Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқраи Осиёро ба Саидҷалол аз Тоҷикистон доданд


Саидҷалол Саидов бо пироҳани кабуд
Саидҷалол Саидов бо пироҳани кабуд

Саидов дар вазни зери 100 кило нахуст бар Чингизхон Шокиров аз Узбекистон ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар чорякфинал бар Динахмет Руссимбек аз Қазоқистон пирӯз шуд. Дар даври ниманиҳоӣ Иброҳим Маргиеви русиягиро шикаст дода, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик қувваозмоии ниҳоиро ба Виктор Демяненко аз Қазоқистон бохт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гардид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи Турар Жолдибоев, соҳибкори маъруфи қазоқ, ки ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дохил аст, 175 варзишгар (120 мард ва 55 зан) аз 11 кишвар – Гурҷистон, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг ва Эрон ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа даҳ варзишгар намояндагӣ кард. Давлаталӣ Назаралиев (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев, Шаҳзод Воҳидов (ҳарду – 66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Раҳматуллобек Фарҳодов, Мирозалӣ Рамазонов (ҳарсе – 73 кг), Ҳамроз Раҷабов (81 кг) ва Саидҷалол Саидов (100 кг) дар сабқати мардон рақобат намуданд.

Дар сабқати занон Тоҷикистонро ду нафар – Шукрона Қарчиева дар вазни зери 48 кило ва Фазилат Гулбоева дар вазни зери 52 кило – муаррифӣ карданд.

Ба ҷуз аз Саидҷалол Саидов, варзишгарони дигари тоҷик натавонистанд, ки дар ин мусобиқа медал ба даст биёранд. Натиҷаи нишондодаи Давлаталӣ Назаралиев, ки бо се пирӯзӣ мақоми панҷумро касб намуд, қобили қайд аст.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 16 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 10 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби панҷ медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гашт. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра ҷойи ҳафтумро ишғол намуд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Ҷоми бози Осиё ба хотираи Турар Жолдибоев дар раддабандии IJF имтиёзҳо дода шуд: ҷойи якум - 100 имтиёз, ҷойи дувум - 60 имтиёз, ҷойи севум - 40 имтиёз.

Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо ба хотираи Турар Жолдибоев

18 -19 июли соли 2019. Қазоқистон, Оқтов

Ғолибон ва ҷоизадорон

Мардон

60 кг
1. БЛИЕВ Аюб (Русия)
2. АБДУЛЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. НАЖАРОВ Яшар (Озарбойҷон)
3. НУРБОЕВ Бауржан (Қазоқистон)

66 кг
1. КУАНОВ Ессет (Қазоқистон)
2. ХУҶАСТӢ Алиризо (Эрон)
3. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
3. МАУЛЕНИН Абилкаир (Қазоқистон)

73 кг
1. ХОҶАЛИЕВ Аюб (Русия)
2. МУҲАММАДӢ Муҳаммад (Эрон)
3. БАРИШ Куан (Қазоқистон)
3. КИМ Сеюнггу (Кореяи Ҷанубӣ)

81 кг
1. ТЕПКАЕВ Турпал (Русия)
2. НИССОНАЛӢ Айбол (Қазоқистон)
3. БЕРЛИН Павел (Русия)
3. КИМ Юнхо (Кореяи Ҷанубӣ)

90 кг
1. БОЖА Юрий (Русия)
2. ДОНСОВ Роман (Русия)
3. МЕЛИЕВ Достон (Узбекистон)
3. ЗАКАРИЁЕВ Сунггат (Қазоқистон)

100 кг
1. ДЕМЯНЕНКО Виктор (Қазоқистон)
2. САИДОВ Саидҷалол (Тоҷикистон)
3. МАРГИЕВ Иброҳим (Русия)
3. ШАРХАН Нурлихан (Қазоқистон)

+100 кг
1. КАНГ Ҷинсу (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ҚАҲРАМОНОВ Шоҳин (Озарбойҷон)
3. ШАЛИМОВ Александр (Русия)
3. ЖАРИЛГАПОВ Нурдаулет (Қазоқистон)

Занон

48 кг
1. ПИЧКАЛЕВА Даря (Русия)
2. ЕСЕРКЕЕВА Марям (Русия)
3. БУЛГАКОВА Кристина (Русия)
3. ВОНГ Ка Ли (Ҳонгконг)

52 кг
1. КАЗЮЛИНА Анна (Қазоқистон)
2. ГРИБАНОВА Даря (Русия)
3. КИМ Юхён (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ВАСИЛЧЕНКО Виктория (Русия)

57 кг
1. ЛЕУНГ По Сам (Ҳонгконг)
2. БАЙДАК Виктория (Русия)
3. ЛОПЕЗ АГУИЛЕРА Анжелес (Испания)
3. НАГУЧЕВА Данна (Русия)

63 кг
1. БЕРДИБЕКОВА Иоанта (Қазоқистон)
2. КОЛЯДЕНКОВА Анастасия (Русия)
3. АЛМАЗ Гулжада (Қазоқистон)
3. МАТАТОВА Софя (Русия)

70 кг
1. ЗАДВОРОВА Ксения (Русия)
2. КАМОЛОВА Элвира (Русия)
3. БЕКТАСҚИЗӢ Зере (Қазоқистон)
3. МУНХБАТ Даваасурен (Муғулистон)

78 кг
1. БУКРЕЕВА Марина (Русия)
2. РАУФОВА Зарина (Қазоқистон)
3. ЛЯЛИНА Татяна (Русия)
3. ВОРОНИНА Светлана (Русия)

+78 кг
1. ПАРК Да-Еун (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ПИРОГОВА София (Русия)
3. МАРАТОВА Нозгул (Қазоқистон)
3. ТУРШАБЕК Нурганим (Қазоқистон)

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо ба хотираи Турар Жолдибоев, соҳибкори маъруфи қазоқ, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Оқтови Қазоқистон доир шуда буд, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Медали тиллоро Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило гирифт. Паҳлавони дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни зери 73 кило рақобат кард, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG