Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Додситони кулли Тоҷикистон ба аксҳои таҳқиромези муҳоҷирон


Додситони кулли Тоҷикистон ба намоиш гузоштани бадани урёни муҳоҷирони тоҷикро амали ғайриинсонӣ хонда, аз ҳамтоёни русаш хостааст қазияро таҳқиқ ва чораандешӣ кунад.

Масъулони додситонӣ мегӯянд, ки аксҳои урён ва шимҳои даридаи муҳоҷиронро онҳо низ аз расонаҳо диданд ва фавран ба Додситонии кулли Русия нома ирсол карданд.

Ҳашт муҳоҷири тоҷик бо гумони қатли варзишгари рус Сергей Чуев боздошт шуданд. Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румӣ шаби 7 ба 8-уми июн дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, ки гӯё муҳоҷирон устоди варзишро ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

Додгоҳ рӯзи 10-уми июн ҳукми то моҳи август дар боздошт мондани шаш нафари онҳоро содир кард ва хост ду тани дигар аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Вале он чӣ корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт асабонӣ кард, шимҳои дарида ва бадани урёни шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Чанде аз корбарон гуфтаанд, "ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд".

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё додситонӣ ба парвандаи урён кардани босин ё ақиби муҳоҷирон дар Маскав ҳамчун таҳқир ва шиканҷаи равонии боздоштшудаҳо чорае андешид гуфт, "пас аз дидани чунин аксҳо ҳамон лаҳза мактуб ба номи Юрий Чайка, прокурори генералии Русия омода ва фиристода шуд. Дар ин мактуб аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар баробари шаҳрвандони мо чунин рафтори ғайриинсониро раво диданд, чораҳои қатъӣ андешанд".

Дар интизори посухи Русия

Додситони кулл, ки дар нишасти хабарӣ ва дар ҳузури жураналистон сӯҳбат мекард, ному насаби шаҳрвандони тоҷикро як-як зикр кард ва гуфт, ҳанӯз посухи номаи худро аз Русия интизоранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, таҳқиқи ин қазия аз сӯи мақомоти интизомии Русия идома дорад.

Ҷониби Русия ҳанӯз шарҳ надодаст, ки чаро муҳоҷирон дар як ҳолати таҳқиромез тасвир шудаанд ва ин аксҳо чӣ гуна ба матбуот роҳ ёфт. Вале онҳо видеои бозпурсии гумонбаронро нашр карданд, ки дар он муҳоҷирон даргирӣ бо варзишгари русро тасдиқ мекунанд. Маълум нест, ин наворҳо дар чӣ шароит сабт шудааст.

Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон Рустам Аминов, Исроил Азизов, Мирзошавкат Тафалангов, Фаридун Абдуллозода, Неъматҷон Бобоев, Фаридун Сафаров ва Меъроҷиддин Аловиддинзода ва Фируз Сафаров сокинони ноҳияи Масчоҳ ҳастанд. Ба зидди боздоштшудаҳо бар асоси моддаи "куштор аз ҷониби гурӯҳи шахсон дар заминаи авбошӣ", парванда боз шудааст.

"Дар боздоштгоҳ шиканҷа шуданд"

Муҳаммад, яке аз наздикони Фирӯзи Сафаров, ки аз Русия бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳамеша аз вазъи онҳо дар боздоштгоҳ бохабар аст. Вай мегӯяд, ҳоло се адвокати рус аз ҳаққи онҳо ҳимоя мекунанд ва худи ҷавонон мехоҳанд таҳқиқи ҳодиса одилона сурат бигирад.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳоло ҷавонони тоҷики гумонбар дар куштори варзишгари рус интизори натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳастанд. Қарор аст, ки хулосаи ин ташхис ояндаи наздик эълон шавад.

"Ман медонам, ки ҳоло Фаридун Абдуллозода аллакай ба Тоҷикистон рафт ва Исроил Азизов дар Сахарова интизори ба даст овардани шиносномааш аст, то чипта харида, ба ватан сафар кунад. Замоне, ки ин бачаҳоро боздошт карданд, ҳуҷҷатҳояшонро гирифта буданд. Исроил Азизов аз он замон то ҳол натавонистааст шиносномаи худро дубора бозпас бигирад",-гуфт ӯ.

Муҳаммад мегӯяд, ин ҷавонон ҳангоми боздошт шиканҷа шудаанд ва ҳатто дасти Рустам Аминов шикаставу бо гаҷ (гипс) баста шудааст. "Тибқи қонунҳои Русия вақте гуноҳи гумонбар дар 48 соат ё ду рӯз собит намешавад, бояд ӯ аз боздошт раҳо шавад. Вақте ин гурӯҳи ҷавононро гумонбар донистанд, аз додгоҳ бояд барои ду моҳ ба СИЗО мебуранд, аммо онҳоро бо сару рӯи сиёҳу кабуд ва дасти шикаста дар онҷо қабул накарданд ва дубора ба Боздоштгоҳи муваққатӣ оварданд ва ду ҳафтаи дигар онҷо нигоҳ доштанд".

"Набояд бо ирсоли як мактуб иктифо кард"

Саидэҳсони Ҷалолиён, хабарнигори тоҷик ба ин назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар чунин ҳолатҳо ҳар чӣ зудтар нотаи эътирозӣ фиристад ва набояд интизори посухаш бишинад. Ба гуфтаи ӯ, бояд роҳбарони мақомоти марбута бо ҳам мулоқот кунанд ва ҳалли қонунии онро талаб намоянд. "Набояд бо ирсоли як мактуб иктифо кард. Пас аз ирсоли нота онро зери назар бояд гирифт, то замоне ки аз роҳи қонунӣ ҳал шавад".

Аз ин пештар ҳам Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ба боздошти муҳоҷирони тоҷик ва нашри аксҳои таҳқиромези онҳо дар Русия вокуниш карда буд. Ӯ гуфт, "ҳар ҷиноят бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шаванд".

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир ё кушта мегарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG