Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ пурсиш: 3. Агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, чӣ мешуд?


Суоли севум: Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?

Дар матлаби аввал ва дувум аз силсилаи "Панҷ пурсиш роҷеъ ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистон" ҳамсуҳбатони мо ба суолҳои "Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?" ва "Зери вожаи "ваҳдати миллӣ" чиро мефаҳмед?" посух доданд.

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Барои гиромидошти рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар соли 1997 дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт, садҳо ҳазор гурезаи ҷангро ба ватан бозгардонд, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро роҳандозӣ кард.

Дар ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, наздик ба 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион муҳоҷир шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 10 миллиард доллар зарар расонда шуд.

Бар пояи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ва мусоидати кишварҳои "Гурӯҳи тамос" ба имзо расид, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфта, афви умумӣ сурат гирифт, ба аҳзоби манъшуда иҷозаи фаъолият дода шуд, тағйироти конститутсионӣ ва тақсими қудрат ба амал омада, то 30 дарсади мақомҳои ҳукуматӣ ба намояндагони мухолифон дода шуд.

Тарафҳо бо ҳам аҳд карданд, ки якдигарро бахшида, як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар остонаи чунин рӯзи муҳим Радиои Озодӣ бо панҷ суол ба ҳафт нафар рӯ овард, то назарҳоро ба воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он ба қадри имкон бозтоб диҳад. Пурсишҳо ин гунаанд:

Ба ин суолҳо афроди зерин посух доданд:

  • Марям Давлатова, рӯзноманигор, равоншинос, шоир
  • Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
  • Қодири Рустам, нависанда
  • Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор
  • Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор
  • Меҳмоншо Шарифов, файласуф
  • Бахтовар Саидов, донишҷӯ

Посухҳо ба суоли аввалро зери ҳамин ҷумла метавонед дарёфт кунед.

Ин ҷо ҳам посухҳо ба суоли дувум: Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?

Ҳоло посухҳо ба пурсиши савум: Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?

Марям Давлатова: Ҷанг. Ҳатман ин падидаи номатлуб аст. Вале ҷанг ба мо ҷойҳои заъфамонро нишон дод. Душманону дӯстонамонро ба мо муаррифӣ кард. Агар ҷанг намешуд, шояд мо дар ҳамон хоби гарони фиребои худ боқӣ мемондем. Зеро мардуми ормонгаро ва шоиртабиати мо ҳамеша соддабин буд. Шояд рисолати ин ҷанг низ ҳамин буд, ки худшиносии мо шакли дигаре пайдо кунад, на дар он шакли меъёрие, ки дар замони шӯравӣ буд ва ҳамеша аз боло идора карда мешуд.

Исфандиёри Одина: Агар ҷанг набуд, шояд мо таҷрубае шабеҳи таҷрубаи Қирғизистон доштем, ё масалан Гурҷистону Арманистон, ки агарчи дер ё кунд, вале батадриҷ ба самти мардумсолорӣ қадам мезананд. Лоақал бисёре аз зиёнҳо ва хисороте, ки ин ҷанг дошт, намедоштем. Тасаввур кунед, ки як насл ба ҷои омӯзиш ва кори муфид ба ҳамдигаркушӣ машғул буданд. Ва муҳиммтарин чиз, яъне арзишҳоро аз миён бурданд, яъне имон доштан бар пирӯзии адолат бар разолат, имон ба системи додрасии одилона, имон ба интихобот, имон ба омӯзишу парвариш, имон доштан ба қудрат ва эътибори раъйи худ, имон доштан ба тавоноиҳо ва зарфиятҳои худ. Вале, мутаасифона, мо табдил ба миллате шудем, ки эътимод ба нафси худро комилан аз даст дод, иззати худро комилан аз даст дод. Ин ки пулиси Русия ё расонаҳояш ё мардумаш бар мо метозанд ва ба мо тавҳин мекунанд ва мо сокит менишинем, яъне ҳамин: мо эътимод ба нафси худро аз даст додаем ва худро аз дигарон як сару гардан камтар медонем. Чун худро вобастаи дигарон медонем. Аз ин рӯ саъй мекунем дар кишвари худамон ҳам ба забони дигарон суҳбат кунем, чун забони худамонро мояи хиҷолат медонем, чун аз тавоноиҳо ва зарфиятҳои он огоҳ нестем, фикр мекунем мо дар ҷангале мезистем ва он бародари бузург (рус) ё ҳарчи исмашро бигзоред, омад ва моро одам кард. Ин тафаккур қотили ҳама гуна истеъдод ва тавоноиҳои миллати мост.

Худшиносӣ, ки дар авохири аҳди Шӯравӣ дар борааш фарҳангиён зиёд мегуфтанд, ин нест, ки оре, ман тоҷикам ва маънои тоҷик тоҷдор аст ё фалон аст. На, ин тоҷ доштан ё надоштан аслан кумаке ба ҳоли мо намекунад, агар мо хирад надошта бошем, агар мо дониш ва ҳунар надошта бошем. Худшиносӣ, яъне огоҳӣ ба тавоноиҳо ва зарфиятҳои худ, огоҳӣ ба фарҳангу адаби худ, ки ҳазорҳо иттилоъ ва идея ва андешаи бикр дар он нуҳуфтааст, огоҳӣ ба таърихи худ, ки куҷо будем ва аз куҷо ба куҷо расидем ва чи корҳои бузурге ҳамин ҳоло аз дасти мо сохта аст ва дар ин васат куҷои ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорем, ҷойгоҳи мо миёни миллатҳои дигар куҷост. Фақат ин нест, ки дигарон дар бораи ман чи гуфтаанд, на балки мо худамон дар воқеият чи корҳоеро қодир будем ва ҳоло қодир ҳастем анҷом бидиҳем.

Қодири Рустам: Агар ҷанг набуд, кишвари мо яқинан вазъи ба маротиб беҳтари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дошта буд; ахлоқ ба ин ҳадде коста намешуд, ки ҳоло ҳаст. Тоҷик қадру манзалати бештаре дошт, мо солҳои охири даврони шӯравӣ аз лиҳози фаъолиятҳои маданӣ, таҳаввулоти демократии ҷомеа, озодии баён, равандҳои миллатсозӣ кишвари пешгоми минтақаи Осиёи Марказӣ будем, ки ин ҳама дастовардҳо, бадбахтона, бо шурӯи ҷанги дохилӣ ба боди фано рафт...

Муҳиддин Кабирӣ: Агар ҷанг намешуд, имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти хонаводагӣ шакл намегирифт, кишвари мо дар рӯйхати ақибмондатарин, фасодзадатарин ва худкоматарин кишварҳои дунё қарор намегирифт. Тоҷикон дар баробари миллатҳои Балтика, пас аз қатъ шудани яккатозии Ҳизби коммунисти Шуравӣ яке аз аввалинҳо шуда, гуногунҳизбӣ ва гуногунандеширо таҷриба карданд. Даҳҳо созмон ва расонаҳои мустақил рӯи саҳна омад. Мо аввалин интихоботи озоди парлумониро баргузор кардем, ки то имрӯз охирин ҳам ҳаст. Худи Раҳмонов ҳам мадюни ҳамон ягона интихоботи озод дар таърихи миллат аст. Тоҷикистон як муддати кӯтоҳ ҷазираи озодӣ ва гуногунандешӣ буд, ки барои кишварҳои дигари минтақа хатар дошт. Онҳо метарсиданд, ки миллатҳояшон аз тоҷикон меомӯзанд озодихоҳиро ва нақшаи шикастани ин таҷрибаро кашиданд. Ҷанг ҳам барои аз байн бурдани ин таҷриба буд. Он таҷрибаи кӯтоҳ таҷрибаи идеалие набуд. Табиист, ки мисли ҳама миллатҳои дигар дар аввал ба иштибоҳҳое роҳ додем. Аммо, худамон метавонистем ин иштибоҳҳоро ислоҳ кунем ва ҳамчун миллати мустақил роҳ рафтанро биёмӯзем. Ба мо ин шансро надоданд ва дигарон тасмим гирифтанд, ки кадом қувва ва киҳо дар қудрат бошанд ва миллати мо ба кадом самт ҳаракат кунад. Ва раванди миллатсозии мо дар ҳамон марҳалаи ҷанинӣ карахт боқӣ монд. Мо яке аз "халқҳои Шуравӣ" будем, ки бояд миллат мешудем. Баръакс, моро аз марҳалаи "халқи тоҷик" ба туда ақиб бурданд ва бароямон пешво таъйин карданд. Танҳо тудаҳоро пешво роҳбарӣ мекунад, миллатҳо ниёзе ба пешво надоранд. Миллатҳо нафаре ва ҳизберо аз як интихобот то интихоботи дигар барои мудирияти ҷомеа интихоб мекунанд, бо маош ва имконот таъмин мекунанд, то онҳо дар хидмати миллат бошанд. Ҷанг ин ҳамаро барои се даҳсола аз мо гирифт ва ҳанӯз маълум нест, ки мо кай раванди миллатшавиро аз нав оғоз хоҳем кард.

Абдуқодир Талбаков: Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон агар рух намедод, вазъи мо хеле беҳтар мебуд. Чун мо аз аввалин кишварҳое будем, ки мардум худогоҳ шуданд, истиқлолиятро дарк карданд. Кишваре будем, ки барои хариди китоб ва ё рӯзнома мардум навбат мепоиданд. Ёд дорам, ки барои хариди китоби тозанашари устод Лоиқ ва ё Бозор Собир гоҳе муноқиша мешуд. Китобҳо аз даст ба даст мегаштанд, саҳфаҳояш аз хондани зиёд медарид, ин ҳама солҳои 90-ум буд. Аммо ин ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз пеши роҳи рушди иқтисоди миллиро гирифт, нагузошт ҳамдиливу ҳамбастагӣ густариш ёбад, монеи давлатсозиамон шуд. Агар имрӯз сатҳи рушди мо мисли кишварҳои дигари пасошӯравӣ нест, сабаби асосиаш маҳз ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Агар ин ҷанг намешуд, мо бо ҳамин захираҳои моддие, ки дар кишвар дорем, аҳолии нисбатан кам ба сатҳи хеле болотари рушд ноил мешудем.

Меҳмоншо Шарифов: Воқеан, мушкил аст бо "агар" ҷавоб гуфтан, зеро ин мушкилиест, ки ҳанӯз ҳам рӯбарӯем. Ҳанӯз ҳам дар ҳамон нуқтаи тоҷангием ва ҳанӯз ҳам он мушкилиҳои солҳои аввали "истиқлол" вуҷуд доранд ва сангинтар ҳам шудаанд. Вале метавон гуфт, ки агар дахолати бозингарони беруна намебуд, шояд худогоҳии Тоҷик кор мекард ва ин тенологияи худӣ – ҳақиқат - қудрат ва фазосозӣ ба ташкили давлати воқеан миллии мардуми Тоҷикистон меовард. Ва имрӯз фарҳанг ва сиёсати мо дар сатҳи маҳаллу музофот намебуд.

Бахтовар Саидов: Дар ин масъала ман фикр мекунам, ҳамааш тақдиру насиб буд. Агар ҷанг намешуд, чизи дигаре монанди он мешуд. Фақат фарқаш дар ин аст, ки одамони ҳамон насл аз ақлу шуур кор нагирифтанд, оқибаташро фикр накарданд ва даҳҳо ҳазор нафарро ба мусибату сахтиҳо гирифтор карданд ва ҳоло ҳам мушкилоти мардуми мо аз он ҷанг реша мегирад, агар ҷанг намешуд, ин мушкилот ҳам вуҷуд дошта наметавонист, лекин гузашту рафт, ҳоло бояд фикри ояндаро кард, ояндаро бояд сохт.

Посухҳо ба суоли аввал

Посухҳо ба суоли дувум

Посухҳо ба суоли савум

Посухҳо ба суоли чаҳорум

Посухҳо ба суоли панҷум

XS
SM
MD
LG