Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён дар "Budapest Grand-Prix 2019" ҳафтум шуд


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Budapest Grand-Prix 2019”, ки рӯзҳои 12-14-уми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шуд, мақоми ҳафтумро касб намуд.

Ба иттилои вебсайти Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи байналмилалии “Budapest Grand-Prix 2019” 543 варзишгар (340 мард ва 203 зан) аз 81 кишвар ширкат дошт. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир гардид.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон чаҳор варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – намояндагӣ карданд.

Дар байни онҳо натиҷаи ба даст овардаи Комроншоҳи Устопириён хубтар аст. Ӯ дар вазни зери 90 кило бо панҷ нафар рақобат намуда, дар сетоаш ғолиб омад ва дар ду қаввазомоӣ мағлуб гашта, дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифт.

Комроншоҳ дар даври аввал бар Марко Бубанҷа (Австрия) дастболо шуд. Баъдан Боско Бореновичи сербиягиро шикаст дод. Дар даври сеюм Фаррух Булеқуловро аз Қириғизистон мағлуб кард. Вале дар даври чаҳорум қувваозмоиро ба Шоичиро Мукаи аз Ҷопон бохт. Комроншоҳ дар даври тасаллобахш аз Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон ноком шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило дар даври аввал бар Алексиос Нтанатсидис аз Юнон ғолиб шуд, вале дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Кристҷан Тонисте аз Эстония бохт.

Ду гуштигири дигари тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов - дар даври аввал ба нокомӣ дучор шуданд. Сомон дар вазни зери 73 кило аз Антоин Бучард (Канада) ва Темур дар вазни беш аз100 кило аз Сослан Бостанов (Русия) шикаст хӯрданд.

“Budapest Grand-Prix 2019”, ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 924 имтиёз дар ҷойи 20-ум, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо 683 имтиёз дар ҷойи 31-ум, Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило бо 628 имтиёз дар ҷойи 35-ум ва Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило бо 230 имтиёз дар ҷойи 77-ум қарор доранд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии “Budapest Grand-Prix 2019” ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ, ҷоизаҳои молӣ супурда шуд. Варзишгарон барои ҷойи якум бо 3000 доллар, барои ҷойи дуюм бо 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм бо 1000-долларӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 8 медал (5 тилло, 3 нуқра) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Бразилия бо касби 4 медал (2 тилло, 2 нуқра) ҷойи дуюм ва мунтахаби Косово бо касби 3 медал (1 тилло, 2 нуқра) ҷойи сеюмро аз они худ карданд. Дастаи Тоҷикистон бо як мақоми ҳафтум дар байни 81 кишвар дар ҷойгоҳи 35-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии ҷудо Budapest Grand-Prix 2019” дар Будапешти Маҷористон:

Мардон

60 кг

1. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)
2. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
3. ТСАКАДОЕА Торнике (Нидерланд)
3. ЯНГ Юнг Ви (Тайван)

66 кг
1. ҲАНБОЛД Ҳерлен (Муғулистон)
2. ЖУМАКАНОВ Елдос (Қазоқистон)
3. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. АҲАДОВ Шаҳром (Узбекистон)

73 кг
1. ГЖАКОВА Акил (Косово)
2. ЕЛБАКИЕВ Георгий (Русия)
3. ТУРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Узбекистон)
3. ВАЛИЕВ Телман (Озарбойҷон)

81 кг
1. ГРИГАРАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. МАСЕДО Ҷао (Бразилия)
3. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. УНГРВАРИ Аттила (Маҷористон)

90 кг
1. ШИРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
2. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)
3. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Филипе (Куба)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)

100 кг
1. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)
2. МИНАСКИН Григорий (Эстония)
3. ЧО Гушам (Кореяи Ҷанубӣ)
3. КАТАРИНА Симеон (Нидерланд)

+100 кг
1. САССОН Ор (Исроил)
2. КАГЕУРА Кокоро (Ҷопон)
3. СИПОЧ Ричард (Маҷористон)
3. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG