Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз орзу дорад сиҳат шавад ва бо ҳамсолонаш ба мактаб равад. ВИДЕО


Parviz Bakhtaliev Tajik boy with cancer

Парвизи 11-сола як соли ахири зиндагиашро дур аз мактаб дар чордевории хонаву беморхона ва бо сӯзандоруву дармон сипарӣ кардааст.

Омос дар гардани Парвиз босуръат афзоиш меёбад ва ба гуфтаи худи Парвиз, дарду вазни зиёдатӣ ӯро азият медиҳад. "Гарданам варам кард, вазнинӣ мекард дигар ба мактаб нарафтам. 10 моҳ дар беморхона",- мегӯяд Парвиз.

Парвизи Бахталиевро волидон тирамоҳи соли гузашта бо як захми хурд дар гардан, аз Ишкошим ба Душанбе оварданд. Ташхиси табибон дар гардани ӯ саратони навъи "лимфомаи ҳудкинии гиреҳҳои лимфатикии гардан"-ро муайян кард.

Парвиз то имрӯз 4 марҳилаи табобати кимиёдармониро паси сар кардаву ҷарроҳӣ шуд. Аммо ба гуфтаи волидон, варами гардани ӯ торафт афзоиш меёбад. Пизишкони тоҷик сабаби афзоиши омосро "вайронкунии реҷаи табобат", ном мебаранд.

Моҳира Умарова, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои саратони Маркази илмии ҷумҳурияви саратоншиносӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Парвиз навъи лимфома дошт. То моҳи ноябр ду бахши табобатро дар мо гирифт ва дигар наёмад. Аз ин рӯ, ҳоло дар Парвиз афзоиши омос дида мешавад".

Дархости кумак барои муолиҷаи Парвиз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Волидони Парвиз мегӯянд, ба далели набуди шароит ва баста будани роҳ дар фасли сармо натавонистанд ба пойтахт биёянд ва муолиҷаро дар Хоруғ идома доданд. Ҳоло, ки варам як қисми чеҳраи Парвизро пурра гирифта, ба гӯшу чашм ҳам расидааст, ва ба гуфтаи волидон дигар ин ҷо барои табобати ӯ кафолат нест, дар машаварат бо табибон аз Русия, Парвизро барои ҷарроҳӣ ба Маскав мебаранд. Зафар Бахталиев, падари Парвиз мегӯяд "дар ин ҳавои гарм варам торафт зиёд шуда истодааст ва маҷбурем ба Русия равем. Бояд барои ҷарроҳӣ омода шавад".

Барои муолиҷаи омоси гардани Парвиз волидон ба беш аз 10 ҳазор доллар ниёз доранд. Як қисми ин маблағро онҳо бо роҳандозии маъракаи хайриявӣ ҷамъ оварданд. Барои ҷамъ кардани маблағи боқимонда волидони ӯ ба кӯмак ниёз доранд. Зафар Бахталиев, падари Парвиз мегӯяд, "маблағи химияро ҷамъ кардем, вале барои ҷарроҳӣ пул даркор. Тақрибан 6 ҳазор доллари дигар барои ҷарроҳӣ лозим аст".

Тибқи омори расмӣ, мисли Парвиз дар Тоҷикистон ҳазору дусад кӯдакону наврасон гирифтори саратон ҳастанд. Саратони лимфом ё лимфоми ғайриҳудкин ва лимфоми ҳудкин (омоси бадсифати системаҳои лимфатикӣ) аз навъҳои паҳншуда дар миёни кӯдакон будааст.

Моҳира Умарова, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои саратони Маркази илмии ҷумҳурияви саратоншиносӣ мегӯяд, "бо гирифтори лимфаи хоҷкинӣ зиёда аз 90 дарсади беморон сиҳат меёбанд. Агар падару модар саривақт табобати пешниҳодшударо қабул кунанд. Вале дар бисёр ҳолат сари вақт муроҷиат намешавад".

Моҳира Умарова.
Моҳира Умарова.

Ба гуфтаи Моҳира Умарова мудири Шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои саратони Маркази илмии ҷумҳурияви саратоншиносӣ, кӯдакони гирифтори саратон аз саросари кишвар бештар барои муолиҷа ба ин марказ меоянд.

Моҳира Умарова мегӯяд, пас аз гузаштан аз ташхиси вижа ба кӯдакони мубтали саратон имтиёзу кӯмакҳо пешбинӣ мешавад. Ҳамасола ба Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ аз будҷа 400 ҳазор сомонӣ (42,5 ҳазор доллар) барои табобати беморон ҷудо мешудааст.

Аммо дар маҷмӯъ, хароҷот барои табобати ин беморӣ, ки марҳилаи тӯлониро дар бар мегирад, аксаран ба дӯши волидайн аст, ки ба ҳар василаи мумкин талош мекунанд фарзандони худро наҷот диҳанд. Барои бархе аз онҳо дар ин самт созмонҳои хайриявӣ, аз ҷумла Бунёди хайриявии "Лона" кӯмак мекунад. Гурӯҳи дигар ҳам бо роҳандозии маъракаҳои хайриявӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум кӯмак мехоҳанд.

Мувофиқи маълумоте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, дар кишвар теъдоди кӯдакони гирифтори саратон ҳар севумин бар сари 100 ҳазор рост меояд. Сиҳатёбии онҳо аз дараҷаи беморӣ бастагӣ дорад.

Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар ин кишвар ҳам барои табобату ҷарроҳии гирифторони саратон аз равишҳое кор гирифта мешавад, ки мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Аммо бархе аз волидон барои табобату ҷарроҳии фарзандони мубтало ба саратони худ, кишварҳои хориҷро интихоб мекунанд.

Мисли волидони Парвиз, ки умед доранд бо дарёфти маблағи зарурӣ фарзандашон дар Маскав ҷарроҳӣ ва сиҳат мешавад. Парвиз, ҳам орзу дорад, ҳарчӣ зудтар омоси гарданаш нест шавад ва дар соли нави таҳсил ҳамроҳ бо ҳамсолонаш ба мактаб равад.

Эзоҳ: Бо ризоияти волидони Парвиз, шумораи корти бонкии онҳоро барои кӯмакрасонҳои эҳтимолӣ нашр мекунем.

Сбербанк Россия: 4817 7601 0018 9756

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG