Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо


Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи даҳуми қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо (WT) миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 21-22-юми июл дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон - баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои сомонаи ma-regonline.com дар ин мусобиқаи қаҳрамонии қораи Осиё миёни навҷавонон 331 варзишгар аз 31 кишвар ширкат дошт. Онҳо аз рӯйи 20 дараҷаи вазнҳо (10 вазн миёни писарон ва 10 вазн миёни духтарон) рақобат карданд.

Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар вазни зери 73 кило баъди ду пирӯзӣ бар Абдулмуҳсин Алалӣ аз Кувайт ва Рашид Сарварӣ аз Афғонистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар нимфинал аз Амирҳусейн Баҳрабодии эронӣ, ки дар ин вазн ғолиб шуд, шикаст хӯрд ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Медали дигари биринҷиро Абдураҳмон Марипови қазоқистонӣ соҳиб шуд. Медали нуқра дар вазни зери 73 кило насиби Си-Вон Ли аз Кореяи Ҷанубӣ гардид.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Лутфулло Алишон дар вазни зери 68 кило ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов дар вазни зери 55 кило - дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Варзишгарони 16 кишвар бо медалҳои қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо (WT) миёни навҷавонон мукофотонида шуданд. Аз он ҷумла намояндагони 6 кишвар – Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Урдун, Узбекистон ва Тайпейи Чин – бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Эрон бо касби 17 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 14 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Чин бо касби 6 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон бо касби 7 медал ((2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи панҷум, Қазоқистон бо касби 4 медали биринҷӣ ҷойи ҳафтум, Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ ҷойи сездаҳумро ишғол карданд. Варзишгарони Қирғизистон медал ба даст наоварданд. Вале намояндагони Туркманистон дар ин мусобиқа иштирок накарданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG