Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати чеҳраҳои шинохта ба озодии Гулнора Каримова


Бархе аз чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси узбек рӯзҳои 24 ва 25-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ситоиши Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов пардохта, ба озодии фаврии ӯ аз зиндон даъват карданд.

Як блогер аз шаҳри Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, намояндагони шоу-бизнес ва блогерони узбек дар ин замина аз маъмурияти президенти кишвар дастури махсусе гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин маърака ба омодагии ҷомеа барои озодии Каримова ва фароҳам сохтани назари мусбат ба ин қазия равона шудааст.

Яке аз аъзои гуруҳи "Божалар" Ҷаҳонгир Фозилҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри акси Гулнора Каримова дар иҳотаи хонаводааш навиштааст, "шуморо пазмон шудаем. Саломатӣ ва бозгашт ба хонаатонро мехоҳем".

Ҳунарманди узбек Ҳалима Иброҳимова низ 25-уми июн дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо нашри акси Каримова навиштааст, “Худованд мададгоратон! Сиҳатӣ ва бозгашт ба назди фарзандонатонро хоҳонем.”

Ба маъракаи даъват ба озодии духтари президенти пешини Узбекистон чеҳраҳои шинохтаи дигари шоу-бизнес, аз ҷумла Шаҳзода Матҷонова, Зиёда, Далер Субҳонов ва Дилфуза Қодирова низ пайвастаанд.

Ба гуфтаи яке аз блогерони дигари узбек, аз "боло" ба намояндагони шоу-бизнес дастури "шифоҳӣ" шудааст, ки барои озодии Гулнора Каримова маъракаи фаъолеро ба роҳ монанд.

Вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа рӯзи 15-уми июн дар Twitter навишт, ки бо зерҳимояаш дар зиндони Зангиотаи Узбекистон мулоқот кард ва вазъи саломати ӯ хеле бад аст.

Пас аз ин мулоқот муроҷиатномаи Гулнора Каримова ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев нашр шуд. Каримова бо дархости афв гуфт, барои баргардонидани пулҳои ҳабсшудааш ба ватан омодааст, бо ҳукумати Узбекистон ҳамкорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG