Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейcария бозгардони 555 миллион долларро аз рӯи парвандаи Гулнора Каримова боздошт


Вакили дифои духтари президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов гуфт, ки мақомоти Швейсария ҷараёни бозгардони 555 миллион доллар маблағҳо ба Узбекистонро, ки дар чаҳорчӯби парвандаи Гулнора Каримова мусодира шуда буд, боздоштанд. Грегори Манжа дар изҳороти худ дар шабакаи Твиттер навишт, ки тасмими боздошти интиқоли ин пулҳо ба Узбекистон аз ҷониби додгоҳи ҷиноии федеролии Швейсария гирифта шуда, бо бад шудани вазъи саломатии Каримова дар зиндон рабт мегирад. Дар ин бора оҷонсии Интерфакс хабар медиҳад.

Мақомоти расмии Узбекистон то ҳол ин қарори рӯзи 1 июлро шарҳ намедиҳанд. Аз ин пеш додситонии кулли Швейсария хабар дод, ки дар доираи қазияи пулшӯиҳои Гулнора Каримова тасмим ин шуд, ки 130 миллион доллар маблағҳои нигаҳдоришуда дар бонкҳои ин кишвар ба Узебкистон баргардонида мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 3 июл вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, ки дар зиндони занонаи воқеъ дар вилояти Тошканд, ки яке аз маҳбусонаш Гулнора Каримова мебошад, санҷиш шурӯъ шудааст. Духтараш Имон Каримова дар Инстаграм навишт, ки модараш дар зиндон «аз кӯмаки тиббии зарурӣ бенасиб буда, таҳти фишори равонӣ қарор дорад». Аз ин пеш омбудсмен Улуғбек Муҳаммадиев баъди санҷиши зиндони рақами 21 гуфт, ки вазъи Каримова мӯътадил аст ва ӯ кӯмаки зарурии тиббиро дарёфт мекунад.

Гулнора Каримова соли 2014 боздошт шуд ва то моҳи марти имсол дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Соли 2015 нисбат ба Гулнора Каримова дар Шветсия, Швейтсария ва Амрико парвандаи ҷиноӣ боз ва он вақт духтари раиси ҷумҳури Узбекистонро ба азхудкунии тақрибан як миллиард доллар айбдор карданд.

Гулнора Каримова моҳи декабри соли 2017 дар Узбекистон бо ҷурми сӯиистифодаи молӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дертар ҳукми ӯро то панҷ сол ҳабси хонагӣ кам карданд. Вале моҳи март бо ҷурми поймол намудани қоидаҳои ҳабси хонагӣ ба зиндон андохтанд.

XS
SM
MD
LG