Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳодур Усмонов дар нимфинали Ҷоми президенти Қазоқистон


Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Нурсултон ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни зери 63 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Қаҳрамони Осиё Баҳодур Усмонов дар даври аввал бидуни рақобат ғолиб дониста шуд, зеро ки рақибаш Шалва Питсхелаури аз Гурҷистон аз сабқат даст кашид. Муштзани тоҷик дар даври дувуми мусобиқа бар Дилмурод Маҷидов аз Қазоқистон пирӯз гардид. Ҳамакнун Баҳодур дар даври ниманиҳоӣ, ки бегоҳи имрӯз, 19-уми июл баргузор мешавад, бо муштзани дигари қазоқистонӣ Зокир Сафиуллин рақобат мекунад.

Ба иттилои сомонаи Prosports.kz дар Ҷоми президенти Қазоқистон ҳамагӣ 156 муштзан (123 мард ва 33 зан) аз 13 кишвар - Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин – ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт муштзан дохил аст:
Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон, Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг) ва Идимоҳ Холова (69 кг) миёни занон.

Ба ҷуз аз Баҳодур Усмонов варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум шуданд.

Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон аз рӯи ҳашт вазни олимпӣ миёни мардҳо ва панҷ вазн миёни занон то рӯзи 20-уми июл идома хоҳад кард. Ғолибон дар ҳар як вазн бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2000 доллари ИМА сарфароз мегарданд. Барои ҷойи дуюм 1000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 500-долларӣ супурда мешавад.

Ғолибони Ҷоми президенти Қазоқистон дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 20-уми июл доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Ҳайатҳои ҷуфтҳои ниманиҳоӣ миёни занон:

51 кг

Ангелина Лукас (Қазоқистон) — Жайна Шекербекова (Қазоқистон)
Жансая Абдураимова (Қазоқистон) — Нозим Қизайбой (Қазоқистон)

57 кг
Айжан Хоҷабекова (Қазоқистон) — Ган Юанмэй (Чин)
Даря Абрамова (Русия) — Аида Абикеева (Қазоқистон)

60 кг
Римма Волосенко (Қазоқисто) — Анастасия Селина (Русия)
Парвин (Ҳиндустон) — Карина Иброҳимова (Қазоқистон)

69 кг
Ян Ли (Чин) — Марина Волнова (Қазоқистон)
Элмира Азизова (Русия) — Дариға Шакимова (Қазоқистон)

75 кг
Женг Лю (Чин) — Надежда Рябетс (Қазоқистон)
Бора Савити (Ҳиндустон) — Елена Гапешина (Русия)

Ҳайатҳои ҷуфтҳои ниманиҳоӣ миёни мардҳо:

52 кг

Фозилҷон Абдумуродов (Узбекистон) — Сакен Бибосинов (Қазоқистон)
Олжас Бойниёзов (Қазоқистон) — Маҳмуд Собирхон (Қазоқистон)

57 кг
Илёс Сулаймонов (Қазоқистон) — Миразизбек Мирзохалилов (Узбекистон)
Кайрат Ералиев (Қазоқистон)— Рустам Рустамов (Қазоқистон)

63 кг
Зокир Сафиуллин (Қазоқистон)— Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон)
Тапа Шива (Ҳиндустон) — Арген Қодирбекуулу (Қирғизистон)

69 кг
Аблайхан Жусупов (Қазоқистон)— Фазлиддин Мелибоев (Узбекистон)
Талгат Шайкен (Қазоқистон) — Синг Неги Дуродхан (Ҳиндустон)

75 кг
Раҷаббой Отаназаров (Узбекистон) — Турсунбой Кулахмет (Қазоқистон)
Вадим Туков (Русия) — Одилҷон Аслонов (Узбекистон)

81 кг
Ерик Алжанов (Қазоқистон) — Акмалбек Козимов (Узбекистон)
Козимбек Мардонов (Узбекистон) — Бекзат Нурдаулетов (Қазоқистон)

91 кг
Василий Левит (Қазоқистон) — Абзал Куттибеков (Қазоқистон)
Ремула Абудурексити (Чин) — Ойбек Оралбой (Қазоқистон)

+91
Нурлан Сапарбой (Қазоқистон) — Нурболат Сермаханов (Қазоқистон)
Сергей Егоров (Русия) — Камшибек Конкабоев (Қазоқистон)

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG