Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Файзканд" бидуни бохт пешсафи лигаи аввал аст


Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар даври нӯҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ “Исфараи”-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз мавқеи пешсафиашро нигаҳ дошт. Зимнан, “Файзканд” ягона дастест, ки бохт надорад.

«Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар даври нӯҳум дар майдони худ бар «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 19 имтиёз ба зинаи дуюм баромад. «Душанбе-83»-и Душанбе, ки дар меҳмонӣ «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, бо 18 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

«Локомотив-Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, бо 17 имтиёз зинаи чорумро ишғол кардааст. “Ҳулбук” ва “Ваҳдат” бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои панҷуму шашум қарор гирифтаанд.

Се бозии дигари даври нӯҳум бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: «Зарафшон» (Панҷакент) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:2, «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Саройкамар» (Панҷ) – 0:1, «Шоҳмансур» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 1:0.

Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми июл баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 9-ум

«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат» – 4:0

Голҳо: Рустам Соиров, 61 (1:0). Рустам Соиров, 79 (2:0). Озодбек Панҷиев, 84 (3:0). Рустам Соиров, 87 (4:0).

29 июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошобин.

«Зарафшон» – «Равшан» – 2:2

Голҳо: Абдулраҳмон Абдулмалик, 12 (1:0). Хайём Зиёев, 13 (2:0). Музаффар Назаров, 30 (2:1). Хайём Зиёев, 34 – ба дарвозаи худ (2:2).

29 июн. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Дӯстӣ» – «Саройкамар» – 0:1

Гол: Маҳмадшариф Раҳматов, 41.

29 июн. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

«Эсхата» – «Парвоз» – 3:2

Голҳо: Абдурашид Мирхолиқов, 4 (0:1). Ҷӯрабой Исоев, 17 (1:1). Фирӯз Бобиев, 36 – аз пеналтӣ (1:2). Ҷӯрабой Исоев, 60 (2:2). Рустам Сабуров, 83 (3:2).

30 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 400 тамошобин.

«Исфара» – «Файзканд» – 1:2

Голҳо: Ҳадис Қодиров, 3 (1:0). Ҳувайдои Гулмурод, 18 (1:1). Фахриддин Сафаров, 90+4 (1:2).

30 июн. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 250 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Душанбе-83» – 0:3

Голҳо: Агблей Ҷонс, 20 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 64 (0:2). Далер Ризоев, 90+1 (0:3).

30 июн. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«Шоҳмансур» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Расул Мамадҷонов, 79 – аз пеналтӣ.

Аз майдон хориҷ шуданд: Фаридун Табарунов («Шоҳмансур»), 65 – барои таҳқири довар, Зуҳриддин Фузайлов («Барқчӣ»), 90+3 – барои корти 2-юми зард.

30 июн. Душанбе. Варзишгоҳи «Локомотив». 300 тамошобин.

Нишонзанҳо: Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ») – 13 тӯб, Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Насим Маҳмадқулов («Ҳулбук») – 8-тӯбӣ, Далер Чолов («Равшан»), Ҷӯрабой Исоев («Эсхата»), Эроншо Равенов («Дӯстӣ») – 7-тӯбӣ.

Даври 10-ум

4 июл (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Ваҳдат» – «Барқчӣ»

«Душанбе-83» – «Шоҳмансур»

«Файзканд» – «Ҳулбук»

«Саройкамар» – «Эсхата»

«Парвоз» – «Исфара»

5 июл (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Равшан» – «Дӯстӣ»

«Локомотив-Помир» – «Зарафшон»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG