳифзи сокинон аз олудагии ҳаворо баррасӣ мекунанд.

Умархон Мадвалиев, коршиноси соҳаи муҳити зист ба ин назар аст, ки танҳо бо насби як дастгоҳ имкон надорад дар бораи вазъи олудагии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон натиҷаи ниҳоӣ баровард. Ба бовари ӯ, зарур аст чунин таҷҳизот дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр насб карда шаванд.

“Олудагии ҳаво дар атрофи сафорати Амрико дар муқоиса бо қисматҳои дигари шаҳр ба таври куллӣ фарқ мекунад. Бинои сафорат дар назди шоҳроҳи мошингард қарор дорад. Агар мо хоҳем дар бораи олудагии ҳаво дар Душанбе ва Тоҷикистон иттилои комил дошта бошем, пас, чунин таҷҳизот бояд дар қисматҳои мухталифи шаҳр ва минтақаҳои гуногуни кӯҳистонии Тоҷикистон насб карда шаванд”, -- афзуд ӯ.

Сабур Абдуллоев, мудири озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи физика ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, сохторҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар барои санҷиши олудагии ҳаво дастгоҳи махсус доранд. Ӯ гуфт, онҳо метавонанд “ҳатто мизони вуҷуди изотопҳо ва зарраҳои кимиёӣ дар таркиби ҳаворо муайян кунанд”.

Дар ҷавоб ба ин суол, ки пас чаро натиҷаи ин санҷишҳо дастраси сокинон намешавад, Сабур Абдуллоев гуфт: “Мо ин ҳадафро дорем. Мо дар қисмати шарқӣ чунин таҷҳизотро насб кардаем, Амрико дар қисмати ғарбии шаҳр. Бояд талошҳои ҳамаи ниҳодҳо анҷом дода шавад ва шаҳрдорӣ як сомонаи махсус барои расонидани иттилоъро таъсис диҳад”.

Шаҳри Душанбе дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ба тасвири бисёриҳо, мавқеи шаҳри Душанбе ба гунаи дегдонест, ки аз се самт дар иҳотаи кӯҳсор қарор дорад ва вазидани бодҳо аҳёнан эҳсос мешавад.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон дар самти ҳаракати хокбодҳо аз қисмати ҷанубии қораи Осиё ва шимоли Африқо қарор дорад ва ба ин далел ҳамасола дар фасли тобистон рӯзҳои зиёди хокбориш дар ин кишвар мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG