Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Ҷопон дар Универсиадаи XXX ҷаҳонии тобистона


Универсиадаи XXX ҷаҳонии тобистона, ки аз 3-юм то 14-уми июл дар шаҳри Неаполи Италия баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон ба анҷом расид. Ҷопониҳо ҳамагӣ 82 медал (33 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мунтахаби Русия низ 82 медал гирифт, вале бо дарназардошти сифати медалҳо русиягиҳо мақоми дуюмро касб намуданд. Онҳо соҳиби 22 медали тилло, 24 нуқра ва 36 биринҷӣ гардиданд.

Мунтахаби Чин бо касби 43 медал (22-13-8) дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт. Дар байни панҷ дастаи пешсаф, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 53 медал (21-17-15) ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал (17-17-16) ҷойгир шуданд. Дастаи мизбон - мунтахаби Италия - бо касби 44 медал (15-13-16) шашум шуд.

Дар Универсиадаи XXX ҷаҳонии тобистона ҳудуди 6000 варзишгар аз 89 кишвар иштирок карда, оид ба 18 намуди варзиш рақобат карданд.

Ба ҷуз аз Русия дар Универсиада боз варзишгарони 11 кишвари собиқи шӯравӣ ширкат намуда, ба чунин натиҷаҳо ноил шуданд: Украина 20 медал (6 тилло -7 нуқра -7 биринҷӣ) – ҷойи 11-ум, Озарбойҷон 7 медал (2-3-2) – ҷойи 18-ум, Узбекистон 8 медал (2-2-4) – ҷойи 19-ум, Молдова 4 медал (2-0-2) – ҷойи 23-юм, Қазоқистон 7 медал (1-5-1) – ҷойи 25-ум, Беларус 5 медал (1-3-1) – ҷойи 26-ум, Литва 4 медал (1-1-2) – ҷойи 29-ум, Арманистон 2 медал (1-0-1) – ҷойи 34-ум, Эстония 2 медал (1-0-1) – ҷойи 35-ум, Гурҷистон 2 медал (0-1-1) – ҷойи 47-ум, Латвия 1 медал (0-0-1) – ҷойи 56-ум.

Вале варзишгарони Туркманистон бе медал монданд. Варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон дар Универсиадаи ҷаҳонии тобистона дар Неаполии Италия ширкат надоштанд.

Универсиадаи навбатии ҷаҳонии тобистона аз 8-ум то 19-уми августи соли 2021 дар шаҳри Чэндуи Чин доир мегардад.

XS
SM
MD
LG