Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эроди раиси Хатлон ва баҳси бешавҳариву ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон


Қурбон Ҳакимзода
Қурбон Ҳакимзода

Як баёнияи раиси вилояти Хатлон зоҳиран ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Тоҷикистонро асабонӣ хоҳад кард.

Қурбон Ҳакимзода, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи 18-уми Маҷлиси вакилони вилоят зимни суханронӣ дар бораи оилаву талоқ дар байни аҳолӣ гуфтааст, “Аксарият мудирони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд. Моҳиятан бояд дар ин вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кардаанд.” Дар ин бора вебсайти “Садои Мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон бо нашри мақолае зери унвони “Хатлон. Изҳори нигаронӣ аз оиладор набудани мудирони САҲШ хабар додааст.

Дар Тоҷикистон раҳбарони идораҳои сабти асноди расмӣ умдатан занон ҳастанд ва бори аввал аст, ки як мақоми расмӣ ва он ҳам раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки раҳбарони ин идораҳо ба қавли ӯ “оиладор” нестанд. Чунин баёнияи Қурбон Ҳакимзода аз ҳоло баҳсеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук барангехтааст. Аз ҷумла корбаре бо номи Муродшо Назарзода гуфтааст, “Шавҳари мудири САҲШ аз дунё гузашта бошаду, синну солаш ба ҷое расида бошад, шавҳар нахоҳад,(чӣ бояд кунад) ё мудирон дар ҷустӯҷуи шавҳар шаванд, то онҳоро аз мансаб пеш накунанд.”

Чандин нафари дигар раиси вилоятро барои эродаш танқиду сарзаниш карда ва гуфтаанд, ки ӯ набояд чунин сухане дар ҳаққи мудирони идораҳои сабти асноди расмӣ мегуфт. Ҷамила Назарзода навиштааст, “Раиси мӯҳтарам гуфтанианд, ки бешавҳарон аз гуруснагӣ муранд, ё ба ягон кори дигар даст зананд? “ Айни замон як иддае аз корбарон гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби Қурбон Ҳакимзода аст. Аз ҷумла корбаре бо номи ​Хикматулло Мухтоджев навиштааст, “Оилаи оддӣ не, оилаи намунавӣ надошта бошад, ҳуқуқи маънавӣ барои кор дар ин бахшро надорад.”

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ин бора баъди шунидани гузориш дар бораи иҷрои «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон» сӯҳбат кардааст. Ба қавли хабарнигор “Садои Мардум” ӯ доир ба пешгирии худкушию худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳо, аз меҳру шафқати падару модарон дур мондани кӯдакони ноболиғ сухан гуфта ва “ба масъулин баҳри ислоҳи вазъ дастуру супориш дод.”

Давлати Тоҷикистон ҳамвора гуфтааст, боло бурдани нақши зан дар ҷомеа яке аз авлавиятҳои кори давлат аст ва барномаҳои зиёдеро ҳам дар ин замина қабул кардааст. Аз ҷумла “Барномаи давлатии интихоб тарбия ва таъйини занону духтарон дар мақомҳои раҳбарӣ аз соли 2007 то соли 2016.” Соли 2017 фармони махсуси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби занон ба ниҳодҳои давлатӣ содир шудааст.

Огаҳии кам дар бораи баробарии зану мард

Айни замон созмонҳои ҳомии ҳуқуқи зан гуфтаанд, ки талошҳои давлат барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва нобаробарии зану мард дар кишвар кофӣ нест ва бисёре аз кормандони давлатӣ аҳамияти ин масъаларо дуруст дарк намекунанд. Кумитаи маҳви табъизи занон дар Созмони Милал охири соли гузашта баъди арзёбии талошҳои Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа аз ҷумла аз давлат хост, “барои боло бурдани донишу огаҳӣ дар бораи ҳуқуқи зан ва баробарии зану мард аз ҷумла дар байни кормандони ҳукумат, сохторҳои интизомӣ, вакилон, додрасҳо, вакилгни дифоъ, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва ҳамчунин рӯҳониён тадбирҳои бештар биандешад.”

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2017 омадааст, дар Тоҷикистон “занон дар раванди тасмимгириҳои сиёсӣ ба гунаи лозим муаррифӣ нашудаанд. Онҳо камтар аз 30 дарсади намояндагони ҳамаи шохаҳои ҳукуматро ташкил медиҳанд.” Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки таъдоди занон аз мардон камтар мебошад. Бар асоси омори соли 2016 занон дар кишвар 49,76 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти он, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 8,73 миллион буд, дар кишвар 42 ҳазор мард бештар аз зан вуҷуд дошт.

XS
SM
MD
LG