Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби футболи Тоҷикистон бар Ҳиндустон дар Аҳмадобод


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» бар тими мизбон – Ҳиндустон - бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Бозии даври аввали мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон шоми якшанбеи 7-уми июл дар шаҳри Аҳмадобод, дар варишгоҳи «ЕКА Arena», бо ҳузури беш аз 7000 тамошобин доир гардид.

Нимаи аввали дидор бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Ҳарду голро капитани мунтахаби Ҳиндустон Сунил Четрӣ ба самар расонид. Ӯ дар дақиқаи чаҳорум тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи меҳмонон ворид намуда, ҳисобро боз кард. Голи дувумро Четрӣ дар дақиқаи 41-ум зад.

Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии комили футболбозони тоҷик сурат гирифт. Онҳо на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки боз ду голи дигар зада, мизбононро бо ҳисоби 4:2 шикаст доданд. Голҳои ҳамлагарон Комрон Турсунов (дақиқаи 56-ум), Шериддин Бобоев (58-ум), Муҳаммадҷон Раҳимов (71-ум) ва Шаҳром Самиев (75-ум) ба мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз овард.

Зимнан, ин бозии панҷум миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба шумор мерафт. Дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб шудаанд. Як дидор бо пирӯзии футболбозони ҳинд ба анҷом расида, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷомидааст.

Нахустин бозии футболбозони тоҷику ҳинд ёздаҳ сол муқаддам – 1-уми августи соли 2008 – доир гардида буд. Бозии марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Юсуф Рабиев задааст.

Баъди 12 рӯз дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2008 дар шаҳри Деҳлӣ рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 4:1 ба нафъи тими миллии Ҳиндустон ба охир расид. Як голи Тоҷикистон ба Фатҳулло Фатҳуллоев марбут аст. Дарвоқеъ, пас аз ин ғалаба мунтахаби Ҳиндустон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2011 гардид.

Баъди чаҳор сол – 9-уми марти соли 2012 - футболбозони тоҷику ҳинд боз дар марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми даъвати AFC дар Непал рӯбарӯ шуданд. Бозии севум бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 анҷом пазируфт. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов ва Нуриддин Давронов ба самар расониданд.

Рақобати чаҳоруми тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон 14-уми августи соли 2013 доир гардид. Бозии дӯстона бо раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо ғалабаи футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 3:0 хотима ёфт. Голҳоро Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Аҳтам Ҳамроқулов заданд.

Бозии дигари даври аввали мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон имрӯз, 8-уми июл, миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Кореяи Шимолӣ доир мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми ин мусобиқаи байналмилалӣ 10-уми июл бо мунтахаби Сурия ва дар даври севум 15-уми июл бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон, ки бо ширкати чаҳорр дастаи мунтахаб – Кореяи Шимолӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - аз рӯи системи даврӣ сурат гирифтааст, аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рақобат менамоянд.

Баъдан аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба финал мебарояд. Бозии ниҳоӣ 19-уми июл доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и Аҳмадобод соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) шуруъ мешаванд.

“Ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад”,-гуфт ба Радиои Озодӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев 21 бозигар дохил аст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Аз сабаби он ки мусобиқа дар Ҳиндустон дар рӯзҳои муқарраркардаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) доир намегардад, ба мунтахаби Тоҷикистон легионерҳо, ба ҷуз аз ҳимоятгар Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), даъват нашуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»).

Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия) ;

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илҳомҷон Баротов, (ҳарду аз «Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, (ҳарсе аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон

Даври 1-ум

7 июл (якшанбе)

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 2:4

Голҳо: Сунил Четрӣ, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Сунил Четрӣ, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 58 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 75 (2:4).

Ҳиндустон: Гурприт Сингҳ Сандҳу, Нарендер, Одил Хон, Анирудҳ Тҳапа (Фаррух Чоундҳарӣ, 83), Сунил Четрӣ (Ҷобби Ҷустин, 88), Лалианзуала Чангте, Уданта Сингҳ Кумам (Манвир Сингҳ, 90+1), Мандар Рао Десаӣ (Ҷерри Лалринзуала, 60), Саҳал Абдул Самад (Ровлин Борҷес, 78), Раҳул Бҳеке, Амарҷит Сингҳ Қиём (Винит Рай Чанлинг, 46).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров (Зоир Ҷӯрабоев, 57), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 79), Муҳаммадҷон Раҳимов (Шарафҷон Солеҳов, 72), Илҳомҷон Баротов (Нозим Бобоҷонов, 64), Комрон Турсунов (Отабек Каримов, 90+2), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 69).

Огоҳӣ: Одил Хон, Раҳул Бҳеке, Винит Рай Чанлинг (Ҳиндустон).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳаммадҷон Раҳимов (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҷасур Мухторов (Узбекистон).

7-уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 7293 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-2

3

2

Сурия

0

0

0

0

0-0

0

3

Кореяи Шимолӣ

0

0

0

0

0-0

0

4

Ҳиндустон

1

0

0

1

2-4

0

8 июл (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Сурия – Кореяи Шимолӣ

Даври 2-юм

10 июл (чоршанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Тоҷикистон – Сурия

13 июл (шанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ

Дари 3-юм

15 июл (душанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон

16 июл (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Ҳиндустон – Сурия

Финал

19 июл (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 19:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳобо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG