Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи Амрико барои таъмини амнияти киштиронӣ дар обҳои атрофи Эрон ва Яман


Генерал Ҷузеф Донфурд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи сешанбеи 9-уми июл гуфт, ки ИМА дар пайи ташкили эътилофи низомӣ бо бархе кишварҳо барои таъмини амнияти киштиронӣ дар обҳои байналмилалӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Боб Ал-Мандаб аст.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ, ки ахиран ниҳоӣ шудааст, Амрико киштиҳои фармондеҳӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти иктишофиро дар ихтиёри ин эътилоф қарор медиҳад. Кишварҳои узви ин эътилоф низ фаъолияти киштирониро бо парчамҳои худ дар обҳои байналмилалӣ дар ҳамсоягии Эрон ва Яман анҷом хоҳанд дод.

Тибқи ин гузориш, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи сешанбе дар нишаст бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ва сарпарасти вазорати дифои он кишвар ҷузъиёти ин тарҳро баррасӣ кардааст. Генерал Ҷузеф Донфурд дар ин бора изҳор доштааст, "мо дар ҳоли ҳозир бо шуморе аз кишварҳо дар тамос ҳастем, то эътилоферо барои таъмини амният ва озоди киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Боб Ал-Мандаб ташкил диҳем".

Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико изофа кардааст, "фикр мекунам эҳтимолан дар чанд ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд, ки чӣ кишварҳое аз иродаи сиёсии лозим барои ҳимоят аз ин ташаббус бархӯрдоранд ва сипас ҳамкориҳои мустақими низомӣ барои шиносоии қобилияти мавриди ниёз барои ҳимоят аз ин тарҳро мушаххас кунем".

Шуморе аз мақомҳои низомии Ҷумҳурии исломии Эрон то ба ҳол дар вокуниш ба таҳримҳои нафтии Амрико алайҳи Теҳрон, масъалаи бастани гулӯгоҳи Ҳурмузро дар миён гузоштаанд. Ин изҳороти мақомҳои эронӣ вокунишҳоеро дар Амрико дар пай доштааст.

Дар баҳори соли ҷорӣ фармондеҳи Нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид кард, ки агар ҷилави истифодаи Эрон аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гирифта шавад, Сипоҳ ин гулӯгоҳро хоҳад баст.

Дар пайи ҳамла ба шаш киштии нафкаш ва тиҷоратӣ дар Халиҷи Форс ва Баҳри Умон дар моҳҳои ахир, масъалаи амнияти киштиҳо дар ин минтақа беш аз ҳар вақти дигар матраҳ шудааст. Арабистони Саудӣ ва Амрико Эронро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо муттаҳам кардаанд. Аммо Эрон ин иттиҳомро радд мекунад.

Ҳамчунин сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ аз сӯи нерӯҳои Сипоҳи посдорон дар моҳи гузашта дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, нигарониҳоеро дар бораи даргирӣ миёни Эрон ва Амрико бештар кардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки пас аз ҳадаф қарор гирифтани ин ҳавопаймои бесарнишин, тасмим гирифт дастури ҳамлаи маҳдуд ба Эронро содир кунад, аммо бинобар нигарониҳо аз талафоти инсонии эҳтимолии ин ҳамла, феълан аз анҷоми он худдорӣ кардааст.

Боб-Ал-Мандиб Халиҷи Адан ва уқёнуси Ҳиндро бо баҳри Сурх пайваст мекунад ва илова бар молу колои тиҷоратӣ, рӯзона чиҳил миллион бочка нафти хом аз тариқи ин гулӯгоҳ ба Аврупо содир мешавад.

Генерал Ҷузеф Донфурд гуфтааст, ки Амрико киштиҳои фармондеҳӣ ва назоратиро дар ихтиёри эътилоф қарор хоҳад дод, аммо аъзои эътилоф бояд киштиҳоеро барои гаштугузор ва иртибот бо киштиҳои фармондеҳӣ дар ихтиёри эътилоф қарор диҳанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG