Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик озод шуд


Акси Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вебсайти http://temurmalik.tj/raisi-nohiya/
Акси Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вебсайти http://temurmalik.tj/raisi-nohiya/

Рӯзи 22 июл бо фармонҳои президенти Тоҷикистон раисони 11 ноҳияву шаҳрҳои кишвар нав шуданд. Аз ҷумла, бар ивази Фатҳулло Ҳурматзода дар мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон Ҳилолбӣ Қурбонзода таъин шуд. Ҷаббори Ғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён озод ва ба ҷои ӯ Икромиддин Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия шуд. Дар Вахш ба ҷои Азизулло Шарбатулло Қурбоналӣ Юсупов, дар Ёвон ба ҷои Амирбеки Темур – Ҷамшед Саидзода, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба ҷои Фотеҳ Аминзода - Абдулҳафиз Одиназода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун шуд.

Инчунин дар ноҳияи Панҷ ба ҷои Маҳмадюнус Сайфуддинзода - Зарифхуҷа Шоҳиён, дар Ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ҷои Рамазон Оймаҳмадзода Ҷаббори Ғаффор, дар ноҳияи Носири Хусрав ба ҷои Нуриддин Садриддинзода – Даврон Нишонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин шуданд.

Дар ноҳияи Восеъ Мусо Ғафурзодаро Азизулло
Шарбатулло иваз кард. Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик озод шуда ба ҷои ӯ Фотеҳ Аминзода иҷрокунандаи ин мақом таъин шуд. Дар ноҳияи Сангвор ба ҷои Зарифхӯҷа Шоҳиён - Ғайрат Маҳмадшоҳ иҷрокунандаи раис таъин шуданд.

XS
SM
MD
LG