Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Ҳавопаймои бесарнишини эрониро сарнагун кардем". Зариф: "Хабар надорем"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, киштии ҷангии USS Boxer-и он кишвар як ҳавопаймои бесарнишини эрониро, ки ба ҳазорметрии он наздик шуда буд, сарнагун кардааст. Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки дар ин бора хабаре надорад.

Президенти Амрико рӯзи панҷшанбеи 18-уми июл гуфт, ки ҳодиса дар гулӯгоҳи Ҳурмуз рух додааст. Оқои Трамп, ки дар як нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҳолланд сӯҳбат мекард, гуфт, пас аз ин, ки ҳавопаймои бесарнишини эронӣ ба ҳазорметрии USS Boxer наздик шуд ва ба ҳушдорҳо таваҷҷуҳ накард, киштии амрикоӣ дар ҳолати дифоӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи вай, ҳавопаймои бесарнишини эронӣ амнияти киштии амрикоӣ ва киштибонҳоро таҳдид карда буд.

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, "ин охирин маврид аз иқдомҳои таҳрикомез ва хасмонаи Эрон алайҳи киштиҳои дар ҳоли гаштугузор дар обҳои байналмилалӣ аст". Оқои Трамп таъкид кард, "Амрико инро аз ҳаққи худ медонад, то аз нерӯҳо, таҳҷизот ва манфиатҳои худ ҳимоят карда ва аз ҳама кишварҳо мехоҳад то монеасозиҳои Эрон бар сари роҳи убуру мурури озод ва тиҷорати ҷаҳониро маҳкум кунанд".

Вай ҳамчунин аз ҳама кишварҳо хостааст то "киштиҳои худро, ки озими гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд, муҳофизат кунанд ва дар оянда бо мо ҳамкорӣ намоянд".

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳам дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфтааст, "то ба ҳол гузорише дар ин бора ба ман нарасидааст ва бояд мунтазири изҳори назари мақомоти низомӣ буд".

Сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини Эрон пас аз он сурат мегирад, ки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ҳудуди як моҳ қабл як ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз суқут дод. Эрон мегӯяд, ки ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ вориди ҳарими ҳавоияш шуда буд, вале Амрико инро радд карда ва гуфта буд, ки ин ҳавопаймо бар фарози обҳои байналмилалӣ парвоз доштааст.

Аз он замон таниш байни ду кишвар ба авҷи худ расидааст ва ин нигаронӣ ба вуҷуд омадааст, ки як даргирии тасодуфӣ байни Эрон ва Амрико мумкин аст ба ҷанги ҷиддӣ дар Ховари Миёна сабаб шавад.

Трамп гуфта буд, пас аз ҳадаф қарор гирифтани ҳавопаймои кишвараш тасмим гирифт, ки дастури ҳамлаи маҳдуд ба Эронро содир кунад, аммо бинобар нигаронӣ аз талафоти инсонии эҳтимолии ин ҳамла, даҳ дақиқа қабл аз он, нияти худро тағйир дод.

Амрико борҳо Эронро ба хотири ҳамла ба чандин киштии нафткаш тайи моҳҳои гузашта дар наздикии обҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гунаҳкор карда буд. Теҳрон ин иттиҳомотро радд кардааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG