Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Ҷоми президенти Қазоқистон оид ба бокс маълум шуданд


Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон шоми шанбеи 20-уми июл дар шаҳри Нурсултон бо қувваозмоиҳои ниҳоӣ ба поён расид.

Ба иттилои сомонаи Prosports.kz дар Ҷоми президенти Қазоқистон 156 муштзан (123 мард ва 33 зан) аз 13 кишвар - Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин – ширкат дошт.

Мусобиқа аз рӯи ҳашт вазни олимпӣ миёни мардон ва панҷ вазни олимпӣ миёни занон сурат гирифт. Ғолибон дар ҳар як вазн бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2000 доллари ИМА сарфароз гардиданд. Барои ҷойи дуюм 1000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 500-долларӣ супурда шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт муштзан дохил буд:
Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон, Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг) ва Идимоҳ Холова (69 кг) миёни занон.

Ёдовар мешавем, ба ҷуз аз Баҳодур Усмонов, ки барандаи медали биринҷӣ гардид, варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон

Занон

51 кг

I Назим Кизайбай (Қазоқистон)

II Жайна Шекербекова (Қазоқистон)

III Ангелина Лукас (Қазоқистон), Жансая Абдраимова (Қазоқистон)

57 кг

I Даря Абрамова (Русия)

II Айжан Хоҷабекова(Қазоқистон)

III Ган Юанмэй (Чин), Аида Абикеева (Қазоқистон)

60 кг

I Римма Волосенко (Қазоқистон)

II Парвин (Ҳиндустон)

III Анастасия Селина (Русия), Карина Иброҳимова (Қазоқистон)

69 кг

I Дариға Шакимова (Қазоқистон)

II Ян Ли (Чин)

III Марина Волнова (Қазоқистон), Элмира Азизова (Русия)

75 кг

I Надежда Рябетс (Қазоқистон)

II Елена Гапешина (Русия)

III Чжен Лю (Чин), Бора Савити (Ҳиндустон)

Мардон

52 кг

I Сакен Бибосинов (Қазоқистон)

II Маҳмуд Собирхон(Қазоқистон)

III Фозилҷон Абдумуродов (Узбекистон), Олжас Бойниёзов (Қазоқистон)

57 кг

I Рустам Рустамов (Қазоқистон)

II Илёс Сулаймонов (Қазоқистон)

III Миразизбек Мирзохалилов (Узбекистон), Кайрат Ералиев (Қазоқистон)

63 кг

I Тапа Шива (Ҳиндустон)

II Зокир Сафиуллин (Қазоқистон)

III Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон), Арген Қодирбекуулу (Қирғизистон)

69 кг

I Аблайхон Жусупов (Қазоқистон)

II Талгат Шайкен (Қазоқистон)

III Фазлиддин Мелибоев (Узбекистон), Синг Неги Дуродхон (Ҳиндустон)

75 кг

I Турсунбой Қулаҳмад (Қазоқистон)

II Вадим Туков (Русия)

III Раҷаббой Отаназаров (Узбекистон), Одилҷон Аслонов (Узбекистон)

81 кг

I Ерик Алжанов (Қазоқистон)

II Бекзат Нурдаулетов (Қазоқистон)

III Акмалбек Қосимов (Узбекистон), Козимбек Мардонов (Узбекистон)

91 кг

I Василий Левит (Қазоқистон)

II Ойбек Оралбой (Қазоқистон)

III Абзал Қуттибеков (Қазоқистон), Ремула Абудурексити (Чин)

+91 кг

I Камшибек Конкабоев (Қазоқистон)

II Нурлан Сапарбой (Қазоқистон)

III Нурболат Сермаханов (Қазоқистон), Сергей Егоров (Русия)

XS
SM
MD
LG