Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи киштии нафкаши Эрон дар Гибралтар. Теҳрон сафири Бритониёро даъват кард


Пас аз он, ки як киштии нафткаши Эрон дар Ҷабал Ат-Ториқ (гулӯгоҳи Гибралтар) манъ карда шуд, вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбеи 4-уми июл эълон кард, ки сафири Бритониё дар Теҳронро даъват кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "дар пайи тавқифи ғайриқонунии як киштии нафткаши эрони дар гулӯгоҳи Ҷабал Ат-Ториқ аз сӯи нерӯҳои баҳрии Бритониё, сафири ин кишвар дар Теҳрон ҳам акнун ба вазорати умури хориҷӣ даъват шуд". Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон афзудааст, ки баъдан дар бораи даъват шудани сафири Бритониё ба ин вазоратхона ба расонаҳо маълумот ироа хоҳанд кард.

Ҳукумати Ҷабал Ат-Ториқ рӯзи панҷшанбе дар баёнияи расмӣ аз манъ кардани як киштии бузурги нафткаш дар обҳои худ хабар дод, ки ба гуфтаи хабаргузории "Рейтерз", "аз Эрон" ба сӯи Сурия дар ҳаракат будааст. Дар баёнияи ҳукумати Ҷабал Ат-Ториқ ба Эрон ишора нашудааст. Сабаби манъи ин киштии нафткаш "нақз"-и таҳримҳои Аврупо алайҳи Сурия қайд шудааст.

Бо ин ҳол хабаргузории "Рейтерз" бар асоси маълумоти вебсайте, ки масири киштиҳоро сабт мекунад, мегӯяд, ки ин киштии бузурги нафткаш "аз Эрон" ба сӯи як полоишгоҳ дар Сурия ба роҳ афтодааст. Ҳамин хабаргузорӣ айни ҳол ба нақл аз вазири умури хориҷии Испания навиштааст, ки Ҷабал Ат-Ториқ ба дархости Амрико аз Бритониё монеи идомаи сафари ин киштии нафткаш шудааст.

Ҷабал Ат-Ториқ зери ҳокимияти Бритониё идора мешавад ва дар манъи киштии нафткаш нерӯҳои баҳрии Бритониё низ иштирок доштаанд. Дар баёнияи ҳукумати Ҷабал Ат-Ториқ омадааст, "далелҳое дар даст дорем бар ин, ки киштии нафткаш маводи хоми худро ба полоишгоҳи Бонёс дар Сурия мебарад".

Ин полоишгоҳ шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия аст. Аврупо ду полоишгоҳ дар Ҳимс ва Бонёсро ба иттиҳоми ҳимояти молӣ аз режими Башор Асад, таҳрим кардааст.

Бар асоси оморҳои ширкатҳое, ки масири ҳаракати киштиҳоро пайгирӣ мекунанд, Эрон дар фосилаи январи соли 2017 то 20-уми октябри соли 2018 рӯзона ба таври миёна 50 ҳазор бочка нафт ба Сурия интиқол додааст. Аммо аз моҳи ноябри соли гузашта, ки Амрико аввалин даври таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эронро ба ҳолати иҷро гузошт, то аввали моҳи майи соли равон, ки Амрико комилан нафти Ҷумҳурии исломиро таҳрим кард, Эрон нафте ба Сурия нафиристод.

Ин мавзӯъ дар расонаҳои дохилии Сурия низ бозтоб ёфта буд ва аз камбуди шадиди бензин бинобар набуди нафти Эрон шиква карда буданд. Ин оморҳо аз сӯи дигар ширкатҳои пайгири масири ҳаракати киштиҳо низ таъйид шудаааст. Бар асоси омори ин ширкатҳо, Эрон дар ду моҳи гузашта дубора содироти нафт ба Сурияро оғоз кард ва рӯзона ҳудуди 100 ҳазор бочка нафти хом ба Сурия додааст.

Дар ҳоле хабари манъи киштии нафткаши Эрон дар Ҷабал Ат-Ториқ мунташир шуд, ки рӯзи гузашта ҳам теъдоде аз намояндагони порлумони Эрон ба манъ шудани як киштии нафткаши дигар ҳомили як миллион бочка нафт дар Арабистони Саудӣ эътироз карданд. Тибқи бархе гузоришҳо, ин киштӣ ҳам ҳомили нафти фиристодашуда ба Сурия будааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG