Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо вуҷуди онки бозии севумашро дар «Hero Interсontinental Cup 2019» ба тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 бохт, ба финали ин мусобиқаи байналмилалӣ роҳ пайдо кард.

Бозии даври охирини сабқати гурӯҳӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ шаби душанбеи 15-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон, дар варишгоҳи «ЕКА Arena», доир гардид. Голи ягонаро Ри Хёнг Чжин дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 ва дар бозии дувумаш бар дастаи Сурия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар финал дар бозии дигари даври севуми мусобиқа имрӯз, 16-уми июл, миёни дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Сурия маълум мешавад.

Дар мавриди пирӯзии суриягиҳо дар ин дидор мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» рӯзи ҷумъаи 19-уми июл бо тими Сурия рақобат мекунад. Вале агар бозӣ мусовӣ шавад ва ё суриягиҳо шикаст хӯранд, онгоҳ мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ҳалкунанда бо тими миллии Кореяи Шимолӣ вориди рақобат хоҳад шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ низ шаш имтиёз гирифтааст, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми дувумро касб намудааст. Мунтахаби Сурия бо се имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм мебошад. Вале тими Ҳиндустон бидуни имтиёз ҷойи чорумро ишғол менамояд.

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки сармураббиаш мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев мебошад, як давраи омодагӣ ба марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон

Даври 1-ум

7 июл (якшанбе)

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 2:4

Голҳо: Сунил Четрӣ, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Сунил Четрӣ, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 58 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 75 (2:4).

7-уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 7293 тамошобин.

8 июл (душанбе)

Сурия – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Даври 2-юм

10 июл (чоршанбе)

Тоҷикистон – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 67 (2:0).

10 –уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 732 тамошобин.

13 июл (чоршанбе)

Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ – 2:5

Дари 3-юм

15 июл (душанбе)

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ри Хёнг Чжин, 33.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (капитан), Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷӯрабоев, 81), Сиёвуш Асроров, Илҳомҷон Баротов (Шарафҷон Солеҳов, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 37, Алишер Баротов, 90+5), Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 63), Комрон Турсунов (Отабек Каримов, 72).

Огоҳӣ: Чанг Кук Чол, Пак Мёнг Сонг, Чое Чжу Сонг (Кореяи Шимолӣ), Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Ри Хёнг Чжин (Кореяи Шимолӣ).

Сардовар: Венкатеш (Ҳиндустон).

15 –уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 634 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

0

1

6-3

6

2

Кореяи Шимолӣ

3

2

0

1

8-7

6

3

Сурия

2

1

0

1

5-4

3

4

Ҳиндустон

2

0

0

2

4-9

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

16 июл (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Ҳиндустон – Сурия

Финал

19 июл (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 19:30

Тоҷикистон - ?

Эзоҳ: замони оғози бозиҳобо вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG