Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмонова Гулнора Каримовро "дузд" хонд. Имон вокуниш кард


Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова, ҳунарманди мардумии Узбекистон, баъзе аз овозхонҳоеро, ки ба ситоиши Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов, пардохта, ба озодии ӯ даъват кардаанд, зери бори танқид гирифт.

Усмонова рӯзи 27-уми июн дар як муроҷиати видеоӣ Каримоваро "дузд" номид. Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова, рӯзи 28-уми июн ба муроҷиати овозхони шинохтаи узбек вокуниш кард ва онро ноодилона хонд. Ӯ гуфт, баръакс, модараш ба Юлдуз Усмонова кумак карда буд.

Соли 2015 дар Шветсия, Швейтсария ва Амрико нисбат ба Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз ва он вақт духтари раиси ҷумҳури Узбекистонро ба азхудкунии тақрибан як миллиард доллар айбдор карданд.

Гулнора Каримова моҳи декабри соли 2017 дар Узбекистон бо ҷурми сӯиистифодаи молӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дертар ҳукми ӯро то панҷ сол ҳабси хонагӣ кам карданд. Вале моҳи март бо ҷурми поймол намудани қоидаҳои ҳабси хонагӣ ба зиндон андохтанд.

Дар як ҳафтаи ахир бархе аз чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси узбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ситоиши Гулнора Каримова пардохта, ба озодии фаврии ӯ аз зиндон даъват карданд.

Юлдуз Усмонова дар муроҷиати видеоии худ рӯзи 27-уми июн гуфт, "кадом дуздро бояд пазмон шавам? Вай дузд аст. Гапҳои хомро як сӯ гузоред. Ба эҷод машғул шавед. Микрофонро бигиред ва хуб хонданро омӯзед."

Ба ҷуз ин, Усмонова дар муроҷиати видеоии худ ба маблағҳое, ки ба қавли ӯ “Гулнора Каримова дуздидааст”, ишора кард. "Дар хориҷ аз кишвар як миллиард доллар мондааст. Ин пулест, ки мақомот дар борааш медонанд. Ман дар бораи як миллиард доллар мегӯям, на як миллиард соми узбекӣ. Ҳар як тини он аз мардум аст. Фаҳмидед? Мақомот ҳамаи пулҳои дуздидаи ӯро намедонанд. Беҳтар аст, ба корҳои хайр машғул шавед", -- гуфт Усмонова.

Юлдуз Усмонова дар солҳои охири ҳукуматдории Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, дар қатори Шералӣ Ҷӯраев ва Обид Асомов дар "феҳрасти сиёҳ" буд. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, Усмонова ҳамон вақт барои баргаштан ба саҳнаи калон кӯшиш кардааст, аз нерӯи Гулнора Каримова низ истифода кунад.

Ӯ соли 2013 дар як барномаи ҳунарӣ дар Дубай дар ҳаққи Гулнора Каримов таронаи "Гул ҳастӣ"-ро иҷро кард. Ҳамон вақт Юлдуз Усмонова ба журналисте, ки дар бораи бойигарии Гулнора Каримова суол карда буд, чунин ҷавоб додааст: "Шумо чӣ кор доред, ки пули ӯ чӣ хел ва аз куҷо омадааст? Охир, вай малика аст. Ангурашро хӯред, боғашро напурсед."

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозхонҳои узбек ба озодии фаврии Гулнора Каримова даъват карданд. Яке аз аъзои гуруҳи "Божалар" Ҷаҳонгир Фозилҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри акси Гулнора Каримова дар иҳотаи хонаводааш навишт, "шуморо пазмон шудаем. Саломатӣ ва бозгашт ба хонаатонро мехоҳем".

Ҳунарманди узбек Ҳалима Иброҳимова низ 25-уми июн дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо нашри акси Каримова навиштааст, “Худованд мададгоратон! Сиҳатӣ ва бозгашт ба назди фарзандонатонро хоҳонем.”

Ба маъракаи даъват ба озодии духтари президенти пешини Узбекистон чеҳраҳои шинохтаи дигари шоу-бизнес, аз ҷумла Шаҳзода Матҷонова, Зиёда, Далер Субҳонов ва Дилфуза Қодирова низ пайвастаанд.

Вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа рӯзи 15-уми июн дар Twitter навишт, ки бо зерҳимояаш дар зиндони Зангиотаи Узбекистон мулоқот кард ва вазъи саломати ӯ хеле бад аст.

Пас аз ин мулоқот муроҷиатномаи Гулнора Каримова ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев нашр шуд. Каримова бо дархости афв гуфт, барои баргардонидани пулҳои ҳабсшудааш ба ватан омодааст, бо ҳукумати Узбекистон ҳамкорӣ кунад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG