Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали тилои муҳаққиқи тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор


Мавлуда Давлатмамадова.
Мавлуда Давлатмамадова.

Як бонуи пажӯҳишгари тоҷик барои ихтироъи малҳами табобатӣ бар зидди бемории ҳассосияти пӯст, дар як озмуни ҷаҳонӣ соҳиби ду медали тило шуд.

Ин зани навовари тоҷик номзади фанҳои техникӣ ва ходими "Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.

Мавлуда Давлатмамадова, номзади илмҳои техникӣ, баъди даҳ соли пажӯҳиш ба ин хулоса омад, ки мешавад бемории ҳассосият ё аллергияро бо гиёҳҳои шифобахш ва безарар иваз кард ва бо ин роҳ ба инсонҳо даво бахшид. Давое, ки ӯ дар ин самт ихтироъ кардааст, малҳам барои ҳассосияти пӯст ном дорад ва он ахиран дар як озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ, соҳиби ду нишони тилло шуд.

Мавлуда Давлатмамадоваи 33-сола, ки бо ин навоварии худ дар соҳаи тиб дар миёни 274 зан аз 28 кишвари дунё яке аз беҳтарин бонуи ихтироъкор дониста шуд, мегӯяд, агар ихтирооти ӯ дар тиб ба роҳ монда шавад, мушкили беморони ҳассосият дар кишвар аз байн хоҳад рафт.

"Умедворем давлат пуштибонӣ мекунад"

Мавлуда Давлатмамадова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте ман соли 2019 рисолаи номзадияро ҳимоя кардам, аввал аз хокае бо номи талк, ки дар конҳои Ишкошим мавҷуд аст, баъди коркарди он хокаи кӯдакона (детская присыпка) омода кардам. Хостам корамро идома диҳам. Баъдан аз ду навъ гиёҳи шифобахши "череда" ва "радиола", ҳамчунин маҳлули спирти этанол, хокаи кӯдакона, ки таркибаш бентонит ва оксиди синк дорад, ин малҳамро ихтироъ кардам".

Ин бонуи муҳаққиқ мегӯяд, ин малҳам ҳоло дар шароити лабораторӣ омода шудааст ва имконият надорад, ки онро дар истеҳсолот ба роҳ монад. "Ҳоло ин малҳам танҳо патент дорад. Барои он, ки онро дар истеҳсолот истифода кард, ҳамон хокае ки аз конҳои Ишкошим оварда мешавад, дар Душанбе коркард шавад ва боз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин маҳсулот, корҳои борпеҷкунӣ. Хулоса, маблағ лозим аст, то ин навовариҳо дар соҳаи тиб имрӯз мавриди истифода қарор гирад. Ман умедворам, ки ҳоло ин аввали кор аст ва барои истифодаи он дар истеҳсолот муваффақ хоҳем шуд",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ин бонуи донишманд мегӯяд, ду ҷоиза - медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва медали тиллои 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ба ӯ нерӯи ҳарчи бештари талош барои навовариҳои баъдиро бедор кардааст.

Мавлуда Давлатмамадова гуфт, бонувон, ки модаранд бештар кӯшиш меварзанд дар бораи сиҳатии мардум навовариҳои муҳимеро пешниҳод кунанд. Ин пажӯҳишгари ҷавон умед дорад, агар давлат навоваронро дар ин самт дастгириву кӯмак кунад ва истеҳсоли доруро дар дохили кишвар бештар ба роҳ монад, барои ворид кардани доруҳои гаронарзиш аз хориҷи кишвар зарурате зиёде нахоҳад монд.

"Тамоми доруҳо дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахшу табиӣ омода мешаванд. Табиати мо аз ин чизҳо бой аст ва онро бояд истифода кард. Ҳатто аз кишварҳои дигар мехоҳанд боигарии табиати моро истифода кунанд, чаро мо худамон онро накунем".

Дастоварди занони тоҷик дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ

Дар 12-умин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони навовар дар Кореяи Ҷанубӣ, дар баробари Мавлуда Давлатмамадова аз сӯи Муассисаи давлатии маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон кори ҳашт бонуи дигари донишманд, ки аксаран марбути соҳаи тиб аст пешниҳод шуд. Аз ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бонувони тоҷик аз намоишгоҳи мазкур бо се медали тило, чор нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Худи бонувон мегӯянд, ҳарчанд ин ихтироот дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд, дар кишвар заҳматҳои чандсолаи онҳо аксаран ба душворӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Тоҷиниссо Зубайдова, номзади илмҳои тиб, аз ҷумлаи онҳое мебошад, ки соли 2017 барои ихтироъ дар соҳаи биотехнология ва дорусозӣ, маводи Ферубет, ки таъсири глюкозапасткунанда дорад ва чойи оромкунандаи "Денисенко", соҳиби медали тилло шуд.

Ӯ мегӯяд, "ҳоло як мушкили аслӣ барои ихтироъкорон набуди маркази фармакологӣ мебошад, ки ба омӯзиши таркиби доруҳои ихтироъшуда машғул шавад. Барои мисол, ҳамин доруи ихтироъкардаи ман Ферубет барои гирифторони бемории диабети қанд аст, ки ҳоло дар мо чӣ қадар ин беморӣ зиёд аст. Ин доруро ман аз шираи камол, ки дар Тоҷикистони худамон мерӯяд, ихтироъ кардам. Вале мушкил ин, ки ҳоло барои ба истеҳсолот баровардани он чӣ қадар мушкил аст".

"Кашфиёт рӯи коғаз мемонад"

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои Муассисаи давлатии маркази патенту иттилоот, дар кишвар бештар аз 150 зан барои ихтирои худ соҳиби патент ё ҳуҷҷати муаллифӣ шудаанд. Занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навоварӣ ва ихтироъ мекардаанд. Бар асоси омори расмии ин муассиса, аз соли 2012 то имрӯз 44 ихтироъи бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун соҳиби медал ва Грант-при гардид, ки аз онҳо 15-тояш медали тилло будааст.

Аммо он чӣ боиси нигаронии аксар олимону кормандони риштаи илм аст, ин ки воқеан ихтироъ зиёд ҳасту ҳамасола олимони зиёде барои ихтироъҳои худ патент мегиранд, аммо аксаран ин ҳама дастовардҳо рӯйи коғаз мемонанд ва дар амал татбиқ намешаванд. Онҳо мегӯянд, бояд кору заҳмати ҳар муҳаққиқи навовар дар ҷое истифода шавад ва натиҷа диҳад.

Роҳи ҳал -- бунёди корхонаҳои дорусозӣ

Ғиёсиддин Меъроҷов, академики тоҷик ва собиқ президенти Академия илмҳои тиб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои дар амал истифода кардани кашфиёти олимони соҳаи тиб, бояд корхонаҳои дорусозӣ сохта, ин самтро рушд дод. Вай гуфт, ҳоло фурсат расидааст, ки бо истифода аз ин, ки Тоҷикистон дар садади гузаштан аз кишвари аграрӣ ба саноати қарор дорад, мушкили набуди корхонаҳои дорусозиро ҳам ҳал кард.

"Аксари навовариҳое, ки дар соҳаи тиб ихтироъ мешаванд, бо сабаби рушд накардани саноати дорусозӣ дар кишвар онҳо дар истеҳсолот истифода намешавад. Афсӯс, ки мо ҳоло фақат кори сабук - ҳамон гиёҳҳои шифобахшро ҳамчун намудҳои биологии фаъол истифода мекунем. Дар ҳоли ҳозир ягона доруе, ки ихтироъи тоҷикӣ дар тиб истифода мешавад, ин ҳамон "Тимасин" аст. Ихтироъ дар ҳақиқат зиёд аст, вале бояд дар ин баробар саноати дорусозиро ҳам тараққӣ дод",-таъкид кард академики тоҷик. Ӯ барои мисол, гуфт, Гурҷистон як кишвари начандон бузурге аст, ки дар он саноати дорусозӣ рушд карда аксар кишварҳоро бо дору таъмин мекунад, аммо чаро Тоҷикистон ин корро карда натавонад?"

Ҳоло малҳами ихтироъкардаи Мавлуда Давлатмамадова, номзади илмҳои техникӣ, ки дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор соҳиби ду нишони тилло шуд, интизори посуху иҷозаи Кумитаи фармокологии кишвар аст. Дар сурати дарёфти муҷаввиз ва сарпарасту шароит, ин малҳами табииро мешавад дар дорухонаҳои кишвар пайдо кард.

XS
SM
MD
LG