Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ голи Дилшод Восиев ба дарвозаи “Панҷшер”


Се бозии мавқуфгузоштаи даври нӯҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 30-юми июн баргузор шуд.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар майдони худ «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро, ки сармураббиаш Алиёр Ашӯрмамадов мебошад, бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ ҳамлагар Дилшод Восиев панҷ гол зад. Легионер Турсуналӣ Рустамов, ки ҳамлагари дастаи мунтахаби Қирғизистон аст, се гол ба самар расонид. Боз як голро Фирдавс Чақалов ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

«Истиқлол»-и Душанбе баъди истеъфои сармураббӣ Ҳаким Фузайлов аввалин бозиро бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев анҷом дод. Қаҳрамони Тоҷикистон ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт. Голҳои Амирбек Ҷӯрабоев, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба «Истиқлол» се имтиёз овард.

ССКА “Помир” бо шаш имтиёз дар ҷойи ҳаштум - зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Дарвоқеъ, сармураббии ССКА “Помир” Рустам Хоҷаев баъди бохт дар даври даҳуми мусобиқот дар майдони худ аз дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 0:1 аз вазифааш истеъфо дода буд.

Дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври нӯҳуми мусобиқот «Истаравшан» дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои мизбононро Қаҳрамон Ҳомидов ва Насим Расулов ба ҳадаф расонданд. Як голи меҳмонон ба легионери эронӣ Акбари Шелдорӣ марбут аст.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол», ки 25 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал қарор дорад. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки нӯҳ даври мусобиқоти лигаи олиро бе бохт анҷом дода, дар ҳашт бозӣ пирӯз шудааст ва як бозиро мусовӣ кардааст

Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки 17-имтиёзӣ доранд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб намудаанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин се бозигар – Шериддин Бобоев аз «Истиқлол», инчунин ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Восиев ва Турсуналӣ Рустамов, ки шашголӣ задаанд, дар ҷойи аввал мебошанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамакнун дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар танаффуси тобистона эълон шудааст, ки то 10-уми август идома хоҳад кард. Дар ин муддат бошгоҳҳои футболи лигаи олӣ метавонанд дар ҳайатҳои худ тағйирот ворид созанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷкистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 9-ум

«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 9:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (1:0). Дилшод Восиев, 14 (2:0). Турсуналӣ Рустамов, 16 (3:0). Турсуналӣ Рустамов, 18 (4:0). Турсуналӣ Рустамов, 23 (5:0). Дилшод Восиев, 30 (6:0). Дилшод Восиев, 50 (7:0). Фирдавс Чақалов, 63 (8:0). Дилшод Восиев, 69 (9:0).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

30 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Қаҳрамон Ҳомидов, 22 (1:0). Акбари Шелдорӣ, 41 (1:1). Насим Расулов, 42 (2:1).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

30 июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 500 тамошобин.

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 3:0

Голҳо: Амирбек Ҷӯрабоев, 28 (1:0). Шериддин Бобоев, 44 (2:0). Шаҳром Самиев, 79 (3:0).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

30 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд») – 6-тӯбӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош») – 5-тӯбӣ.

Даври 11-ум

10 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хатлон» – ССКА «Помир»

«Панҷшер» – «Кӯктош»

11 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Истаравшан» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG