Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси украинӣ сармураббии ССКА "Помир" шуд


Сергей Житский, мутахассиси 61-солаи украинӣ, сармураббии нави дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе таъйин гардид. Ӯ дастаро ба қисми дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон – 2019 омода мекунад.

Ба иттилои бошгоҳи футболи ССКА “Помир” Сергей Житский дар ин вазифа Рустам Хоҷаевро, ки ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон истеъфо додааст, иваз намуд.

Сергей Житский ба ҳайси мураббӣ дар чунин дастаҳо, монанди «Хмелнитский», «Никопол», «Олимпик-УОР» (ҳама аз Украина) ва «Одиши-1919» (Гурҷистон) фаъолият кардааст. Ӯ дорои муҷаввизи мураббигии дараҷаи «А» УЕФА мебошад.

Бояд гуфт, ки ССКА «Помир» дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз рӯи натиҷагирии даҳ давр бо шаш имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Бошгоҳи футболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҷойгоҳи ҳафтум аст, як хол камтар гирифтааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти лгаи олӣ «Истиқлол»-Душанбе, ки 25 имтиёз дорад, пешсаф аст. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки нӯҳ даври мусобиқоти лигаи олиро бе бохт анҷом дода, дар ҳашт бозӣ пирӯз шудааст ва як бозиро мусовӣ кардааст.

Дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки 17-имтиёзӣ гирифтаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб намудаанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин се бозигар – Шериддин Бобоев аз «Истиқлол», инчунин ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Восиев ва Турсуналӣ Рустамов, ки шашголӣ задаанд, дар ҷойи аввал мебошанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар танаффуси тобистона эълон шудааст, ки то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард. Дар ин муддат бошгоҳҳои футболи лигаи олӣ метавонанд дар ҳайатҳои худ тағйирот ворид созанд.

XS
SM
MD
LG