Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтиёрӣ ё иҷборӣ? Фурӯши билетҳои консерти Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар Панҷакент


Дар ҳоле, ки бархе омӯзгорони Панҷакент аз иҷборан харидорӣ намудани чиптаҳои консерти муштараки сарояндаҳои маъруфи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ изҳори нигаронӣ менамоянд, масъулини бахши маорифи ин шаҳр мегӯянд, билетҳо "ихтиёран" дастраси омӯзгорон шудааст.

Ин консерт дар назар буд, санаи 20-уми июн, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Панҷакент таҳти унвони "Ду ҳамсадо" баргузор гардад, вале ба 27-уми июн ба таъхир гузошта шуд. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар Панҷакент далели таъхири баргузории консертро сари вақт ба фурӯш нарафтани чиптаҳо гуфтанд.

Худи Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби таъхир дар баргузории консерт бо фаъолияти сусти ташкилкунандагони чорабинӣ рабт дорад ва ӯ ҳаргиз ба фурӯши иҷбории чиптаҳо ҳавасманд нест.

Як омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и шаҳри Панҷакент, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар робита ба ин хабар гуфт, ки аз шӯъбаи маорифи Панҷакент 50 чиптаи консерти Нозияву Муҳаммадрофеъро ба мактаби онҳо додаанд ва таъкид кардаанд, ки маблағи чиптаҳоро ҷамъ кунанд. Ба гуфтаи ин манбаи Радиои Озодӣ, ҳар як билете, ки маҷбурӣ ба омӯзгорон фурӯхта мешавад, 20 сомонӣ арзиш дорад.

Муҳаммадрофеи Кароматулло.
Муҳаммадрофеи Кароматулло.

"Аввал гуфтанд, ба хонандаҳо фурӯшед, рости гап, ман гуфтам, наметавон хонандаҳоро маҷбур кард. Таъкид намудам, ки ман ҷавобгариро ба гардан намегирам. Баъданд гуфтанд, барои хонандаҳо не, барои омӯзгорон тақсим кунед, баъд ба омӯзгорон тақсим шуд, лекин ҳоло як қисми маблағро ҷамъ кардаанд, як қисмаш мондааст. Хайр, омӯзгорро медонед, хоҳад нахоҳад пулро медиҳад",-афзуд вай.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, на фақат ба мактаби онҳо, балки ба тамоми мактабҳои дигари атроф низ билетҳоро тақсим кардаанд. Вай мегӯяд, дар билетҳо санаи баргузории консерт 20-уми июн навишта шудааст, аммо баъдан ба онҳо гуфтанд, ки барнома баъд аз нисфирӯзии 27-уми июн доир мешавад".

Нигаронии баъзе омӯзгорон аз хариди иҷбории чиптаҳо дар ҳолест, ки Салоҳиддин Сангинов, як масъули шӯъбаи маорифи Панҷакент мегӯяд, ба мактабҳо воқеан ҳам чиптаҳои консерти Нозияву Муҳаммадрофеъро пешниҳод намудаанд, вале фурӯши он ба таври маҷбурӣ сурат нагирифтааст. Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки ин сарояндаҳоро мардуми Панҷакент бисёр дӯст медоранд ва ниёз ба маҷбур кардани муаллимон барои харидории чиптаҳо нест.

Оқои Сангинов афзуд, 700 билети консерт танҳо ба мактабҳои маркази шаҳр ва атрофи он пешниҳод шудааст. "Мардуми Панҷакент фарзандони раҳматии Кароматуллоро хеле эҳтиром мекунанд, бубинед, пагоҳ дар варзишгоҳ ҷои нишаст намерасад, билетро озод мефурӯхтанд, ба ҳамаи мухлисони сарояндаҳо билет намерасид".

Нозияи Кароматуллоҳ
Нозияи Кароматуллоҳ

Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ дар робита ба он, ки фурӯши иҷбории чиптаҳои консерташон то куҷо ҳақиқат дораду аз ин хабардор аст, гуфт, масъалаи фурӯши чиптаҳо ба кори ташкилкунандагони консерт дахл дорад ва шахсан ӯ ҳаргиз ба фурӯши иҷбории он ҳавасманд нест. Ин сароянда дар мавриди он, ки омодагӣ ба консерт дар чӣ сатҳ аст, гуфт, ки ӯву хоҳараш бо сурудҳои наву тоза ба ин барномаи ҳунарӣ ҳозир хоҳанд шуд. Аммо ӯ афзуд, ки "ин ҷо фақат аз мо вобастагӣ надорад, ин ҷо кори ташкилкунандаи консерт бисёр муҳим аст".

Муҳаммадрофеъ айни замон аз сатҳи на он қадар дурусти омодагиҳо аз сӯи ташкилкунандагони ин барномаи ҳунарӣ нигаронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати роҳандозии хуби корҳои тарғиботӣ, бидуни ҳеҷ мушкил мухлисон худ ба консерт ташриф меоранд, аммо набуди корҳои тарғиботӣ дар сатҳи лозим метавонад боиси он шавад, ки мухлисон баъди анҷоми консерт аз баргузории он хабардор шаванд.

Ташкилкунандагони консерт, ки аз бахши хусусӣ, аз ҷумла як соҳибкоре гуфта мешавад, нахостанд тафсилоти ба таъхир афтодан ва чӣ гуна ба фурӯши иҷборӣ гузоштани чиптаҳои ин чорабиниро миёни омӯзгорон шарҳ диҳанд. Танҳо яке аз ташкилкунандагони чорабинӣ дар сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мардумро интизоранд, агар мардум таваҷҷӯҳ кунанд, консерт баргузор мешавад.

Дар посух ба ин савол, ки корҳои тарғиботӣ дар чӣ сатҳ асту шеваи фурӯши чиптаҳо чӣ гуна мебошад, ҳамсӯҳбатамон кутоҳ ҷавоб дод, ки "тамоми шаҳр, тамоми ҳукумат аз баргузории консерт "манфиатдор" ҳастанд ва умедворӣ кард, ки ин барномаи ҳунарӣ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

Нозияиву Муҳаммадрофеъ аз сарояндаҳои ҷавон ва номдори кишвар ба шумор мераванд ва дар чанд соли ахир мухлисони зиёди худро пайдо намудаанд. Онҳо фарзандони ҳунарманди фақид Кароматуллоҳи Қурбон мебошанд.

XS
SM
MD
LG