Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври 12-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври дувоздаҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуданд. Аз шаш бозӣ дар чортоаш мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд, ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.

«Локомотив-Помир»-и Душанбе бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0, «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷанд бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 9:2, «Равшан»-и Кӯлоб бар «Исфара»-и Исфара ва «Зарафшон»-и Панҷакент бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд.

«Душанбе-83»-и Душанбе бозиро дар меҳмонӣ бо «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ва «Саройкамар»-и Панҷ бозиро дар майдони худ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар 11 бозӣ 27 имтиёз гирифтааст, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, “Файзканд” ягона дастест, ки бохт надорад.

«Локомотив-Помир» бо 26 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. «Душанбе-83» бо 22 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 21-уми июл баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 12-ум

«Ваҳдат» – «Душанбе-83» – 0:0

«Парвоз» – «Шоҳмансур» – 9:2

«Саройкамар» – «Ҳулбук» – 1:1

«Равшан» – «Исфара» – 1:0

«Локомотив-Помир» – «Эсхата» – 3:0

«Зарафшон» – «Дӯстӣ» – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд» (Восеъ)

11

8

3

0

22-9

27

2

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

12

8

2

2

33-10

26

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

11

6

4

1

22-9

22

4

«Равшан» (Кӯлоб)

12

6

3

3

27-15

21

5

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

12

6

3

3

25-13

21

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

12

6

2

4

24-24

20

7

«Саройкамар» (Панҷ)

12

5

3

4

16-13

18

8

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

12

5

3

4

14-12

18

9

«Ҳулбук» (Восеъ)

12

5

2

5

25-21

17

10

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

4

2

4

20-18

14

11

«Зарафшон» (Панҷакент)

12

3

2

7

14-32

11

12

«Исфара» (Исфара)

12

2

1

9

9-21

7

13

«Шоҳмансур» (Душанбе)

12

1

2

9

17-51

5

14

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

12

1

0

11

14-34

3

Даври 13-ум

21 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Дӯстӣ» – «Ваҳдат»

«Эсхата» – «Зарафшон»

«Исфара» – «Локомотив-Помир»

«Ҳулбук» – «Равшан»

«Шоҳмансур» – «Саройкамар»

«Барқчӣ» – «Парвоз»

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG